Нақш ва мақоми давлат дар танзими давлатии иқтисодиёт ва ташаккули даромадҳо
Сабабҳое, ки давлатро барои амалигардонии танзими давлатӣ ва сиёсати ҷорӣ водор месозанд, гуногун мебошанд.
Тағйирёбии фаъолнокии иқтисодӣ дар низоми иқтисодӣ ҳодисаи муқаррарӣ ва қонунӣ мебошад. Ба монанди дигар равандҳо дар иқтисо диёт, ноустувории ҷараёни инкишоф ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии худро 114
дорад. Ҷихати мусбӣ бо он алоқаманд аст, ки бо шарофати тағйирёбии вазъият, зинаҳои нисбатан суст ва ғайрисамараноки иқтисодиёт дарёфт ва бартараф карда мешаванд.
Таърихан иқтисодиётро тибқи ду усул: усули ғайридавлатӣ, яъне бозорӣ ва давлатӣ танзим мекунанд. Танзими ғайридавлатӣ аз ҷониби субъектҳо ва агентҳои алоҳидаи иқтисодӣ – ширкатҳо ва фирмаҳо пе ромуни тақсими бозори фурӯш ва ташаккули нархҳо, ҳавзаи тиҷорат, биржаҳои молию пулӣ, савдои яклухт ва чакана, намоишгоҳҳо, низоми итилоотӣ, асъор ба роҳ монда мешавад.
Ин тарз ва усули танзим ҳамаҷониба иқтисоди миллиро фаро гириф та наметавонад. Бинобар ин танзими комили иқтисодиёт аз тарафи дав лат ба роҳ монда мешавад.
Танзими давлатии иқтисод маҷмӯи тадбир ва меъёрҳои муайяни қонунгузорӣ, иҷроия ва назоратие мебошад, ки ба мақсади истиқрори иқтисод ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ нигаронида шудааст. Он ҳамчун ҷузъи муҳимтарини макроиқтисод, алалхусус, такрористеҳ соли ҷамъиятӣ сурат гирифта, ба мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисод, танзими шуғл, дастгирии афзоиш, пешгирии таназзули иқтисод ва бартараф намудани нобаробариҳои иқтисодӣ истифода карда меша вад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки танзими давлатии иқти сод вобаста аз шароитҳои таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ, захираҳои мо лию пулӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таҷрибаи хоҷагидорӣ ҳархела сурат мегирад.
Дар олами муосири иқтисод чунин усулҳои танзими давлатӣ беш тар истифода карда мешаванд: ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, мустақим ва ғайримустақим.
Аз расми 13.2 аён мегардад, ки дар сатҳи макроиқтисод тарзу услуб, фишанг ва нишондиҳандаҳои зиёди танзими иқтисод истифода карда ме шаванд. Фишанг ва нишондиҳандаҳои танзими иқтисод низ дар алоҳи дагӣ методи куллан фарогиранда нестанд. Агар дар яке аз бахш ё худ риштаи иқтисод манфиати онҳо бештар бошад, шояд дар дигар нуқтаи он фоиданокиашон камтар бошад. Аз ин нигоҳ давлат ҳангоми муайян кардани сиёсати пулию қарзӣ, бонкӣ, хазинадорӣ, асъор, иҷтимоӣ, бу рунмарзӣ имкониятҳои беҳтарин ва мусоидаттарини онҳоро дарёфт на муда, тибқи захираҳои иқтисодӣ ва ҳаллу фасли вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ онҳоро истифода мебарад.
Нақши дигари асосии давлат дар замони ҳозира танзими роҳҳои ги рифтани даромад мебошад: ситонидани андоз аз аҳолӣ ва корхонаҳо; да- ромад аз фаъолияти берунии иқтисодӣ; даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ; кулли дигар даромадҳо аз соҳаҳо.
Роҳҳои дар боло номбаршуда ба давлат имкон медиҳанд, ки вай соҳиби маблағҳои муайян гардида, даромади буҷети худро таъмин на мояд. Ва дар маҷмӯъ ин ба молияи давлатӣ мубаддал гардида, қисми хароҷотро низ ташкил медиҳад, ки тавассути он давлат маблағҳои гир довардашударо бо мақсадҳои муайян масраф менамояд: хароҷоти ни- гоҳдории сохторҳои давлатӣ; хароҷоти мудофиаю ҳифзи ҳуқуқ; чораҳои иҷтимоию фарҳангии сокинон; хароҷоту кумакҳои дастгирии иқтисод; хароҷоти ҳифзи муҳити зист; ширкат дар фондҳову чорабиниҳои байнал- миллалӣ; харидани молҳову хизматрасониҳо ва ғайраҳо.
Инчунин дигар хароҷоти давлатӣ вуҷуд доранд, ки дар ин ҷо мо онҳоро пурра оварда наметавонем. Бинобар ин дар мавзӯъҳои дигар ин масъалаҳоро таҳлил хоҳем кард.