• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Корҳои курсӣ ва дипломӣ/Муҳаммад (с) – бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Муҳаммад (с) – бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ / Реферат

14 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Муҳаммад (с) – бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ 

Шахсияти Муҳаммад (с) чун пешвои ислом, инак, ҳазору чорсад сол аст, ки дар байни ҷонибдорону мухолифони Ӯ баҳсу мунозираҳо меангезад. Вале сарфи назар аз ин мунозираҳо Муҳаммад (с) як инсони фурӯтан, ростқавл, хоксор ва покманишу некмаҳзар буда, аксаран бо риёзату ниёиш умр ба сар мебурд. Ӯ дар тӯли зиндагиаш аз инсофу адолат, баробарию бародарӣ, дастгирию пуштибонии аҳли ислом пайравӣ мекард ва шукӯҳу ҷалоли зоҳириро намеписандид. Ба қавли Табарӣ, ӯ ба бисту ҳафт ғазо ва нуҳ ҳарб — Бадр, Уҳуд, Хандақ, Қурайзо, банӣ-Мусталиқ, Макка, Хайбар, Ҳунайн ва Тоиф ширкат варзида, барои интишори ислом тамоми ҳастиашро бахшидааст.

Муҳаммад (с) дар Мадина баробари интишори ислом ба сифати ҳакам низ ном бароварда, бисёр масъалаҳои баҳсталаби миёни мусулмононро ҳамчун Паёмбари ислом (с) ҳал мекард. Баҳсҳои диние, ки миёни уламои яҳудӣ ва Паёмбари ислом (с) сурат мегирифт, тадриҷан тезу тунд шуда, миёни онҳо тарҳи ҷудоӣ меафканд. Мувофиқи ақидаи Муҳаммад(с), Худо ба ҳузури яҳудиёну масеҳиёни «аҳли китоб» пайғамбаронашон Мӯсо ва Исоро фиристода буд, ки каломи Илоҳиро ба одамон расонанд. Аммо онҳо гуфтаҳои пайғамбаронашонро бо мурури замон таҳрифу дигаргун ва фаромӯш карда, ба радифи мунофиқон даромаданд. Аз ин лиҳоз Худо ба ҳузури бандагонаш китоби Қуръон ва пайғамбари охирини хешро фиристод, то бо ҳидояти хотиматуланбиё онҳоро ба роҳи ҳақ ҳидоят намояд. Ҳамин тариқ, бо рисолати Паёмбар (с) ва интишори ислом дар баробари чор тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ — тамаддуни ориёӣ, тамаддуни масеҳӣ, тамаддуни яҳудӣ ва тамаддуни буддоӣ дар арсаи таърих тамаддуни ислом падид омад, ки дар тайи асрҳои минбаъда ба чаҳор самти олам густариш ёфта, дар андешаву ҷаҳонбинии инсоният таҳрикоти бузурге ворид намуд.

Дертар дар аҳди давлатдории хулафои рошидин дини ислом ба қаламрави Эрону Осиёи Хурд паҳн шуда, пайравони зиёде пайдо кард ва дар арсаи олам мақоми арзандаи умумибашарӣ ёфт, ки ниёгони дорои кеши зардуштии мо — тоҷикон низ баъди паси сар кардани тамаддуни ориёӣ шомили тамаддуни ислом гардиданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Пешояндҳои аслӣ дар забони олмонӣ / Кори дипломӣ
  • Мавқеи калимаҳои иқтибосӣдар шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ / Кори дипломӣ
  • Қонуниятҳои таъсири протсесҳои геодинамикӣ дар инкишофи релефи қаторкўҳи Қаротегин / Кори дипломӣ
  • Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва марҳилаҳои таърихии инкишофи инистутҳои муфлисшавӣ / Кори дипломӣ
  • Таълими савод ва нақши он дар инкишофи нутқи талабагони синфи 1
  • Таҳлили ғоявию бадеии лирикаи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ / Кори дипломӣ
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов