• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Муаммоҳои камбизоатӣ ва роҳҳои бартараф кардани онҳо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Муаммоҳои камбизоатӣ ва роҳҳои бартараф кардани онҳо

88 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Муаммоҳои камбизоатӣ ва роҳҳои бартараф кардани онҳо

Бо муаммои нобаробарии даромадҳо масъалаи камбизоатӣ алоқа­ манд аст. Лекин камбизоатӣ ба монанди хушбахтӣ ва некуаҳволӣ аниқ муайян карда намешавад.

Барои муайян кардани камбизоатӣ нишондиҳандаи ҳудуди кам­ бизоатӣ истифода мешавад. Ин нишондиҳанда сатҳи даромадро ифо­ да мекунад, ки барои нигоҳдории сатҳи ҳадди ақали зиндагонӣ кифоягӣ мекунад.

Одатан ҳудуди камбизоатӣ аз тарафи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ вобаста аз эҳтиёҷоти объективии инсон ва сатҳи дастрасшудаи сатҳи рушди иқтисодӣ муайян карда мешавад.

Ҳудуди камбизоатӣ (ҳадди ақали зиндагӣ) дар асоси ҳаҷми ҳадди ақали истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ, хароҷот барои молҳои саноатӣ ва хизматрасониҳо, пардохти андозҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва ғайраҳо му­ айян карда мешавад.

Ду намуди муайянкунии камбизоатӣ вуҷуд дорад: камбизоатии мутлақ ва камбизоатии нисбӣ.

Камбизоатии мутлақ чунин сатҳи даромадро ифода мекунад, ки оила барои нигоҳдории ҳолати истеъмоли хӯрокворӣ ва дигар ашёи аввалиндараҷа дар сатҳи ҳадди ақали зарурӣ худро таъмин карда наметавонад.

Камбизоатии нисбӣ чунин ҳолатеро мегӯянд, ки мувофиқи он си­ фати зиндагонӣ ба ғайр аз неъматҳои моддӣ, ҳолати маънавии инсонро низ дар бар мегирад.

Буҷети истеъмолӣ. Ҳангоми муайян намудани ҳадди ақали истеъ­ молӣ як қатор буҷетҳои истеъмолӣ ҳисоб карда мешаванд: барои оилаҳои миёна; барои нафақахӯрон; буҷети таъминоти зиёд; буҷети таъминоти моддии ҳадди ақал.

Аслан дар тамоми давлатҳои дунё кӯшиши паст кардани сатҳи кам­ бизоатӣ ва барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ барномаҳо таҳия мегарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои дароз­ муддату миёнамуҳлат, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2015» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007–2009»­ро қабул намуд. Пеш аз ҳама, таҳия ва баррасии ин барномаҳо барои пеш­ гирӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ равона гардидааст.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ гус­ тариши ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, татбиқи вазифаҳои стратегӣ ва барномавӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъми­ ни суботи макроиқтисодӣ дар кишвар рушди иқтисодиёт таъмин гар­ дид. Дар заминаи он сатҳи камбизоатӣ мутобиқ ба тадқиқотҳои охирин дар даҳ соли қаблӣ (1999–2009) аз 81 фоиз ба 46,7 ва дар соли 2010 ин нишондиҳанда то 45 фоиз коҳиш ёфт. Тибқи ҳисобҳо дар асоси рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ дар соли 2011 нишон­ диҳандаи сатҳи камбизоатӣ 42%, дар соли 2012 – 38,3% ва дар соли 2014 – 34,0%­ро ташкил дод.

Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ин солҳо аз бисёр ҷиҳат ба рушди иқтисодӣ алоқаманд буда, дар натиҷаи таъмини суботи макро­ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар ба даст омадааст.

Хулоса, барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани суръати рушди иқ­ тисодӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар чорчӯбаи пешбининамудаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии То­ ҷикистон барои давраи то соли 2015–2020» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­ кистон талош дорад, ки масъалаҳои рушди устувори макроиқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, диверсификатсияи истеҳсолот, инчунин, таҳкими имконияти содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инкишофи бозори меҳнат ва таҳкими неруи ин­ сониро ҳаллу фасл намояд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов