Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ
Тавре ки дар мавзӯъҳои гузашта зикр шуд, қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон Конститутсияи худро доранд ва дар он хусусиятҳои давлатдории миллии онҳо дарҷ шудаанд, зеро Конститутсия ба инъикоси воқеияти давлатдории миллӣ нигаронида шуда, давлатро ташаккул медиҳад. Давлат, дар навбати худ, Конститутсияро ба вуҷуд оварда, мазмуну ҳудуди амали онро муқаррар месозад.
Конститутсия бартараф кардани ихтилофотро дар ҷомеа танзим менамояд, ташкил ва раванди ташаккули ягонагии сиёси ва фаъолияти давлатиро ба тартиб меандозад. Конститутсия пояи асосии усулҳои муайянкунандаи ҳаёти ҷомеа буда, тавассути фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ, таъмини риояи ҳатмии муқаррароти конститутсионӣ ва амалисозии назорати ҳокимияти давлатӣ мекӯшад, ки суиистифодаро аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ пешгирӣ намояд. Ба ибораи дигар гӯем, давлат тобеи Конститутсия мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали ташаккули пояҳои Истиқлолияти давлатӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани конститутсия дар низоми таърихи давлатдории миллӣ саҳифаи навро оғоз намуд ва дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён оварда, самти ташаккули иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии давлатро муайян кард.
Мавриди зикр аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар доираи Конститутсия ба расмият дароварда шуд, ки ин дар самти бунёди давлатдории миллӣ меъёри марказӣ ва муҳим эътироф мегардад. Бинобар ин, раванди рушди конститутсионӣ баъди қабули конститутсияи нав бори дигар исбот намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон наметавонад берун аз конститутсия орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Зиёда аз ин, кулли дигаргуниҳое, ки дар солҳои минбаъдаи тараққиёт ва ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омаданд, наметавонистанд бидуни конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионие, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 гузаронида шуданд, рӯйи кор оянд.
Конститутсия вобаста ба хислати худ ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафт ва рушди Тоҷикистонро барои имрӯзу ояндаи кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат муайян менамояд. Яъне ҳама гуна конститутсия барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо қабул мегардад. Конститутсия вобаста ба мазмуни мантиқии худ бо як марҳалаи нави таърихии инкишофи ҷамъият ва давлат алоқаманд буда, ба таъсиси давлати шаклан нав асос мегузорад.
Нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд. Конститутсия дар як давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт.
Дигар ин, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Маҳз тавассути Конститутсия рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсй ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.
Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина ҳаракати давлат ба роҳи бунёди давлатдории навин равона гардид. Бинобар ин, дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷамъият дар асоси эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид. Пойдории адолати иҷтимоӣ мақсад ва мароми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Дар асоси Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуморида, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумӯи онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт.
Нақши дигари Конститутсия дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар он унсурҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ, ба монанди ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва ғайра дарҷ гардида, муносибати байниҳамдигарии давлат, мақомоти давлатӣ ва ҷамъият ба вуҷуд оварда шуд.
Конститутсия, ҳамчунин, ба ҳайси қонуни асосии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятиро муайян намуд, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим кард, Конститутсияи мо дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои эътирофшудаи инсон, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳукукӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф шуд.
Конститутсия халқи Тоҷикистонро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати эътироф намуд. Тибқи моддаи 6-уми Конститутсия шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Муқаррароти муҳимми Конститутсия дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чунин меъёр бо мақсади танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар гардида, барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усулҳои ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.
Нақши дигари Конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ дар он ифода меёбад, ки он Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуд. Меъёри мазкур барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшид.
Мардуми Тоҷикистон марҳалаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Конститутсия аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқаррар намуд.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия иқтисоди кишвар рушду такомул ёфта, кишвари мо ба як марҳалаи тозаи тараққиёти устувори хеш қадам гузошта, се ҳадафи аслии дурнамои рушди Тоҷикистон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз буибасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ имрӯз дар сатҳи зарурӣ ба амал татбиқ мешавад.
Аз қабули Конститутсия то имрӯз давраи муайяни таърихӣ паси сар гардида, тамоми рукнҳои давлатдорӣ дар сатҳи зарурӣ ташаккул ва тақвият ёфтанд ва ин ҳуҷҷати муҳимми ҳуқуқӣ дар шароити муосир вазъи воқеии пешрафти давлат ва самтҳои ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро инъикос менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди давлати демократӣ замина гузошта, хусусиятҳои хоси худро доро мебошад, чунончи:
Якум, ин аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки тибқи он орзуву омоли гузаштагони мо ҷомаи амал пӯшид, зеро барои расидан ба истиқлоли комил халқи мо роҳи тӯлонии таърихиро паси сар намудааст.
Дуюм, ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ аввалин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд ва бо умеди бунёди ҷомеаи адолатпарвар тавассути баргузории раъйпурсӣ қабул ва эълон гардидааст.
Сеюм, дар Конститутсия давлати-демокративу дуняви ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, дар заминаи он принсипҳои демократи, ба монанди эътирофи халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати, иштироки озодонаи ҳар шахс дар идоракунии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёси ва дигар падидаҳои нодири демократӣ таҷассуми худро пайдо намудаанд.
Чорум, бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷики шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2009 дар таҳрири нав қабул карда шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуда, мақоми махсуси ваколатдор дар ин соҳа — Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Панҷум, дар Қонуни асосии кишвар меъёри муҳим, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ (мод. 5) дарҷ гардидааст, ки ин меъёри умумипазируфташудаи ҷомеаи башарӣ ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки имрӯз таърихи зиёда аз шастсола дорад, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ такя мекунад.
Ҳамзамон бо ин, дар Конститутсия меъёрҳое инъикос шудаанд, ки ҳанӯз зиёда аз дуюним ҳазор сол қабл дар Эъломияи Куруши Кабир дарҷ ёфта буданд, масалан, дар хусуси ҳуқуқ ба озодии виҷдон. Дар ин замина имрӯз дар Конститутсия (мод. 5) ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд (мод. 26), ки меъёри мазкур ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда, барои инкишофи озодонаи инсон шароити мусоид фароҳам меорад.
Шашум, дар Конститутсия аввалин маротиба шакли идораи ҷумҳурии президентӣ якдилона пешбинӣ карда шуд ва интихоби ин шакли идоракунӣ дар тӯли даврони соҳибистиқлолии мамлакат борҳо собит сохт, ки он ҷавобгӯйи мақсаду мароми халқи кишвар буда, пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи ғояву ақидаҳои миллӣ ва ҳифзкунандаи арзишҳову дастовардҳои мардумӣ мебошад.
Ҳафтум, дар сатҳи Конститутсия амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзия он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суди муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздори ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Ҳаштум, тибқи Конститутсияи кишвар (мод. 12) асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкори, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар шароити муосир, бинобар дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан, моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар асоси рақобати озод ва ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат кард.
Нуҳум, тибқи Конститутсия аввалин маротиба соли 1999 дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ (боби 3, мод.48-63) таъсис ёфта, ба инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллии мо ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон мусоидат намуд.
Таъсиси парламенти думаҷлиса — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътимод гузошт ва тавре ки мебинем раванди қонунэҷодкунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бомаром амалӣ мегардад. Имрӯз дар кишвар зиёда аз сесаду панҷоҳ қонун ва бисту як кодекси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, ки муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро ба танзим медароранд, амал намуда, тибқи Конститутсияи кишвар заминаи боэътимоди ҳуқуқии давлати миллии мо мебошанд.
Даҳум, дигар падидаи нав, ки дар Конститутсия (мод. 78) инъикоси худро пайдо намудааст, дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ кишвар ба монанди шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд буданӣ мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад.
Ниҳоди мазкур яке аз нишондиҳандаи муҳимми демократияи муосир дар кишвар маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо дарназардошти маифиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолй таъмин менамояд.
Дар Конститутсияи кишвар, инчунин, дигар падидаҳое низ инъикос ёфтаанд, ки бори аввал бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҷомеаи Тоҷикистон, бо умеди ояндаи неку дурахшони миллати тоҷик инъикоси худро пайдо намуданд ва исботи яке аз беҳтарин конститутсияҳо будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.