• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Муаллим ба манзалати падар аст! / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Муаллим ба манзалати падар аст! / Иншо

63 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
30.12.2023

Мавзӯъ: Муаллим ба манзалати падар аст!

Муаллим ба манзалати падар аст!

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор
Шавад тира аз бехирад рӯзгор (Ҷомӣ).

Ҳуқуқи муаллимро он нафароне мешиносанд, медонанд ва эҳтирому қадрдонӣ мекунанд, ки худ қимату дараҷа ва манзалати  илмро медонанд.

Зеро илм нур аст ва нодонӣ торикиву зулумот ва илм инсонро аз зулумоти нодонӣ ба нур мебарорад, ки ба воситаи он  инсон ҳаётро дарк мекунад ва муаллим он нафаре аст, ки моро ба ин нур далолат ва раҳнамоӣ мекунад ва ба воситаи нур торикиҳои зиндагӣ равшан мешавад ва инсон роҳгум намезанад ва муаллим ҳамеша аз пешрафти шогирд шод асту мамнун ва хурсанд ва ҳамеша шогирдонро ба ахлоқи некӯ, одоби писандида ва барои гирифтани илму дониш далолату даъват мекунад ва тамоми ҳастии худро дар ин кор сарф мекунад ва ана аз ин ҷо аст, ки бо ифтихор ин шахсро муаллим, омӯзгор ва устод гуфта мешаваду як умр шогирдон бо дидани ин шахсияти муътабар қадам ба сӯяш мегузоранд ва бо эҳтиром иззаташро ба ҷо меоваранд.

Пас шогирдро бояд, ки ҳамеша итоати муаллимро ба ҷо оварад ва чун сухан кунад аз ӯ иҷозат пурсад, вақте дарсро нафаҳмид, эҳтиромона такрори онро пурсад, ҳангоми суханкунии муаллим суханони ӯро набурад ва бо диққату оромона ва ҷиддӣ дарсро гӯш диҳад ва хомӯш бошад, агар муаллим ба шогирди дигар савол диҳад дар ҷавоб пешдастӣ накунад, ҳамеша муаллимро чӣ дар ҳоли ҳаёту баъди он ба некӣ ёдоварӣ кунад ва дасти дуо дар ҳаққаш бардошта бошад.

Ҳикоя мекунанд, ки Имом Аҳмад (раҳмати Худо бод) вақте дуо мекарданд, қабл аз падару модар аввал  дар ҳаққи устодашон Имом Шофеӣ дуои хайр мекарданд ва чун фарзандашон сабаб пурсиданд, гуфтанд: Оё Имом Шофеиро мешиносӣ, ки ҳастанд? Он шахс ба мисли офтоби тобон ҳастанд барои олам, қуввати дил ҳастанду саломатии ҷисм ва агар Шофиӣ намебуданд, мо оятҳои носиху мансухро намешинохтем…

Дар суханони Пайғамбари бузургвор омадааст: Падарон се гунаанд: Он ки воситаи офариниши туст, он ки занат дода (падарарӯс) ва он ки илмат омӯхта.

Зиндагии бузургони миллат барои ҳар фарди солеҳу солим дарси зиндагӣ аст ва сабаби пешрафту соҳибқадр гардидан ӯ дар ҷомеа мебошад. Пас эҳтироми муаллим воҷиб аст ва баробари ҳурмату эҳтироми падар ва ҳатто аз он зиёдтар аст, чунончӣ дар ин маънӣ бузургон фармудаанд:

Хаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Паёмбари гиромиқадр (с) мефармоянд:Аллоҳи бузург баракати илмро дар эҳтиром ба устод қарор додааст.

Пас шогирдро зарур ва воҷиб аст, ки эҳтирому иззат ва қадрдонии муаллимро ба ҷо оварад ва дар хидмати устод бошад ва бо дуои неки  ӯ ба қуллаву дараҷаҳои болову воло расида бошад ва фаромӯш накунад, ки имрӯз хизмати устод мекунад ва фардо худ устод мешавад ва шогирдон дар хизмати ӯ қоим мешаванд.

Ва  ҳар шахси муваффақ, соҳибмансабу соҳибдавлат таълими худро назди муаллим гирифта ва муаллим аст, ки шогирдро рост ва омодаи ҳаёт намуда…

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов