Муҳити соҳибкорӣ: шакл ва намудҳои он
Муҳити соҳибкорӣ. Соҳибкорӣ дар муҳити муайяни иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар сатҳи микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ амалӣ мегардад. Дар поён равияҳои асосии муҳити иҷтимоӣ – иқтисодии соҳибкорӣ мав риди таҳлил қарор дода мешавад.
Муҳити иқтисодӣ – соҳибкор бояд донад, ки дар кадом давраи иқтисодӣ, иқтисодиёти мамлакат қарор дорад, ҳолати савдои беруна чӣ гуна аст, бекорӣ ва таваррум дар кадом сатҳ қарор доранд, устувории ни зоми андоз, сатҳи зиндагонии аҳолӣ чӣ гуна аст.
Ҳолати сиёсӣ – боварӣ ба ҳукумат ва устувории вазъи он, муноси бати ҳукумат ба сектори хусусӣ ва ҷамъиятӣ.
Муҳити иҷтимоӣ – муътадилии вазъи иҷтимоӣ дар ҷамъият, ҳиф зи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқати сиёсати иҷтимоӣ ба талаботи ҷомеа.
Муҳити фарҳангӣ – ҳар қадаре ки сатҳи тараққиёти фарҳанг ва ма даният баланд бошад, ҳамон қадар соҳибкории пешбинишуда муътадил аст.
Муҳити ҳуқуқӣ – соҳибкорӣ танҳо дар ҳолати қонунгузории усту вор ва муътадил инкишоф ёфта метавонад.
Муҳити техникӣтехнологӣ, яъне ҳолати корҳои илмӣтадқиқотӣ ва соҳаҳои истеҳсолоти илмӣ дар мамлакат.
Шакл ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ. Субъектҳои соҳиб корӣ пеш аз ҳама, шахсони хусусӣ (ташкилкунандагони истеҳсолоти шахсӣ, оилавӣ ва ё истеҳсолоти ҳаҷман калонтар) ба шумор мераванд. Фаъолияти чунин соҳибкорон ҳам дар асоси меҳнати худӣ ва ҳам бо воситаи меҳнати ҷалбшуда амалӣ карда мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ инчунин аз тарафи гурӯҳи шахсони бо муносибатҳои шартномавӣ ва ман фиатҳои иқтисодӣ ба ҳам алоқаманд амалӣ шуда метавонад. Субъектҳои соҳибкории гурӯҳӣ дар мисоли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, гурӯҳҳои иҷоравӣ, кооперативҳо ва ғайраҳо баромад мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо ба субъ ектҳои соҳибкорӣ давлатро дар шахсияти ниҳодҳои муайян дохил меку нанд. Ҳамин тавр, дар иқтисодиёти бозорӣ се шакли фаъолияти соҳиб корӣ мавҷуд аст: давлатӣ, гурӯҳӣ, хусусӣ.
Вобаста аз таркиби фаъолияти соҳибкорӣ ва бо назардошти зинаҳои асосии раванди такрористеҳсол (истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва ис теъмолот) чунин намудҳои соҳибкориро фарқ мекунанд: истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, суғуртавӣ, миёнаравӣ.
Соҳибкории истеҳсолӣ ба намуди аз ҳама зарур ва мураккаби фаъ олияти соҳибкорӣ мансубият дорад. Ин намуди соҳибкорӣ ба зудӣ ба монанди дигар намудҳои соҳибкорӣ фоидаро таъмин намекунад, бино бар ин барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ он қадар диққатҷалбкунанда нест. Асоси соҳибкории истеҳсолиро офаридан, яъне ба вуҷуд овардани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ташкил медиҳад.
Дар соҳибкории тиҷоратӣ соҳибкор дар нақши савдогар баромад мекунад, зеро ӯ молҳои тайёреро мефурӯшад, ки аз дигар соҳибкорон ха ридорӣ карда буд.
Соҳибкории молиявӣ намуди махсуси соҳибкории тиҷоратист, ки дар он ба сифати ашёи хариду фурӯш: пулҳо, асъори хориҷӣ, қоғазҳои қиматнок ба харидор фурӯхта ва ё ба қарз дода мешаванд.
Соҳибкории суғуртавӣ чунин намуди фаъолият мебошад, ки со ҳибкор ба суғуртакунанда бо пардохти муайян зарари имконпазири ам вол, ҳаёт ва ғайраҳоро дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои нохуш ҷуброн мекунад.
Соҳибкории мутавассит (миёнарав). Ин навъи соҳибкорӣ муста қиман бо дигар намудҳои соҳибкорӣ (истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, суғуртавӣ, молиявӣ) алоқаманд мебошад. Хусусияти ин навъи соҳибкорӣ дар он аст, ки он мол истеҳсол намекунад ва онро намефурӯшанд, ба фурӯши коғаз ҳои қиматнок машғул нест ва ба дигарон қарз ҳам намедиҳад. Он фақат ба сифати даллол (миёнарав) дар ин ҳавзаҳои соҳибкорӣ иштирок меку над. Мавқеи он байни истеҳсолкунанда (фурӯшандаи молу хизматрасо ниҳо) ва истеъмолкунанда (харидор) ҷойгир аст. Он барои дар амал тад биқ намудани мақсад ва мароми дигар субъектҳои бозор, яъне харидану фурӯхтан ва ба ҳам пайваст кардани онҳо (истеҳсолкунандаву истеъмол кунанда) дар доираи ҳалқаи соҳибкорӣ, ба даст овардани маълумот оид ба талабот ва таклифоти мол, сатҳ ва шакли рақобат, нарх ва ғайра кумак мерасонад. Албатта, ба ивази адои хизмати худ онҳо бо даромади муай ян мукофотонида мешаванд. Миёнарав ҳамчун сарчашмаи асосии таш кил ва густариши фаъолияти соҳибкории мутавассит истифода мешавад.
Омилҳои соҳибкорӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ бо худ маҷмӯи амал ҳои соҳибкорро дар назар дорад, ки пай дар пай ва ё ҳамрадиф дар дав раи пурраи фаъолият аз маблағгузории ибтидоӣ то гирифтани фои да ба миён меоянд. Ҳамчун намуди фаъолияти хоҷагидорӣ соҳибкорӣ омилҳои истеҳсолотро ба монанди замин, сармоя ва меҳнат истифода мебарад. Ба таври аниқтар барои амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ воситаҳои асосӣ (биноҳо, таҷҳизот, мошинҳо ва дастгоҳҳо, воситаҳои нақлиёт), воситаҳои гардон (ашё, масолеҳ, энергия, воситаҳои пулӣ) за рур мебошанд.