Муборизаи зидди қувваҳои зиддишӯравӣ дар вилояти Суғд дар солҳои 1918 — 1923
Оғози ҷанги шаҳрвандии шимоли Тоҷикистон. Оғози ҷанги щаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ба амали зиддишӯравии «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» вобаста буд, ки дар Тошканд бо сардории К. Осипов ва дар Хуҷанд бо сардории Стерлигов исён тайёр карда буд, вале исёни Хуҷандро тавонистанд пешгирӣ намоянд. Баъди тасодуфан дар хонаи яке аз аъзои ин ташкилот таркидани бомба сирри онҳо фош гардид.
Аксари аъзои онро ба ҳабс гирифтанд. Ба ҳайати ташкилоти исёнгарони Хуҷанд бештар эсерон ва ҳарбиёни австровенгерии дар Хуҷанд буда дохил буданд. Стерлигов австровенгерҳои дар қалъа ҳабсбударо яроқнок карда, бар зидди Шӯрои депутатҳои Хуҷанд исён карданӣ буд. Аммо аскарони дар қалъабуда дар бораи тайёрӣ ба шӯриш ба кумитаи ҳизбии Хуҷанд хабар доданд. Кумитаи ҳизбӣ сафарбарии умумии коммунистонро гузаронида, дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Дар тамоми кӯчаҳои шаҳр дидбонгоҳҳо гузошта, сардори шӯриш, эсери чап Урядов ва тарафдорони ӯ ҳабс карда шуданд, вале гурӯҳ пурра пароканда нашуда буд. Моҳи декабри соли 1918 дар Хуҷанд боқимондагони гурӯҳи Стерлигов исёни аксулинқилобӣ тайёр карданд, аммо болшевикон сирри онҳоро фош карда, Стерлигов ва шариконашро ҳабс намуданд, то ки саршавии амалиёти исёнгаронро дар Драгомирово (Спитамени ҳозира) ва дигар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон боздоранд.
Рафти мубориза зидди аксулинқилобчигӣ дар солҳои 1918 — 1920. Ҳаракати зиддишӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон мақсади сарнагун сохтани ҳокимиятро дошт, вале бештар хусусияти тороҷгариро гирифта буд. Чунки аксари аҳолии шаҳрҳою шаҳракҳои коргарӣ ба аксулинқилобчиёну босмачигарӣ бетараф набуданд ва барои ҳимояи худ, дастаҳои худ- муҳофиз ташкил карда буданд. Аз ин рӯ, босмачиҳо бештар дар деҳаҳои дурдаст ва кӯҳистон амал карда, гоҳо аҳолии деҳаҳои гирду атрофи шаҳрҳоро ғорат мекарданд, вале ба шаҳрҳо ва шаҳракҳои коргарнишин ҳуҷум намекарданд. Амалан ҳам босмачигарӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ғайр аз Масчоҳи Қӯҳӣ то соли 1922 дигар дар ҳеҷ ҷой маркази доимии худро надошт. Фақат дар соли 1919 ба босмачиён муяссар гардида буд, ки дар Мастчоҳи Кӯҳӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Бинобар ин, чӣ ҳаракати зиддишӯравӣ ва чӣ ғалабаю шикасти он ҳам ба ғалабаю шикасти ҷанги шаҳрвандии Туркистону Русия вобаста буд. Ғалаба аз болои ҳаракати зиддишӯравӣ дар шимоли Тоҷикистон ба рафти барҳамдиҳии Мухторияти Қӯқанд ва аксулинқилобчигии Туркистон сахт алоқаманд аст. Асоси ин ҳаракат гарчи дар округи Хуҷанд ҳам буд, вале оғозаш ба воқеаҳои Қӯқанд вобаста буд. Агар асоси қувваҳои зиддишӯравиро босмачигарӣ ташкил медода бошад, ватани босмачигарӣ водии Фарғона ва асосгузори ин ҳаракат Мадаминбек ба ҳисоб меравад. Яке аз вазифаҳои душвортарини Ҳокимияти Шӯравӣ дар охири соли 1918 мубориза бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Сентябри соли 1918 атаман Дутов роҳи оҳани Акмолинск-Оренбургро ишғол намуда, алоқаи Туркистонро аз Русия бурид. Дар Фарғона сарварии «Артиши сафеди Туркистон»-ро Мадаминбек, ки дар гузашта милисаи шӯравӣ буд, ба зимма гирифт. Инро ба назар гирифта, 28-уми сентябри соли 1918 дар Хуҷанд митинги серодаме баргузор гардида, аз ин ҷо барои барҳам додани аксулинқилобчиёни Ашқобод 115 ва ба Оренбург 250 нафар ҷанговар фиристода шуданд. Алоқа барқарор гардид, вале дар шимоли Тоҷикистон дастаҳои Эргаш амалиёти худро давом медоданд. Моҳи январи соли 1919 ба он гурӯҳи К. Осипов, ки дар гузаштаи наздик Комиссари муваққатии ҳарбии ҶМШС Туркистон буд ва моҳи январи соли 1919 дар Тошканд бо роҳбарии ӯ исён сар зада буд, ҳамроҳ шуд. Дастаи Эргаш, ки 3-5 ҳазор нафарро ташкил медод, 14-уми январи соли 1919 деҳаи Сомғорро тороҷ кард. Моҳи марти ҳамон сол деҳаҳои Исфона, Занбӯра, Деҳмой, Сунбулоқ ва Чимғонро ғорат кард. Худи ҳамон моҳ Эргаш ба шаҳраки Сулукта ҳуҷум кард, вале бо мадади аскарони ба ёрӣ омада шаҳрак муҳофизат карда шуд. Дар волости Уралск дастаҳои Мамадсолӣ ва Раҳмон қӯрбошӣ даст ба ғорат заданд.
Кумитаи иҷроияи шӯрои Хуҷанд барои барҳам додани дастаҳои Эргаш якчанд тадбири таъҷилӣ андешид. Дар ҷойҳои муҳимми уезд дидбонгоҳҳои низомӣ гузошта, дар тамоми гузаргоҳҳо иншооти мудофиавӣ сохтанд. 7-уми марти соли 1919 меҳнаткашони шаҳри Ӯротеппа қарор доданд, ки барои мубориза бар зидди Эргаш ҳамаи аҳолии шаҳрро сафарбар намоянд. Дар шаҳр Кумитаи ҳарбии инқилобӣ ташкил ёфт. Дар Ӯротеппа, Шӯроб барои мубориза бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ ситодҳо таъсис дода, дар ҳама ҷо дастаҳои нави яроқнок ташкил карда шуданд.
Дар тамоми шимоли Тоҷикистон моҳи марти соли 1919 вазъи ҳарбӣ эълон гардида буд. Қувваҳои мусаллаҳи шимоли Тоҷикистон бар зидди қувваҳои зиддишӯравӣ дар якҷоягӣ бо ситоди ҷангии Фарғона амал мекард.
Мастчоҳ ба маркази зиддишӯравӣ табдил ёфта буд. Баҳори соли 1919 баъди кушода шудани роҳҳои ағба хавфи ба воситаи Панҷакент ба аморати Бухоро рафтани босмачиён афзуд. Шӯрои Ӯротеппа ҳамроҳи шӯроҳои Хуҷанд ва Панҷакент роҳи босмачиёни Мастчоҳро бастанӣ шуданд. вале дастаҳои Эргаш ва Осипов қувваҳои онҳоро шикаст дода, боз аз сари нав Мастчоҳро ишғол намуданд.
Аввали апрели соли 1919 Дутов боз роҳи оҳани Акмолинск — Оренбургро ишғол намуд. Боз хатти фронтҳо тамоми сарҳади Туркистонро печонда гирифт. Дар ин ҳолат бо пешниҳоди КИМ-и умумирусиягӣ барои ҳарчи хубтар ташкил додани мубориза бар зидди аксулинқилобчиёну босмачиҳо 7-уми апрели соли 1919 дар Туркистон дар ҳамаи марказҳои маъмурӣ шӯроҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд. Меҳнаткашони Тоҷикистон аз ҳисоби аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯротеппа боз 138 нафар ҳизбиёнро ба ҷанг фиристоданд. Ин дастгирӣ буд, ки дар ҳама ҷабҳаҳо аксулинқилобчиёну босмачиён шикаст хӯрданд. Ҷабҳаи Туркистон ҳам аз байн рафт. Босмачигарии муташаккил ҳам рӯ ба таназзул ниҳод, вале баъди дар Намангон шикаст хӯрдани Мадаминбек ба шимоли Тоҷикистон омадани қувваҳои зиддишӯравӣ афзуда, дастаҳои нави босмачиёни маҳаллӣ ташкил ёфтанд. Қувваҳои зиддишӯравӣ тамоми навъҳои яроқҳои хориҷиро доштанд: милтиқҳои системаи «Лиметфорд», «Рос Рифм» (Канада), Лебел (Фаронса), «Слит Васон», «Колт» (ИМА) ва ғайра. Яке аз дастаҳои калони қувваҳои зиддишӯравӣ дастаи Раҳмонқулқӯрбошӣ буд, ки дар ноҳияи Ашт амал мекард. Ӯ тобистони соли 1920 гӯё таслим мешуда бошад, намояндагони уезди Хуҷандро ба деҳаи Ошоба барои гуфтушунид даъват намуд. Ба он ҷо сардори Комиссияи фавқулодаи Хуҷанд Мавлонбеков Бобобек, муовини ӯ Худяков ва раиси Кумитаи инқилобии волости Уралск А. Ҳасанов рафта буданд. Онҳоро Раҳмонқул ҳабс карда, ба таҳхона партофт ва як ҳафта хӯрок надод. Баъди ин воқеа бо супориши ташкилоти ҳизбии Хуҷанд тақрибан 100 нафар бой ва эшонҳои калон ба ҳабс гирифта шуданд. Ба онҳо фаҳмонда шуд, ки агар намояндагони шӯравӣ дар зарфи ду рӯз аз дасти Раҳмонқул озод карда нашаванд, ҳамаи маҳбусон ба қатл расонида хоҳанд шуд. Маҳбусон дар ҳайати Ҳамидхонтӯраи хуҷандӣ, Ҳоҷӣ Абдуллохон домулло ва қозӣ Сайидаҳмадхон ҳамчун вакил ба назди Раҳмонқул фиристода шуданд. Раҳмонқул, ки муриди Ҳамидхонтӯра буд, Мавлонбеков, Худяков ва Ҳасановро озод кард ва онҳо ба Хуҷанд баргаштанд.
Соли 1920 дастаи 3500-нафараи Ислом нақшаи аз Фарғона омада, роҳи оҳани байни Хуҷанду Драгомирово (Спитамени ҳозира)- ро таркондану аҳолии онро тороҷ намуданро кашид, вале аз дастаҳои ихтиёрии Ҷ. Зокиров, А. Раҳимбоев, Ҳ. Усмонов шикаст хӯрда ақиб нишаст. Соли 1920 дар деҳаи Ӯртақӯрғони Ӯротеппа дастаи Амонқул Тӯябоев амал мекард. Дастаҳои ихтиёрии Бобо Содиқов, Ато Раҳимҷонов бо ҳамроҳии взводи пулемётчиёни М.М. Ткачев ӯро ба муҳосира гирифта, 80 сарбозашро ҳалок ва дигаронашонро асир гирифтанд.
Сершумортарин дастаҳои зиддишӯравии Ӯротеппа дастаҳои Холбӯта, қозӣ Тӯра, Абдулқодирхон ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо бо қувваҳои зиддишӯравии Фарғона, Масчоҳ ва Ҷиззах робита доштанд. Аз ҷумла қозӣ Тӯра барои қӯрбошӣ шуданаш аз Ислом – қӯрбошии калони Фарғона фотиҳа гирифта буд. Онҳо инро истифода бурда, дар Ӯротеппа ва Нов даст ба тороҷгарӣ зада, баъзан дар атрофи Хуҷанд пайдо мегаштанд. Хавфи инро дида, Ҳокимияти Шӯравӣ моҳи декабри соли 1920 ва аввали соли 1921 бо сардории И.В.Кутс ва дастаҳои ихтиёрии Мулло Ҳайдар Аҳмадбоев, Р. Давлатов ва дигарон амалиёти ҷангии якҷояро зидди қӯрбошиёни номбурда сар карданд. Дар натиҷа қувваҳои зиддишӯравӣ дар ноҳияи Ӯротеппаю Шаҳристон шикаст хӯрда, Холбӯта ва Абдулқодирхон ба Масчоҳ гурехтанд. Онҳо боз се соли дигар муқовимати худро давом доданд. Ҳамин тавр, соли 1920 дар шимоли Тоҷикистон ба ғайр аз бекигарии Масчоҳ ба муқовимати зиддишӯравӣ хотима дода шуда буд.
Мубориза бар зидди босмачигарӣ дар солҳои 1921-1923. Бо супориши Ҳукумати ҶМШС Туркистон ҳамаи фармондеҳони Артиши Сурх ба мақомоти ҳизбию шӯравии уезди Хуҷанд барои нест кардани бекигарии Масчоҳ тадбирҳо андешиданд. Моҳи марти соли 1920 қувваҳоро дар деҳаҳои Ёрӣ, Дардар ва Урметан ҷамъ намуданд, ки аз дастаҳои ихтиёриён ва эскадрони 2-юми полки махсуси савораи сарҳадии Самарқанд иборат буд. Ба онҳо И.Ф.Кутс фармондеҳӣ мекард. Аскарони сурх ва ихтиёриён бо талафоти калон деҳаҳои Фалғару Рарзро озод намуданд ва мубориза бар зидди бекигарии Мастчоҳ қатъ гардид. Қушунҳои ҳарбии дар минтақаи Масчоҳ буда ба фронти Фарғона ҷалб шуданд, чунки Ҳукумати Шӯравӣ охири соли 1920 дар он ҷо бар зидди Мадаминбек ва Монстров зарба тайёр карда буд. Дар рафти ин зарбазанӣ дар Фарғона Мадаминбеку Монстров ва дар Ӯротеппа Холбӯта шикаст хӯрда, ҳамаи онҳо дар Масчоҳ паноҳ бурданд. Ба Мастчоҳ омадани Холбӯта, собиқ афсари армияи подшоҳӣ Венедиктов, духтур Прохоров, инчунин боқимондаҳои дастаҳои Эргашу Мадаминбек ва зиёд шудани дастаи бек Саид Аҳмадхӯҷа Масчоҳро ба яке аз марказҳои асосии босмачиён табдил дод. Холбӯта дастаи калони босмачиёнро ташкил дод. Венедиктов бошад, нозири ҳарбии беки Масчоҳ шуд. Ҳамин тавр, бо омадани унсурони зиддишӯравӣ босмачигарӣ дар Масчоҳ авҷ гирифт. Ҳукумати ҶМШС Туркистон бо умеди пешгирӣ кардани ҳамлаҳои босмачиёни Масчоҳ ва барқарор намудани сулҳ августи соли 1922 бо иштироки бевоситаи Артиши Сурх, милитсия ва қӯшунҳои таъйиноти махсус (ҚТМ) ба барҳам додани дастаҳои босмачиёни Масчоҳ шурӯъ кард. Ба онҳо Аҳмадбоев, А. Раҳимбоев, А. Ҳусейнов, Ҳ. Усмонов ва сарфармондеҳи ҳарбии вилояти Самарқанд Лисовский сардорӣ мекарданд. Гарчи ҳодисаҳои ба мақомоти шӯравӣ таслим шудани босмачиён зиёд шуда бошад ҳам, шумораи босмачиёни дастаи Холбӯта соли 1922 аз 2 ҳазор зиёд буд. Артиши Сурх баъди ҷанги пуршиддате барои Оббурдон Холбӯтаро шикаст дода, моҳи апрели соли 1923 Масчоҳро озод кард. Холбӯта ба Қаротегин гурехт. Беки Масчоҳ Саид Аҳмадхӯҷа таслим шуд. Бекигарии Мастчоҳ барҳам хӯрд ва бо ин ҷанги шаҳрвандӣ низ дар саргаҳи Зарафшону тамоми ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ба охир расид.
Савол ва супориш
1. Ҷанги шаҳрвандиро шарҳ диҳед.
2. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро номбар кунед.
3. «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» чӣ гуна созмон буд?
4. Хусусияти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
5. Сардорони аввалини дастаҳои зиддишӯравиро номбар кунед. 6. Сабабҳои асосии аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ ёфтани шӯроҳо дар чист?
7. Дастаҳои босмачиёни шимоли Тоҷикистонро номбар кунед?
8. Барои чӣ босмачиён ба шаҳрҳою шаҳракҳо ҳуҷум намекарданд?
9. Сабаби асосии таъсиси бекигарии Масчоҳро фаҳмонед?
10. Барои чӣ бо барҳам хӯрдани бекигарии Масчоҳ ҷанги шаҳрвандӣ дар шимоли Тоҷикистон ба охир расида ҳисобида мешавад?