• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав / Иншо

56 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав

Нақша:

Муқаддима

1. Мазмуни ашъори шоир

2. Ҳаёти мухтасари шоир

Хулоса

Носири Хусрав дар баробари шоир буданаш дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун ҳакими донишманд, донандаи хуби сарфу наҳви арабӣ, илоҳиётшиноси машҳур ва риёзидони беҳтарин ном баровардааст. Ў соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд ёфтааст. Баъд аз таҳсили илм, дар синни 26- солагӣ ба даргоҳи Ғазнавиён роҳ ёфта, дар назди Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ хизмати давлатиро анҷом медодааст. Дар дастгоҳи давлатӣ нуфузи назаррасе доштааст. Аслу насаби шоир аз рўйи гуфтаи худи ў аз озодагон, яъне аз ашрофони заминдор будаанд. Шоир сафарҳои дурударозеро анҷом додааст. Баъди ҳамаи ин сафарҳо ба дараҷаи «Ҳуҷҷат», ки яке аз мансабҳои баланди мазҳаби исмоилиён буд, мушарраф гардидааст. Ҳакими бузург баъди ин ҳама сафарҳо ба шаҳри Балх баргашта, қариб 8 сол ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои Исмоилиён шуғл варзидааст. Носири Хисрав то охири умри худ дар мавзеи Юмгондараи Бадахшон зиста, соли 1088 вафот кардааст.

Эҷодиёти шоир доманадор буда, осори зиёдеро дар бар мегирад. Аз асарҳои шоир  то замони мо «Саодатнома», «Рўшноинома», «Сафарнома» расидааст. Ба ғайр аз ин шоир соҳиби «Девон» низ будааст, ки аз қасидаву ғазал иборат будааст. Шоир дар ғазалҳои худ мавзўъҳои чигунагии табиат, моҳияти олам, тақдири инсон ва ихтилофҳои замонаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ин хотир шоир бо парвардигори оламу одамиён баҳс намуда, ҳамаи ин бесарусомониҳоро аз ў медонад:

Ниҳоли фитна дар дилҳо ту киштӣ,

Дар оғози халоиқ офаридан.

Дар ҳақиқат Носири Хусрав ҷўяндаи ҳақиқат будааст. Дар ашъори шоир тасвири касбу ҳунар дар ҷои аввал меистад. Санъатварону косибону ҳунармандонро хушбахттарин инсонҳо мешуморад:

Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест,

Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест.

Ба рўз андар пайи сомони хеш аст,

Чу шаб дар хона шуд, султони хеш аст.

Дар ашъори хеш шоир мақому манзалати аҳли кишоварзон, яъне деҳқононро хеле баланд бардошта, тамоми хуррамию ободии кишварро аз файзу баракати деҳқон медонад:

Беҳ аз санои олам деҳқон аст,

Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.

Аз меҳнати ҳалоли деҳқон ҳама истифода мекунанд. Офаридгору халқи заҳматкаш ва ҳатто шоҳони замон ба ў мўҳтоҷанд:

Сари сонеъ ба гардун бас фароз аст,

Салотинро ба саноон ниёз аст.

Ин ҳама санъату ҳунари деҳқони асилу заҳматкаш аст, ки кишвар гул- гул мешукуфад:

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ў гаҳ зар, гоҳе бўстон аст.

Аз файзу баракати меҳнати софдилонаи деҳқони заҳматкаш ҳатто паррандагону чаррандагон ризқу рўзии хешро дармеёбанд:

Ба роҳат аз даҳоқин мурғу мўранд,

Ҳамон гар одамию гар сутуранд.

Шоир таъкид менамояд, ки дасти деҳқон гул аст. Сарчашмаи ҳамаи ин ризқу рўзиҳо мардони кор мебошанд:

Ба кор андар ҳама мардони коранд,

Арақ резанду кути халқ коранд,

Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,

Чароғи дилфурўзӣ дар даҳ ангушт.

Ба ғайр аз ин шоир панду андарзҳои зиёде дорад, ки дар онҳо саховат, шуҷоат, ҷавонмардӣ ва дигар хусусиятҳои неки инсонӣ васфу ситоиш карда мешаванд. Носири Хусрав ҷавонмардиро далели хушбахтиҳо маҳсуб медонад:

Ҷавонмардӣ саодатро далел аст,

Зи ҳар кас ин сифат н-ояд бахил аст.

Ҳангоми пирию барҷомондагӣ хизмати падару модарро барои фарзандон воҷибу зарур медонад:

Ба пирӣ хидмати модар-падар кун,

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.

Илму донишро волотарин фазилати инсон мешуморад. Хирадро аз зар боло медонад:

Хирад беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ,

Ки дар зар кас набинад ҳушёрӣ.

Ҳалимӣ ва меҳрубониву илму донишро ҳамчун камолу ҷамоли инсонӣ тарғиб менамояд:

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад.

Камоли одамӣ дар илм бошад.

Дар охир гуфтан лозим аст, ки забони шеъру гуфтори шоир ниҳоят сода ва ҷолиби дикқат аст. Ў аз забони зиндаи халқ, аз ҳадисҳои пайғамбар ва оёти Қуръонӣ низ фаровон истифода намудааст, ки илму дониши фарох доштани ўро нишон медиҳад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов