• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав / Иншо

14 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
09.01.2022

Мавзӯъ: Мундариҷаи ғоявии ашъори Носири Хусрав

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Носири Хусрав
  2. Мазмуни асосии ашъори шоир

а)        тавсифи деҳқоион;

б)        васфи ҷавонмардӣ;

в)         таърифи илму хирад

Хулоса

Носири Хусрав дар баробари шоир буданаш дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун ҳакими донишманд, донандаи хуби сарфу наҳви арабӣ, илоҳиётшиноси машҳур ва риёзидони бсҳтарин ном баровардааст. У соли 1004 дар шаҳри Қубодиён тнваллуд ёфтааст. Баъд аз таҳсили илм, дар синни 26- солагй ба даргоҳи Ғазнавиён роҳ ёфта, дар назди Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавй хизмати давлатиро анҷом медодааст. Дар дастгоҳи давлатй нуфузи назаррасе доштааст. Аслу насаби шоир, аз рӯйи гуфтаи худи ӯ, аз озодагон, яъне аз ашрофони тминдор будаанд. Шоир сафарҳои дурударозеро анҷом додааст. Паъди ҳамаи ин сафарҳо ба дараҷаи «Ҳуҷҷат», ки яке аз мннсабҳои баланди мазҳаби исмоилиён буд, мушарраф гнрдидааст. Ҳакими бузург баъди ин ҳама сафарҳо ба шаҳри Балх биргашта, қариб 8 сол ба таргибу ташвиқи ақидаҳои Исмоилиён шугл варзидааст. Носири Хисрав то охири умри худ дар мавзеи Юмгондараи Бадахшон зиста, соли 1088 вафот кардааст.

Эҷодиёти шоир доманадор буда, осори зиёдеро дар бар мсгирад. Аз асарҳои шоир то замони мо «Саодатнома», «1>ушноинома», «Сафарнома» расидааст. Ба ғайр аз ин, шоир соқиби «Девон» низ будааст, ки аз қасидаву ғазал иборат будааст. Шоир дар ғазалҳои худ мавзӯъҳои чигунагии табиат, моҳияти олим, такдири инсон ва ихтилофҳои замонаро мавриди баррасй igipop додааст. Аз ин хотир, шоир бо парвардигори оламу одимиён нидо намуда, бепарвоёна мегӯяд:

Ниҳоли фитна дар дилҳо ту киштй,

Дар огози халоиқ офаридан.

Дар ҳақиқат, Носири Хусрав ҷӯяндаи ҳақиқат будааст. Дар йигьори шоир тасвири касбу ҳунар дар ҷойи аввал меистад. С’шгьатварону косибону ҳунармандонро хушбахттарин инсонҳо мешуморад:

Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбгте мест, Зи касби даст беҳтар ҳосиле мест. Ба рӯз андар пайи сомони хеш аст, Чу гиаб дар хона шуд, султони хеш аст.

Дар ашъори хеш шоир мақому манзалати кишоварзон, яъне деҳқононро хеле баланд бардошта, тамоми хуррамию ободии кишварро аз файзу баракати деҳқон медонад: Беҳ аз саиои олам деҳқон аст, Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.

Аз меҳнати ҳалоли деҳқон ҳама истифода мекунанд. Офаридгору халқи заҳматкаш ва, ҳатто, шоҳони замон ба ӯ мӯҳтоҷанд:

Сари сонеъ ба гардун бас фароз аст, Салотинро ба саноон ниёз аст.

Ин ҳама санъату ҳунари деҳқони асилу заҳматкаш аст, ки кишвар гул- гул мешукуфад:

Ҷаҳонро хурралш аз деҳқон аст, Аз у гаҳ зар, гоҳе бӯстон аст.

Аз файзу баракати меҳнати софдилонаи деҳқони заҳматкаш, ҳатто, паррандагону чаррандагон ризку рӯзии хешро дармеёбанд: Ба роҳат аз даҳоқин мургу муранд, Ҳамон гар одамию гар сутуранд.

Шоир таъкид менамояд, ки дасти деҳқон гул аст. Сарчашмаи ҳамаи ин ризқу рӯзиҳо мардони кор мебошанд: Ба кор андар ҳама мардони коранд, Арақ резанду қути халқ коранд, Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт, Чароги дилфурузӣ дар даҳ ангушт.

Ба гайр аз ин, шоир панду андарзҳои зиёде дорад, ки дар онҳо саховат, шуҷоат, ҷавонмардй ва дигар хусусиятҳои неки инсонй васфу ситоиш карда мешаванд. Носири Хусрав ҷавонмардиро далели хушбахтиҳо маҳсуб медонад: Ҷавонмардӣ саодатро далел аст, Зи ҳар кас ин сифат н-ояд, бахил аст.

Ҳангоми пирию барҷомондагй хизмати падару модарро барои фарзандон воҷибу зарур медонад: Ба пирй хидмати модар-падар кун, Ҷавонию ҷунун аз cap бадар кун.

Илму донишро волотарин фазилати инсон мешуморад. Хирадро аз зар боло медонад:

Хирад беҳтар бувад аз зар, ки дорй, Ки дар зар кас пабинад ҳушёрӣ.

Ҳалимй ва меҳрубониву илму донишро ҳамчун камолу ҷамоли инсонй тарғиб менамояд: Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад. Камоли одамй дар илм бошад.

Дар охир гуфтан лозим аст, ки забони шеъру гуфгори шоир ииҳоят сода ва ҷолиби дикқат аст. У аз забони зиндаи халқ, аз қадисҳои пайгамбар ва оёти куръонй низ фаровон истифода намудааст, ки илму дониши фарох доштани ӯро нишон медиҳад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат