• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/​Наслҳои МЭҲ (Мошинҳои электронии ҳисоббарор ) / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

​Наслҳои МЭҲ (Мошинҳои электронии ҳисоббарор ) / Реферат

676 нафар дид 4

Муаллиф: Донишхона
06.01.2024

​Наслҳои МЭҲ (Мошинҳои электронии ҳисоббарор)

Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд зиёд шудани миқдори компютерҳо, худи онҳо низ зуд мукаммал гардонида мешуданд. Мошинҳои электронии ҳисоббарорро вобаста аз базаи элементӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира, маҷмӯи командаҳо ва архитектураашон ба наслҳо ҷудо мекунанд. Компютерҳои мавҷударо шартан ба чор насл чудо мекунанд. Имрӯзҳо барои сохтани компютерҳои насли панҷум низ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Чӣ хеле ки қайд карда шуд, ба наслҳо ҷудокунии мошинҳои электронии ҳисоббарор амали хеле шартӣ аст. Масалан, компютер метавонад, ки аз рӯи базаи элементиаш ба як наслу аз рӯи хосиятҳои сохторӣ ва имконияҳояш ба насли дигар дахл дошта бошад. Ба характеристикаҳои аз ҳама асосии МЭҲ зудкорӣ ва ҳаҷми хоти­раи фаврӣ дохил мешаванд. Зудкорӣ – бо миқдори миёнаи амалҳои мошинии дар як сония иҷрошаванда баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ – бо микдори калимаҳои мошинӣ (тақрибан 32 разряди дуӣ) чен карда мешавад. Ҳоло ба таври мухтасар дар бораи наслҳои МЭҲ маълумот медиҳем:

НАСЛИ ЯКУМ (солҳои 40-50). Базаи элементҳои лампаҳои электронӣ, зудкорӣ – тақрибан 100 амал/с, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 100 калима, реҷаи истифодабарӣ – монополӣ: зазираҳои мошинӣ (хотира, таъминоти барномаеровӣ ва таҷҳизотии компютер) ва идоракунии он дар ихтихри як шахс, навишти барномаеро – забони мошинӣ (коди дуӣ).

НАСЛИ ДУЮМ (солҳои 50-60). Базаи элементй – тран­зисторҳо, зудкорӣ – тақрибан 10 000 амал/с, ҳаҷми хоти­раи фаврӣ – тақрибан 10 000 калима, ҳаҷми хотираи берунӣ (дискҳо ва лентаҳои магнитӣ) – тақрибан 10 млн. калима, реҷаи истифодабарӣ – коркарди пакетӣ, навиш­ти барномаеро – забонҳои алгоритмӣ.

НАСЛИ СЕЮМ (солҳои 60-70). Базаи элементӣ – схемаҳои интегралии калон, зудкорӣ – тақрибан 10 млн. амал/с, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн. калима, ҳаҷми хотираи берунӣ – тақрибан 10 млрд. калима, усули истифодабарӣ – реҷаи вақти тақсимкардашуда бо коркарди пакетӣ.

ЭЗОҲ: Реҷаи вақти тақсимкардашуда, гуфта реҷаеро мегӯянд, ки мувофиқи он компютер дар як вақт аз рӯи порсияҳо (ҳиссаҳои муайяни вақти хеле хурд) дар ҳалли якчанд масъалаҳо иштирок менамояд.

НАСЛИ ЧОРУМ (аз солҳои 70-ум). Базаи элементӣ схемаҳои интегралии аз ҳад калон. Хусусияти фарқкунандаи мошинҳои ин насл – миқдори хеле зиёди таҷҳизоти коркарди информатсияи ба таври параллелӣ коркунанда ва мавҷуд будани элементҳои архитектураи нави МЭҲ, дар се насли аввалаи МЭҲ асосан архитек­тураи анъанавии Фон Нейман истифода бурда шуда буданд. Дар сохтори компютерҳои ин насл алоқаи зичи кисмҳои техникӣ ва барномавӣ ҷорӣ карда шуд. Зудкорӣ – тақрибан як млрд. амал/с, хаҷми хотираи фаврӣ –тақрибан 10 млрд. калима. Усули кор – истифодабарии шаклҳои шабакавӣ ва алоҳидаи компютерҳо.

НАСЛИ ПАНҶУМ. Лоиҳаҳои мошинҳои ин насл дар зинаи амалишавӣ мебошанд. Вале аллакай аз ин лоиҳаҳо ва нусхаҳои таҷрибавии компютерҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин ҷо зудкорӣ бо хулосабарориҳои мантиқӣ омехта гардонида мешаванд. Усули истифодабарии диалоги байни истифодабаранда ва МЭҲ бо забони муқаррарии одам, фанни барномасозӣ дар оянда барои истифодабарандагони МЭҲ аҳамияти актуалиӣ худро гум мекунад. Дониши дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон гумкардашуда, дар хотираи компютер дар шакли базаи донишҳо ва маълумотҳо нигоҳ дошта мешавад. Саҳми коғаз ҳамчун барандаи ииформатсия хеле коҳиш меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки тараққиёти бошиддати техникаи ҳисоббарорро синфи масъалаҳое муайян месозанд, ки онҳоро илми муосир пешниҳод намудааст. Компютер низ, дар навбати худ, ба соҳаҳои тадбиқи худ таъсири бевосита мерасонад. Техникаи кайҳонӣ, энергетикаи атомӣ, лоиҳакашии объектҳои мукаммалтарини базаи информатсияро бе истифодабарии компютер тасаввур кардан амри маҳол аст. Амалан майдони тад­биқи компютер ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсон буда, он доимо такмил ва фаррох мегардад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

4 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов