Моҳияти иқтисодии менеҷмент ва маркетинг
Яке аз масъалаҳои муҳими рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фирма маҳорат ва дониши амиқи иқтисодӣ, инчунин таҳлили дурусти бозор мебошад, ки асоси идоракунии онро менеҷмент ва маркетинг ташкил менамоянд. Менеҷмент ҳамчун самти махсуси илм замоне пайдо гашт, ки усулҳои илмиро дар амал ҳамчун фаъолияти муайяни ташкилию функсионалӣ истифода намудаанд. Мисол, соли 1914 Ф. Тойлер дар рисо лаи «Қоидаҳои менеҷменти илмӣ» менависад: «Менеҷмент худ илми ҳақиқие мебошад, ки дар асоси қонунҳо, қоидаҳо ба вуҷуд омада- аст. Маҳз барои ҳамин ҳам он дар тамоми намудҳои фаъолияти инсонӣ истифода мешавад ва агар ин қонунҳо ва қоидаҳо дуруст истифода шаванд, он гоҳ натиҷаҳои мафтункунандаро мушоҳида кардан мумкин аст».
Менеҷмент (аз калимаи анг. – menejment) ҳамчун маъмурият, му дирият, идоракунӣ, ташкилкунандаи истеҳсолот фаҳмида мешавад. Он ҳамчун илм дар бораи маҷмӯи принсипҳо, усулҳо ва шаклҳои идораи истеҳсолот ба мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳо силнокӣ ва шиддатнокии меҳнат ва ба даст овардани даромаду фоидаи баланд нигаронида мешавад.
Тамоми таърихи инкишофи менеҷмент чунин як ақидаи олии ҳа қиқатро исбот намудааст.
Исбот карда шудааст, ки менеҷменти замонавӣ ягонагии ҷудонаша вандаи усулҳои илмию амалие мебошад, ки имконоти баланд бардошта ни самараи фаъолияти мақсадноки ташкилотҳоро таъмин менамояд.
Менеҷмент пеш аз ҳама, нақши ҳамоҳангсозии захираҳои инсониро бо дигар захираҳо бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар назди ташкилотҳо гузошташуда мебозад.
Вобаста ба инкишофи имрӯзаи тиҷорати ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байнидавлатии тиҷоратӣ ба ақидаи аксари мактабҳои менеҷмент «ме неҷменти тиҷорати хориҷӣ» пайдо шудааст.
Маркетинг бошад (аз калимаи анг. – market), бозор ё худ бозорёбӣ, яъне ҳамчун ҳавзаи иқтисод ё намуди фаъолияти иқтисодие фаҳмида мешавад, ки истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунанда онро ба ҳам пай васт карда, имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолкардашуда ба зудӣ му бодила карда шавад. Дар адабиёти иқтисодӣ тарз ва услубҳои гуногуни маънидодкунии маркетинг дида мешавад. Таҳти истилоҳи маркетинг низоми идораи фаъолияти фирма оид ба коркарду тадқиқот, истеҳсол ва фурӯши молу хизматрасониҳо, дар асоси омӯзиши бозор ва ба даст овар дани фоида фаҳмида мешавад.
Яке аз донишмандони соҳаи маркетинг, иқтисодчии амрикоӣ Ф. Кот- лер маркетингро чунин таъриф кардааст: «Маркетинг яке аз намудҳои фаъолияти инсонӣ мебошад, ки ба воситаи мубодила эҳтиёҷ ва талаботи инсон қонеъ гардонда мешавад». Он ба шиори «талаботи истеъмолкунандагонро дарёб ва онро қонеъ гардон», ки мақсади асоси яш аст, асос меёбад.