Моҳияти буҷети давлатӣ
Тақдири андозҳо аз нигоҳи аввал одӣ ба назар мерасад: ҳамаи онҳо ба буҷети мақомоти идоракунии давлатӣ ворид мегарданд. Андозҳои ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мешаванд.
БУҶЕТ нақшаи ҷамъбастии ҷамъоварии даромад ва истифо даи он барои пӯшондани хароҷоти мақомоти ҳокимияти давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар давраи муайян мебошад.
Ҷамъоварии маблағҳо дар буҷет, ба давлат имкон медиҳад, ки ман баъҳои молиявиро барои инкишофи соҳаҳои асосӣ ва бахшҳои мушах хаси иқтисодӣ истифода намояд. Ба таркиби даромади буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пардохту андозҳое дохил мешаванд, ки дар асоси Кодекси андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳар сол қабул мегарданд, муайян карда ме шаванд. Манбаъҳои даромади муқарраршуда имконияти ҳалли масо или иҷтимоию иқтисодиро пурра ё қисман таъмин карда метавонанд. Дар мавриде ки манбаи даромади муқарраршуда фаъолияти иқтисодӣ ва идораи онро таъмин карда натавонад, давлат аз механизми муноси батҳои буҷетӣ истифода мекунад.
Давлат барои имконияти танзими иқтисодиёт ва ҷобаҷогузории ис теҳсолоту инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда механизми муносибат ҳои байнибуҷетиро истифода мебарад. Механизми буҷетӣ вобаста ба талаботи бозор воситаи бавуҷудорандаи сохти таркибии иқтисодиёти дорои сатҳи муайяни рақобатпазир мебошад. Амалӣ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба танзимдарорӣ, ҷалб ва истифодаи мақсадноки сармоягузориҳои хориҷӣ ва роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои беруна, таъмини уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои сиёсӣ ва мо лиявии байналмилалӣ ва давлатҳои дигари хориҷӣ дар буҷети ҳарсола инъикос мегардад.
Буҷети давлатӣ захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молияи давлатӣ оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб ёфта, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи дав латӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузо штаро иҷро менамоянд.
Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама, даромад ва хароҷоти давлатро ба назар мегирад. Буҷет аз ҷониби мақомоти қонунгузор – Маҷлиси намояндаго ни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ карда мешавад. Буҷети солона барои як соли молиявӣ тартиб дода мешавад. Он ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад.
Вазифаҳои асосии буҷет инҳоянд: 1) Тақсимоти даромади мил- лӣ ва ММД; 2) Танзими давлатӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёт; 3) Таъмини молиявии сиёсати иҷтимоии давлат; 4) Назорат аз ҷамъо- варӣ ва истифодабарии фонди марказонидашудаи маблағҳои пулӣ.
Таркиб ва сохтори буҷети давлатӣ. Сохтори буҷет ташкили ни зоми буҷетӣ ва принсипҳои сохти он мебошад. Сохтори буҷет аз рӯи принсипҳои ягонагӣ, пуррагӣ, ошкорбаёнӣ ва мустақилияти ҳамаи на мудҳои буҷет, ки бо низоми буҷет дохил мешаванд, асос меёбад.
Сохтори буҷет, ташкили буҷети давлатӣ ва низоми буҷети мамла кат, муносибати байниҳамдигарии сатҳҳои ҷудогонаи буҷетҳои ба низо ми буҷетӣ дохилшаванда, таркиби буҷетҳо, тарафҳои расмии ташкилё бии он ва истифодабарии воситаҳои буҷетиро муайян менамояд. Қисми таркибии сохтори буҷетро низоми буҷетӣ ташкил медиҳад. Маҷмӯи бе шумор ва ё намудҳои буҷетро низоми буҷет меноманд. Низоми буҷет аз маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи асосёфтаи буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ иборат мебошад. Асосҳои сохтори буҷет аз рӯи сохтори давлатии мамлакат, аз рӯи санадҳои асосии қонунгузорӣ, нақши буҷет дар такрористеҳсолкунии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва раван дҳои иҷтимоии он муайян карда мешавад. Низоми буҷет аз шакли сох тори давлатӣ вобаста аст. Аз рӯи тақсимоти ҳокимият байни марказ ва сохторҳои марзию маъмурӣ, давлатҳо ба давлати унитарӣ, федеративӣ ва конфедеративӣ тақсим мешаванд. Низоми буҷети давлатҳои феде ративӣ аз 3 сатҳ: буҷети федератсия; буҷети субъектони федератсия ва буҷетҳои маҳаллӣ иборат мебошад.
Давлати унитарӣ шакли сохти давлатие мебошад, ки дар давлат сарқонуни ягона, ҳуқуқҳои умумӣ амал мекунанд. Низоми буҷети дав латҳои унитарӣ аз ду сатҳ: буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети маҳаллӣ иборат мебошанд.
Алоқаи байниҳамдигарии звеноҳои ҷудогонаи буҷет, ташкилёбӣ ва принсипҳои сохтори буҷавиро сохтори буҷет меноманд. Низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии асосёфтаи буҷети ҷумҳурӣ, буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва буҷети воҳидҳои марзию маъмурӣ иборат мебошанд ва 152
азбаски давлати мо унитарӣ мебошад, низоми буҷети мо аз ду сатҳ ибо рат аст: 1) Буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ; 2) Буҷетҳои маҳаллӣ.
Низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зе рин асос меёбад: 1) Ягонагии низоми буҷети давлатӣ; 2) Тафриқаи да- ромаду хароҷот байни сатҳҳои гуногуни низоми буҷет; 3) Баробарии буҷетҳо; 4) Истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ; 5) Пардохтҳои пурраи хароҷоти буҷетҳо; 6) Ошкоро будани буҷетҳо; 7) Мустақилии ҳамаи буҷетҳо; 8) Инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷет.
Даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби андозҳо буда, даромадҳо барои маблағгузори соҳаҳои гуногу ни ҷомеа бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодӣ равона карда мешаванд.
Самтҳои асосии буҷети давлатӣ, аз ҷумла буҷети ҷумҳуриявӣ ба му соидати ҳамаҷонибаи рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, танду рустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон дар асоси марҳила ба марҳила зиёд намудани музди меҳна ти кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат бо назардошти бо ҷубронпулӣ ва дигар намуди кумакпулиҳо таъмин намудани аҳолии камбизоат равона карда шудааст.
Таҳияи буҷет бояд ба якхелагии буҷет тобеъ гардонда шавад:
Хароҷот барои хари + Трансферҳо = Даромади андозҳо ди молҳо ва хизмат ва боҷҳо
ТРАНСФЕРТ (БУҶЕТӢ) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои сатҳи поёнӣ гузаронидани пул бо мақсади пур намудани онҳо мебошад.
Ҳангоми ба ҳам мутобиқ омадани даромад ва хароҷоти ҳукумат, буҷети давлатӣ баробаркардашуда номида мешавад. Ин барои дилхоҳ молияи давлатӣ ҳолати идеалӣ (идеали мутлақвақте ки даромади буҷет аз хароҷот зиёд буда, маблағ ба пасандози давлатӣ барои дар оянда ис тифода кардан гузошта мешавад) ба ҳисоб меравад.
Лекин идоракунии қотеъонаи молияи давлатӣ аз рӯи нақшаи Дик ксен – дар асоси буҷети ягона хеле мушкил аст: нафақахӯрон, соҳаҳои дар ҳолати буҳронӣ қарордошта, омӯзгорон, олимон, қувваҳои мусал лаҳ аз ҳукумат хароҷоти нав ба навро ба таври доимӣ талаб менамоянд. Номгӯйи мазкури талабкунандагон ниҳоят муассир аст. Ҳар як талаб кунанда асоси худро дорад, лекин захираҳои молияи давлатӣ низ бео хир нестанд.
Мафҳуми каср ва изофагии буҷети давлатӣ. Давлат агар тамо ми хоҳиши талабкунандагонро иҷро намояд, он гоҳ, дар вазъияте қарор хоҳад гирифт, ки дар он маблағҳои хароҷотӣ аз даромади эҳтимолии давлат аз ҳисоби андозбандӣ барзиёд мегардад. Ба таври дигар, қисми чапи баробарӣ назар ба қисми рости он зиёд мегардад ва ягонагии буҷет ба нобаробарӣ табдил меёбад:
Хароҷот барои ( хариди молҳо ва хизматрасониҳо
+
Трансферҳо
=
Даромади
андозҳо ва ) > 0 ,
боҷҳо
яъне буҷети давлатӣ бо каср (камчинӣ) таҳия карда шудааст.
КАСРНОКИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ вазъи молиявиест, ки дар натиҷаи аз ҷониби давлат ба нақша гирифта шудани хароҷоти барзиёд назар ба даромади воқеии буҷет ба вуҷуд меояд.
Буҷети давлатӣ, дар тӯли зиёди солҳои 90ум камчин буд. Давлат барои рӯйпӯш намудани норасоии молиявӣ аз аҳолӣ ва ширкатҳо бо ба фурӯш баровардани қоғазҳои қиматнок (УДХ – уҳдадориҳои давлатии хазинавӣ), дар асоси ваъдаи даромади калон фаъолона қарз мегирифт. Ин сиёсати хатарноки молиявӣ мамлакатро ба буҳрони қарз оварда расонид. Давлат имконияти баргардонидани қарзи худро пайдо накард. Танҳо аз ибтидои асри ХХI сар карда, ба туфайли зиёд гардидани даро мади андозӣ ва пардохтҳои дигар, буҷети мамлакат баробар ва изофагӣ гардид.
ИЗОФАГИИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ вазъи молиявиест, ки дар натиҷа аз ҷониби давлат хароҷоти кам дар назар гирифта шуда, даромади воқеӣ аз ҳисоби тамоми андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба вуҷуд меояд.
Хароҷот барои ( хариди молҳо ва хизматрасониҳо
– буҷет бо изофагӣ таҳия карда шудааст.
Давлат чӣ гуна метавонад назар ба даромаде, ки аз шаҳрвандон ва
ширкатҳо мегирад, хароҷоти бештар намояд? Он чӣ гуна метавонад аз уҳдаи ҳалли касри буҷет барояд?
Таҷрибаи ҷаҳонӣ чор усули асосии ҳалли ин масаъаларо медонад: 1) Кам намудани хароҷоти буҷет; 2) Пайдо кардани сарчашмаҳои илова- гии даромад; 3) Барориш (эмиссия)-и пулҳои таъминнабуда, ки барои мо- лиякунонии хароҷоти давлатӣ истифода мешаванд; 4) Гирифтани қарз аз шаҳрвандон, бонкҳо, ширкатҳо, дигар мамлакатҳо ва ташкилотҳои молиявии хориҷӣ.
Кам кардани хароҷоти буҷет. Ин усули бартараф намудани кам чинии буҷет зоҳиран аз ҳама одӣ, лекин дар ҳақиқат аз ҳама мушкил (дардманд) мебошад. Давлат одатан он эҳтиёҷи ҷамъиятро маблағ гузорӣ мекунад, ки дигар ягон нафар инро намехоҳад ё наметавонад. Бинобар ин кам намудани хароҷоти буҷет ҳатман оқибатҳои номатлубро ба амал меорад. Масалан, дар Тоҷикистон давлат то ҳол қисми бештари хароҷоти нигоҳ доштани хоҷагии манзилию коммуналӣ (гармидиҳӣ, об, таъмири биноҳо)ро маблағгузорӣ мекунад ва норасоии маблағҳоро ба рои пардохти нафақаи шаҳрвандон таъмин менамояд.
Бешубҳа, ихтисор гардидани барномаҳои иҷтимоӣ, кумакпулӣ ва трансфертҳо одатан ба афзоиши шиддатнокӣ дар ҷамъият сабаб гарди да, муътадилии сиёсиро халалдор месозад. Бинобар ин ҳукумат ба чу нин рафтор дар навбати охирон, яъне дар сурати муяссар нагардидан бо истифода аз се усули дигари бартараф кардани камчинии буҷет даст мезанад.
Пайдо кардани сарчашмаҳои иловагии даромад. Усули аз ҳама беҳтарини пӯшондани касри буҷет ҷалби даромадҳои иловагӣ ба шумор меравад.
Амалан ҳалли масъалаи мазкур мушкил аст. Дар ин ҷо метавонад кӯ шиши зиёд намудани андозҳо ва пардохтҳо ҷой дошта бошад, лекин ин усули хатарнок ба шумор меравад. Зеро илми иқтисодӣ исбот намудааст, ки аз меъёр зиёд баланд намудани андозҳо ва пардохтҳо на ба афзоиши даромади андози давлат, балки барои камшавии он боис мегардад.
Ин ду сабаб дорад:
1) Одамон ҳавасмандиро нисбат ба меҳнат гум менамоянд, агар қисми зиёди музди меҳнати онҳоро давлат гирад;
2) Одамон ба пинҳон намудани даромади худ аз андозбандӣ шурӯъ ме- кунанд ва дар ин ҳолат «иқтисодиёти пинҳонӣ» (соҳаи фаъолият, даро- мадҳо аз андозбандӣ пинҳон карда мешавад) дар мамлакат зуд инкишоф меёбад, муносибатҳои хоҷагӣ бошанд, криминалӣ мегарданд.
Ҳолати мазкур дар графики пешниҳоднамудаи иқтисодчии амри коӣ Артур Лаффер ба хубӣ аён аст, ки ба шарофати ӯ каҷхатаи Лаффер номгузорӣ гардидааст. Каҷхатаи мазкур дар расми 15.2. нишон дода шудааст.
Дар графики мазкур ду хатро мебинем. Якум – каҷхатаи гипотети кии ҷамъкунии андозҳо – суммаи мутлақи даромади андоз ба буҷет, ки ҳангоми баланд гардидани меъёри андозситонӣ зиёд шудааст, нишон медиҳад, ҳатто агар андозаи он байни одамон ва фирмаҳо фарқ надо шта бошад ҳам. Лекин, дар воқеъ бузургии ин меъёр қариб диққати ҳа маи андозсупорандагонро бениҳоят ҷалб менамояд, ки чунин афзоиши даромади буҷет ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Баръакс, маҳз инро каҷхатаи
Лаффер нишон медиҳад, ки ба ҳудуди муайян зиёдшавии меъёри андоз ситонӣ аллакай на ба афзоиш, балки ба камшавии бузургии мутлақи да ромади воситаҳои пулӣ ба буҷет меорад.
Барориш (эмиссия)и пулҳои таъминнабуда. Усули аз ҳама са бук ва хатарноки «дарбеҳ кардани сӯрохӣ»и буҷетбарориш (эмиссия)и воситаҳои пулӣ мебошад, ки аз талаботи ҳақиқии иқтисодиёт зиёд ме гардад. Чунин усули пӯшондани камчинии буҷет монанд ба мухаддироти молиявӣ аст – дард ва бонги хатарро муваққатан табобат мекунад, лекин боз пастшавии вазъияти иқтисодиро ба вуҷуд меорад.
Сабаб одист: бозори умумимиллӣ ба эмиссияи пул бо баландшавии нарх ва ғайбзании молҳо аз пештахта зуд вокуниш нишон медиҳад (агар давлат кӯшиш намояд, ки ба афзоиши нарх маҳдудият муқаррар намо яд). Бинобар ин бурди буҷет дурудароз намегардад.
Ба ғайр аз ин, таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки буҷет дар му собиқа бо беқурбшавии пул доимо бой медиҳад. Зеро хароҷот имрӯз бо нархҳои ҷорӣ ҳисоб карда мешаванд, андоз бошад, ҳама вақт аз дарома ди рӯзи гузашта гирифта мешавад, ки бо сатҳи нархи кӯҳна муайян карда шудааст. Дар натиҷа камчинӣ кам нагардида, баръакс зиёд мешавад.
Дар баъзан кишварҳо давлат кӯшиш мекунад андозро пешакӣ, яъне дар шакли пешпардохт, то гирифта шудани даромади воқеӣ ситонад. Фаҳмидан душвор нест, ки чунин таҷриба фаъолияти фирмаҳоро аз меъ ёр зиёд душвор гардонда, маҷбур мекунад даромади худро аз андозси тонӣ пинҳон намоянд.
Гирифтани қарзи пулӣ. Давлат ҳангоми камчинии воситаҳои пулӣ метавонад онро ба монанди шаҳрвандон аз фирмаҳо қарз гирад, то он ки нобаробарии буҷет боз ба мувозинат табдил дода шавад. Дар ин холат баробарӣ намуди дигар мегирад:
Ҷамъоварии андозҳо (бо %)
Хароҷот барои хариди + Трансферҳо = Даромади андоз + Қарзҳо
молҳо ва хизматрасониҳо
Давлат аз кӣ метавонад пул қарз гирад?
ҳо ва боҷҳо
Пеш аз ҳама, аз бонки давлатӣ. Ин усул аз солҳои 90ум дар кишва ри мо истифода мегардад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ», ба Бонки миллӣ иҷозат дода шудааст, ки ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пӯшонидани камчинии буҷети ҷумҳуриявӣ ва ба шарти фоизнок баргардонидан қарз пешниҳод намояд.
Лекин имконияти қарздиҳии давлат аз ҷониби Бонки миллӣ одатан маҳдуд мебошад. Ғайр аз ин, баробари аз Бонки миллӣ гирифтани воси таи пулӣ, давлат он даромадҳоеро, ки вай ҳамчун соҳиби бонки мазкур метавонад гирад, аз даст медиҳад. Бинобар ин гирифтани қарзи пулӣ аз шаҳрвандон ва ташкилотҳои мамлакат судмандтар аст. Чунин шакли ги рифтани қарз гуногун шуда метавонад, лекин одатан бо роҳи фурӯши қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба амал бароварда мешавад.
Фаҳмост, ки гирифтани қарз як масъаларо ҳал намуда (маҳз камчи нии пул дар шароити имрӯза), фавран масъалаи дигарро ба вуҷуд меорад яъне пагоҳ зарурати пайдо кардани пул барои пардохти қарз ба вуҷуд меояд. Азхудкунии воситаҳои пулӣ ҳамин тавр қарзи давлатиро ба вуҷуд меоранд.
ҚОҒАЗҲОИ ҚИММАТНОКИ ДАВЛАТӢ уҳдадории давлат оид ба баргардонии маблағи қарзии гирифташуда ва ҷамъи фоиз ба рои истифода бурдани пулҳои мазкур аст.
ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ маблағи қарз аст, ки аз тарафи мақомо ти давлатӣ гирифта шуда, ҳоло ба қарздиҳанда баргардонида нашудааст.
Қарзи давлатӣ ду намуд шуда метавонад: 1) Қарзи дохилӣ – назди шаҳрвандон, бонкҳо ва фирмаҳои мамлакати худ, инчунин хориҷиёне, ки қоғазҳои қиматноки қарзии (вомбарҳои) дохилиро хариданд;
2) Қарзи берунӣ назди ҳукуматҳо, бонкҳои байналхалқӣ ва созмон ҳои молиявӣ, ки воситаҳои пулиро дар асоси созишномаи ҳукуматӣ ҳам чун қарз пешниҳод намудаанд.
Аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон имрӯз бо қарзҳои калони давлатӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳатто дар мамлакатҳои тараққикарда бузургии қарз ҳои давлатӣ баробари 100% ММДи мамлакат мебошад.
Агар қарз давлатӣ бошад, аҳолӣ дар ин ҷо чӣ гуноҳ дорад? Дар воқеъ, дар ин маврид баргардонидани он бо фоиз аз ҳисоби ситондани андозҳо аз аҳолии мамлакат ба амал бароварда мешавад. Пас, масъалаи ҷалби арзҳои хориҷӣ бевосита ба манфиати ҳар як шаҳрванди мамлакат зара ри худро мерасонад.
Ҳангоми оқилона истифода шудани қарзи давлатӣ, иқтисодиёти мамлакат хароб намегардад ва ба муноқишаи сахти иҷтимоӣ намеорад. Лекин агар маблағҳои пулии дар шакли қарз ҷалбгардида ғайримақсад нок истифода гарданд, таъминоти қарз вазъи буҷетро душвор мегар донанд. Солҳои 90ум ин вазнинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон чунин душвориро овард, ки ҳукумат аз пардохти уҳдадории худ оид ба уҳда дории давлатии хазинадорӣ даст кашид. Дар натиҷа ин боиси буҳрони молиявӣ дар мамлакат гардид ва ба муфлисшавии бисёр бонкҳо овард, ки аз ҳукумат бо пулҳои амонатгузорони худ уҳдадориҳои давлатии хазинадориро харидорӣ карда буданд. Мувофиқан амонатгузорон низ пулҳои худро аз даст доданд. Имрӯз Тоҷикистон қарзҳои берунии дав латии худро вобаста ба муҳлати он аз ҳисоби буҷети мамлакат баргардо нида истодааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1уми январи соли 2015, 2095,9 млн. доллари ИМАро ташкил додааст, ки баробари 22,7%и ММД мамлакат мебошад ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 3 фоиз кам шудааст. Қарзи бе рунии Тоҷикистон асосан ба Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёи рушд ва Эксимбонки Ҷумҳурии халқии Хитой рост меояд.
Қарзи дохилӣ бошад, дар охири соли 2014 баробари 4,9%и ММД ро ташкил дода, нишондиҳандаи мазкур бо ифодаи номиналӣ ба 2,37 млрд. сомонӣ баробар шудааст. Қарзи дохилӣ иборат аст аз: вексели давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 236 млн. сомонӣ; векселҳои хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 153,8 млн. сомонӣ; векселҳои давлатӣ барои азнавсармоягузории Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 520 млн. сомонӣ; векселҳои давлатии хазинавӣ ба муҳлати 91 рӯз барои пӯшон дани камчинии буҷет ва ғайра.
Ҳамин тавр, гирифтани воситаҳои пулӣ ҳамчун қарз қарзи давла тии берунӣ ва дохилиро ба вуҷуд меорад. Пардохткунандаи ниҳоии ин қарзҳо дар воқеъ, шаҳрвандони мамлакат ба ҳисоб мераванд, зеро қарз ҳо дар оянда маҳз аз гирифтани андоз аз даромади онҳо баргардонида мешаванд.