Нақши Бонки марказӣ дар танзими низоми пулию қарзии мамлакат
Дар низоми бонкии ҳар як давлат бонки марказӣ нақши муҳимро мебозад. Аз фаъолияти босамари он рушди устувори иқтисодиёти мил лӣ ва соҳаи бонкӣ вобастагии калон дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бонки марказиро Бонки миллии Тоҷикистон иҷро мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон соли 1991 дар заминаи шуъбаи Бонки дав латии ИҶШС дар Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар аввал Бонки мил лии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт, сипас соли 1996 дар асоси қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба Бонки миллии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Дар бештари мамлакатҳои ҷаҳон Бонки марказӣ (эмиссионӣ) панҷ вазифаи асосиро иҷро мекунад:
– бо супориши давлат пулҳои нақд мебарорад (эмиссия);
– чун «бонки бонкҳо» фаъолият менамояд, яъне захираҳои пулии бонк- ҳои тиҷоратиро маҳфуз нигоҳ медорад ва ба онҳо дар мавриди зарурӣ қарз (чун қарздиҳандаи сатҳи аз ҳама боло) медиҳад, ҳамчунин аз номи давлат фаъолияти онҳоро назорат мебарад;
– қоғазҳои қиматноки давлатиро (вомбаргҳои давлатӣ ва ғайра) дар биржаҳои фондӣ ҷойгир месозад, дар мавриди зарурат ба ҳукумат қарз медиҳад, барои ҳукумат ва ҳамаи ташкилотҳои давлатӣ амалиёти ҳисо- биро ба ҷо меорад, захираҳои давлатиро дар шакли металҳои қиматбаҳо ва асъори озод амалкунанда маҳфуз медорад, нақши бонкдории ҳукуматро иҷро мекунад;
– ташкилотчии асосии муомилоти ғайринақдии пул дар мамлакат ба шумор рафта, ба бонкҳои тиҷоратии мамлакат ҷиҳати ҳисобӣ кардан дар амалиёти байни худ ва аз рӯи супоришҳои мизоҷонашон ёрӣ мерасонад;
– сиёсати пулӣ – қарзии давлатро таҳия карда, амалиёти пулӣ – қар- зиро ба танзим медарорад ва аз болои бонкҳои тиҷоратии дар мамлакат амалкунанда доир ба он ки то чӣ андоза қонунҳоро риоя мекунанд, назорат мебарад.
ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТӢ ташкилоти давлатиест, ки пардох ти воситаҳои пулии аз ҷониби идораҳои давлатӣ харҷшавандаро ташкил дода, воситаҳои пулиеро, ки ба даромади давлат дохил мешаванд, қабул мекунад.
Мақсадҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар расми 6.3 оварда шудаанд, яъне Бонки миллӣ дар ҷумҳурӣ дар қатори вази фаҳои дар боло номбаршуда бояд вазифаҳои зеринро низ иҷро кунад:
– ҳифз ва таъмини устувории қурби пули миллӣ (сомонӣ);
– рушд ва таҳкимбахшии низоми бонкӣ;
– таъмини фаъолияти пурсамар ва бефосилаи низоми пардохтӣ.
Бояд қайд кард, ки бонкҳои марказӣ дар ҳама гуна мамлакатҳо чи ба шаҳрвандон ва чи ба ширкатҳо хизмат намерасонанд, онҳо фаъолияти тиҷоратии хешро пеш бурда, ҳатто фоида ба даст меоранд. Ин эҳтимол аз он ҳисоб бошад, ки Бонки марказӣ бо иҷрои амалҳои зерин дарома ди фоизӣ мегирад: аз ҳисоби захираҳои озоди худ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад; ҳангоми табодули захираҳои тиллоию асъории кишвари худ ба қоғазҳои қиматноки кишварҳои хориҷӣ амалиёти хариду фурӯши коғазҳои қиматнокро мегузаронад; дар бозори асъорӣ бо хариду фурӯши асъор машғул мешавад.
Бонки марказӣ (миллӣ) воқеан ҳам, ҷузъи асосии дастгоҳи давлатии идоракунии иқтисодиёт мебошад. Он, дар ҳақиқат, як қисми вазифаҳои давлатиро оид ба идоракунии иқтисодиёт ба дӯш дорад. Вазифаҳои асо сии он дар ин самт инҳоянд: назорат аз болои таъсисёбӣ ва фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ. Ҳадаф аз ин назорат мусоидат кардан ба дастгирии эътидоли низоми бонкӣ ва боздории бонкҳо аз амалиёти воқеан хеле хавф- нок мебошад; муайян кардани қоидаҳои амалиёти пулӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ. Дар Тоҷикистон маҳз Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ, инчунин ҳудудҳои истифодаи онҳоро дар фаъолия- ти хориҷӣ муайян менамояд; танзими додани қарз ба бонкҳои тиҷоратӣ; гузаронидани чорабиниҳои мусоидаткунанда ҷиҳати паст кардани суръа- ти беқурбшавии пули миллӣ.