• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ваиттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ваиттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

22 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
13.02.2024

Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ваиттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлати, аз ҷумла Парламент ва мақомоти судӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Алоқаи Ҳукумат бо Мачлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар фаъолияти қонунгузорӣ иштирок мекунад, яъне аз хукуқи ташаббуси қонунгузорӣ бархурдор аст. Ин ҳукуқ дар чунин шаклҳо амалӣ мешавад: яқум, пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нав; дуюм, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷорӣ; сеюм, пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро таклифи қонунгузорӣ низ меноманд.

Инчунин, аъзои Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои якҷояи Мачлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҷаласаҳои алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо иштирок кунанд ва суханронӣ намоянд.

Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Миёни ин ду шохаи ҳокимият нигоҳи талаботи давлати демократӣ набояд ҳеҷ гуна дахолат ва таъсиррасони вуҷуд дошта бошад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ низ танҳо дар асоси қонунҳо бо Ҳукумат ҳамкорӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шудаанд ва чунонки воқеияти имрӯзаи иҷтимоию сиёсии кишварамон гувоҳи медиҳад, инкишофи озодонаи ҳар гуна иттиҳодияҳои шаҳрвандон, муассисаҳои ғайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои ҷамъияти, маҳфилҳои касбӣ ва ассотсиатсияҳо танҳо ба манфиати пешрафти мамлакат хизмат мекунад Иттиҳодияҳои ҷамъияти ҳуқуқи комил доранд, ки дар асоси қонун ба фаъолияти Ҳукумат таъсир расонида, ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои фаъолияти он мусоидат кунанд. Ин гуна ҳамкори дар шакли пешниҳодоти гуногун ба мақомоти ҳокимияти иҷроия сурат мегирад.

Саволҳо:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом шохаи ҳокимияти давлати дохил мешавад?

2. Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро кадом мақомот ҳуқуқи таъйин кардан дорад?

3. Ваколатҳои Ҳукуматро тибқи Конститутсия номбар намоед.

4. Мувофиқи қонун аъзои Ҳукумат кадом амалҳоро иҷро карда наметавонанд?

5. Сохтори Ҳукумат чӣ гуна аст?

6. Нақши Раёсати Ҳукумат дар сохтори Ҳукумат чӣ тавр аст?

7. Ваколатҳои Сарвазирро номбар намоед.

8. Фаъолияти Ҳукуматро ғайр аз Конститутсия боз кадом қонун ба

9. танзим медарорад?

10. Салоҳияти Ҳукумат кадом соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро мегирад?

11. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумат чӣ гуна сурат мегирад?

12. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат кадом аст?

13. Санадҳои Ҳукуматро номбар кунед.

14. Муносибати Ҳукуматро бо дигар шохаҳои ҳокимият шарҳ диҳед.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов