• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мундариҷаи ғояви ва таҳлилӣ образҳои марказии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Ҳилолӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мундариҷаи ғояви ва таҳлилӣ образҳои марказии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Ҳилолӣ / Иншо

10 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
09.01.2022

Мавзӯъ: Мундариҷаи ғояви ва таҳлилӣ образҳои марказии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун» – и Ҳилолӣ

Нақша:

 Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мазмуни гоявии маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун»
  3. Симои қахрамонони асар

Хулоса

Ҳилолӣ сарояндаи ғазалҳои лирикй буда, бо ашъори дилангезу пурмазмуни худ дар қалби ихлосмандони шеър ҷойи махсусеро ишғол намудааст. Шоир, мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, солҳои 70-уми асри XV таваллуд ёфтааст. Рӯзгори кӯдакии Ҳилолӣ он қадар равшан нест. У таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, дар мадрасаҳои шаҳри Ҳирот низ таҳсили илм намудааст. Аз овони кӯдакй ба шеъру шоирй дилбастагии зиёде доштааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки ӯ ба шарофати табъи саршор ва ҳофизаи қавй доштанаш аз ашъори шоирони бузург сӣ-чиҳил ҳазор байт аз ёд медонистааст. Аксарияти ашъори хамсатайн, яъне «Ҳамса»-ҳои Низомиву Амир Ҳусравро аз ёд медонист. Ҳамин тариқ, Ҳилолӣ ҳамчун шоири машҳури газалсаро дар байни аҳли илму адаб эътибор пайдо мекунад. Пас аз баҳсу мунозираҳо, ба навиштани маснавиҳо камари ҳиммат мебандад. Аввалин маснавии Ҳилолӣ достони «Шоҳу дарвеш» будааст. Маснавии дигари шоир ин «Лайливу Маҷнун» мебошад, ки дойр ба таълиф намудани ин маснавй чунин мегӯяд:

Аввал су хане, ки гуфт аз ин пеги,

Афсонаи шоҳ буду дарвеш.

Зебогуҳаре зи баъди он суфт,

Назме, ки сифоти ошиқон гуфт.

Гуфт аз пайи он китоби мавзун,

Афсонаи ҷонгудози Маҷнун.

«Лайлй ва Маҷнун» маснавии охирини Ҳилолӣ мебошад, ки онро дар пайравии маснавиҳои ҳамноми Низомиву Амир Хусрави Деҳлавй ва Ҷомиву Навой таълиф намудааст. «Лайливу Маҷнун»-и Ҳилолӣ аз 34 қисмат ва 27 боб иборат аст. Аз рӯйи табақабандй маснавии шоир ба монанди маснавиҳои шоирони дигар мебошад. Маснавии «Лайливу Маҷнун» монанди дигар асарҳои пешин мавзӯи анъанавии лирикиро фаро мегирад. Достон аз тасвири рӯзгори бачагии Қайс шурӯъ мешавад. Қайс бо Лайлй дар як макгаб мехонанд. Ҷавонон ба ҳамдигар дил мебанданд. Аз ишқу муҳаббати онҳо ҳама воқиф мешаванд. Барои ба висол расидани онҳо волидонашон монеагй мекунанд. Қайс худро ба талу теппаҳо мезанад. Аз ишқи Лайли Қайс аз худ бехуд мегардад. Давлатдманде мехоҳад, ки Лайлиро ба фарзандаш хостгорӣ намояд. Аммо, Қайс ва Лайлй ҷидду ҷахд менамоянд, ки ба ин кор роҳ надиҳанд. Ошиқон намехоҳанд, ки бо зӯрӣ ва бо зарби шамшер хонадор шаванд. Онҳо розипш қабилаҳоро пурсон мешаванд. Онҳоро дар охир бо ҳам ақди никоҳ мебанданд. Дар охир Лайлй ва Мачнунро ба як қабр дафн мекунанд.

Тавре дида мешавад. ҳангоми тасвири ҳодисаву воқеаҳо байни маснавиҳо тафовутҳо дида мешаванд. Дар достон Лайлй, Қайс, падару модари Қайс, Навфал қаҳрамонҳои мусбат мебошанд. Падару модари Лайлй ва пирзол қдҳрамонҳои манфй ба шумор мераванд. Дар асар Лайлй духтари донову оқила, покизаву накӯкор, вафодору меҳрубон тасвир ёфтааст. Лайлии Ҳилолӣ нисбат ба дигар Лайлиҳо ҷасуртару фаъолтар мебошад.

Ҳилолӣ дар симои Маҷнун монанди Лайлй шахси покизакору бовафоро инъикос намудааст. Дар ҳақиқат Маҷнун ҳамчун ҷавонмарди воқей тасвир ёфтааст. Қайс, сарфи назар аз он ки писари ягонаи мири араб будааст, ҳамчун ҷавони хоксору вафодор ба қалам дода шудааст.

Тамоми хусусиятҳо ва фазилатҳои хуби инсонй, аз ҷумла сабру таҳаммул, дар симои Маҷнун мушоҳида карда мешавад. Ҳатто, дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам аз Навфал ёриву кӯмак наталабидааст. Маҷнун мехоҳад, ки танҳо бо майлу хоҳиши Лайлй ва қабилаи ӯ издивоҷи онҳо сурат бигирад:

Бе майлу ризои қавми Лайлӣ,

Моро набувад ба васл майле.

Маснавии Ҳилолӣ бисёр ҷанбаъҳои ибратбахш дорад. Яке аз фазилатҳои ин маснавй ин дар забони содаву фаҳмо ва образҳои ба зеҳни хонандаи оддй бисёр наздики ӯ ба шумор меравад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат