• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ / Реферат

17 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
03.01.2024

Нақш ва мақоми химия дар ҷамъияти инсонӣ

Вақте сухан дар бораи нақшу мақоми химия ва саноати химиявӣ меравад, ҳар як инсони ҳамзамони мо, новобаста аз он, ки оид ба ин соҳа маълумоти илмии кофӣ дорад ё надорад, албатта чанд сухане гуфта метавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ғайриимкон аст. Вале дар айни замон истифодаи онҳо ба ифлосшавии обу ҳаво, замин ва маҳсулоти ҳосилшуда сабаб гардиданд. Аз ин рӯ, маҳсулотҳое, ки бе истифода аз маводи химиявӣ ҳосил шудаанд, талабот ва арзиши бештар доранд. Ҳатто ибораи «маҳсулоти аз назари экологӣ тоза» пайдо шудааст. Дар саноат истифодаи моддаҳои нави химиявӣ иқтидори истеҳсолиро ғанитар гардонид. Вале ин дастовардҳо низ ба оқибатҳои нохуши экологӣ оварданд, зеро аксарияти моддаҳои нави химиявӣ дар муҳити табиӣ ҳалнашаванда буда, муҳитро ифлос намуданд.

Имрӯз химия дар саноати хӯрокворӣ ва маҳсулоти рӯзгору хоҷагидорӣ низ татбиқи васеъ пайдо кардааст, вале дар ин самт ҳам оқибатҳои манфии экологӣ мушоҳида карда мешаванд.

Манбаи асосии ифлоскунандаи табиат корхонаҳои металгудозии сиёҳ ва ранга, нерӯгоҳҳои барқии гармӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сӯзондани пасмондаю хокрӯба ва ҳоказо мебошанд. Ҳамасола ба муҳити атроф тақрибан 20 миллиард тонна гази карбонат (СО2), 300 миллион тонна гази карбон (СО), 50 миллион тонна оксидҳои нитроген (NO, NO2), 150 миллион тонна дуоксиди сулфур SO2 ва газҳои дигари зараровар, 400 миллион тонна дудаю чангу хокистар партофта мешавад. Ин рақамҳо аз сол ба сол

Тамоюли зиёдшавӣ доранд. Танҳо як мисол: гази карбонат нури офтобро пурра мегузаронад, вале гармии Заминро нигоҳ медорад. Дар натиҷа ҳодисаи «эффекти гармхона» ба вуҷуд меояд. Бино бар он зиёд шудани миқдори СО2 дар атмосфера сабаби гармшавии иқлим гардида ба обшавии яхҳои қутбҳои Замин ва пиряхҳои кӯҳистон мусоидат мекунад, ки оқибатҳои бади экологӣ дорад.

Миқёси ифлосшавии муҳити табиӣ ба он дараҷа калон аст, ки просесҳои табиии метаболизм ва имкониятҳои ҳалкунии атмосфераи Замин ба таъсири зараровари фаъолияти истеҳсолии инсон муқовимат карда наметавонад. Дар натиҷа қобилияти худтанзимкунии биосфера, ки дар тӯли миллион солҳо дар ҷараёни эволютсия соҳиб шудааст, бебозгашт рӯ ба таназзул овардааст. Агар ин просесс боздошта нашавад, биосфера ва дар радифи он инсоният оқибати маҳвшавӣ дорад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов