Мубодилаи газҳо дар шуш ва бофтаҳо
Ҳаракатҳои нафасгирӣ. Нафас гирифтан ва нафас баровардан якдигарро мавзун иваз карда, ба воситаи шуш гузаштани ҳаво ва ҳавотозакунии шушро таъмин месозанд (расми 59).
Расми 59. Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ
Ивазшавии нафасгирӣ ва нафасбарориро маркази нафасгирӣ танзим мекунад, ки он дар мағзи дарозрӯя ҷойгир аст. Дар маркази нафасгирӣ импулсҳо мунтазам ба амал омада, тавассути асабҳо ба мушакҳои байни қабурғагӣ ва диафрагма дода мешаванд. Дар натида мушакҳо кашиш хӯрда, қабурғаҳо боло мешаванд, диафрагма қариб ҳамвор мегардад. Ковокии қафаси сина васеъ мегардад. Дар натиҷа нафасгирӣ ба амал меояд. Баъд мушакҳои байни қабурғаҳою диафрагма суст шуда, ҳаҷми ковокии қафаси сина хурд мегардад ва аз шуши фишурдашуда ҳаво берун мебарояд. Дар ин ҳол нафасбарорӣ ба амал меояд.
Одами калонсол дар ҳолати нисбатан ором дар як дақиқа тахминан 12-16 маротиба нафас мегирад. Дар хонае, ки ҳавояш тоза нашудааст, ҳаракатҳои нафасгирӣ дучанд ва аз ин ҳам бештар мешаванд. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки ҳуҷайраҳои асаби маркази нафасгирӣ гази карбонати таркиби хунро ҳис мекунанд. Ҳангоми зиёд шудани миқдори он ангезиши нафасгирӣ авҷ гирифта, импулсҳо тавассути асабҳо ба мушакҳои нафасгирӣ паҳн мешаванд. Дар натиҷа одам тез-тез ва чуқур нафас мегирад. Ҳамин тавр нафасгирӣ бо роҳи асабӣ ва ҳуморалӣ танзим карда мешавад.
Ҳаҷми ҳаётии шуш. Ҳангоми ором нафасгирӣ ба шуши одами калонсол қариб 500 см3 ҳаво дохил мешавад. Дар вақти ором нафас боровардан ҳам аз узви нафасгирӣ ҳамин миқдор ҳаво хориҷ мешавад.
Миқдори зиёдтарини ҳавое, ки одам баъди ниҳоят чуқур нафас гирифтан мебарорад, тақрибан ба 3500 см3 баробар аст, ки онро ҳаҷми ҳаётии шуш меноманд.
Ҳаҷми ҳаётии шуши одамони гуногун ҳар хел аст. Онро ҳангоми муоинаи тиббӣ бо ёрии асбоби махсус — спирометр муайян мекунанд.
Мубодилаи газҳо дар шуш. Миқдори газҳо ҳангоми нафасгирӣ ва нафасбарорӣ як хел нест. Дар ҳавои нафасгирӣ қариб 21% оксиген, наздики 79% нитроген, тақрибан 0,03% гази карбонат, каме буғи об ва газҳои инертӣ мавҷуданд.
Таркиби ҳавое, ки мо хориҷ мекунем, дигар аст. Дар он ҳамагӣ 16% оксиген боқӣ мемонад, вале миқдори гази карбонат то ба 4% меафзояд, миқдори буғи об низ зиёд мешавад. Фақат нитроген ва газҳои инертӣ дар ҳавои хориҷкардаамон ба ҳамон миқдоре, ки дар ҳавои нафасгирифтаамон буданд, боқӣ мемонанд.
Миқдори гуногуни оксиген ва гази карбонат дар ҳавои нафасгирифтаамон ва хориҷкардаамон ба воситаи мубодилаи газҳо дар ҳубобчаҳои шуш маънидод карда мешавад. Миқдори гази карбонат дар мӯйрагҳои варидии ҳубобчаҳои шуш назар ба ҳавои ҳубобчаҳои шуш хеле зиёд аст. Гази карбон аз хуни варидӣ ба ҳубобчаҳои шуш дохил шуда, дар вақти нафасбарорӣ аз организм хориҷ мешавад. Оксиген аз ҳубобчаҳои шуш ба хун дохил шуда, бо гемоглобин бо роҳи кимиёвӣ пайваст мешавад. Дар натиҷа хуни варидӣ ба хуни шарёнӣ мубаддал мегардад.
Расми 60. Мубодилаи газҳо дар шуш ва бофтаҳо
Хуни шарёнӣ тавассути рагҳои вариди шуш аввал ба даҳлези чапи дил, баъд ба меъдачаи чап ва ниҳоят ба даври калони гардиши хун дохил мешавад.
Мубодилаи газ дар бофта. Оксиген аз мӯйрагҳои даври калони гардиши хун ба бофтаҳо дохил мешавад (расми 60). Дар хуни шарёнӣ нисбатан ҳуҷайраҳои ба оксиген эҳтиёҷманд зиёд аст. Аз ҳамин сабаб онҳо ба осонӣ мавқеъ ёфта, дар раванди оксидшавӣ иштирок мекунанд. Гази карбонат бошад, аз ҳуҷайраҳо ба хун медарояд. Ҳамин тавр бофтаҳои узвҳои хуни шарёнӣ ба хуни варидӣ мубаддал мешаванд.
Хуни варидӣ бо рагҳои вариди даври калони гардиши хун ба даҳлези рости дил дохил шуда, баъд ба меъдачаи рост ва аз он ҷо ба шуш меравад.
Саволҳо:
- Ҳамоҳангии нафасгирӣ чӣ тавр таъмин мегардад?
- Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ чӣ хел ба амал меояд?
- Ҳаҷми ҳаётии шуш чист?
- Мубодилаи газҳо дар шуш чӣ хел ба амал меояд?
- Мубодилаи газҳо дар бофтаҳо чӣ хел ба амал меояд?
Кори амалӣ
Чен кардани ғунҷоиши ҳаётии шуш
Таҷҳизот барои амалиёт: спирометри намнок ё хушк, пахта, спирт.
Рафти амалиёт:
а) Спирометрро ба даҳон гузошта дар ҳолати оромӣ нафас бароред ва микдори ҳаворо муайян кунед.
б) Баъд чукур нафас бароварда, ҳавои беруншударо чен кунед.
в) Чукур нафас гирифта нафас бароред ва ин ҳаворо ҳам чен кунед.
г) Ҳамаи микдори ҳаворо ба ҳам ҷамъ кунед ва ғунҷоиши ҳаётии шушро муайян созед.