Моҳият ва намудҳои рушди иқтисодӣ. Усулҳои ченкунии рушди иқтисодӣ
Чи тавре ки дар бобҳои пештара қайд намудем, талаботи инсон но маҳдуд буда, афзоянда аст: чун як талаботаш қонеъ гардид, ҳатман тала боти нави дигараш пайдо мегардад. Ғайр аз ин аҳолӣ дар рӯи Замин сол то сол зиёд мешавад, мувофиқи ҳисоби ҷойдошта ин шумора чунин тағй ир ёфтааст: соли 1930 – 2 млрд, соли 1975 – 4 млрд, соли 2011 – 7 млрд. ва ё ин ки аз рӯи пешгӯии олимони соҳаи демография, соли 2020 аҳолии кураи Замин то ба 8 млрд. мерасад (расми 16.1).
Рушди иқтисодӣ яке аз масъалаҳои муосири иқтисодӣ ба ҳисоб раф та, тавассути тағйироти он, ба дараҷаи инкишофи иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳо медиҳанд.
Рушди иқтисодӣ ба мамлакат имконияти ҳар чӣ зиёдтар истеҳсол ва таъмин намудани манфиатҳо ва хизматрасониҳои гуногунро медиҳад. Дар бораи рушди иқтисодӣ ҳамон вақт сухан рондан мумкин аст, ки агар афзоиши истеҳсолот на бо роҳи маҷбурию зӯроварӣ, балки мунтазам дар ҳолати муътадилии фаъолияти хоҷагидорӣ таъмин карда шавад.
Дар илми иқтисодӣ ақидаи ягона оид ба таърифи рушди иқтисодӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин рушди иқтисодӣ мувофиқи консепсияҳои миқдорӣ ва миқдорию сифатӣ таъриф дода мешавад.
Мувофиқи консепсияи миқдорӣ рушди иқтисодӣ гуфта, афзоиши миқдории ҳаҷми нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро (маҷмӯи маҳсу лоти дохилӣ ва даромади миллӣ) меноманд.
Мувофиқи консепсияи миқдорию сифатӣ бошад, рушди иқтисодӣ гуфта, такмилдиҳии миқдорию сифатии истеҳсолот ва зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти дохилиро меноманд, ки дар ҳалли масъалаи маҳдудияти за хираҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ кумак мекунад.
Асосан се шакли рушди иқтисодиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:
1) Рушди иқтисодии экстенсивӣ – афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳ сулоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби истифодаи омилҳои иловагии истеҳсо лот. Дар ҳолати ҷой доштани ин шакли рушди иқтисодӣ афзоиши маҳ сулот дар асоси афзоиши шумораи коргарон ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолӣ ба даст меояд, аммо истеҳсоли маҳсулот ба ҳар як коргар бе тағйир мемонад.
2) Рушди иқтисодии интенсивӣ – афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсу лоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби истифодаи самаранок ва мукаммал наму дани омилҳои истеҳсолот (хусусан, техника ва технология). Аз ҷумла ис тифодаи қувваи кории тахассуснок, захираҳои камхарҷ ва технологияи пешқадам ба таъмини чунин шакли рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
3) Рушди иқтисодии омехта – афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз ҳисоби зиёд намудани шумораи омилҳои иловагии ис теҳсолот ва такмилдиҳии техникаю технология.
Рушди иқтисодӣ ба воситаи нишондиҳандаҳои зерин чен карда мешавад:
А) Нишондиҳандаи суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), ки аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ММД1
ро меноманд, ки нархҳо ба миқдори 100% ё ин ки аз ҳама бештар тағй ир ёфта бошанд). Дар ин ҳолат рушди иқтисодиро дар асоси тағйирёбии ММД-и ҳақиқӣ баҳо додан зарур аст, яъне ҳаҷми ММДро аз таваррум тоза намудан лозим аст.
Б) Барои нишон додани миқдори мутлақи афзоиши ММД аз нишон диҳандаи афзоиши ҳаҷми ММД низ истифода мекунанд, ки аз рӯи фор мулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
∆ММД=ММД –ММД 10
В) Баъзе аз иқтисодчиён нишондиҳандаи ММДро ба сари аҳолӣ (ММД(S)) ҳамчун нишондиҳандаи асосии рушди иқтисодӣ маънидод мекунанд, ки формулаи ҳисобкунии он намуди зеринро дорад:
160
ММД∆ =
Дар ин ҷо: ММД – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли ҷорӣ;
× 100%
ММД0
ММД – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли ҳисоботӣ (базавӣ), (соли
1
0
базавӣ ё базисӣ гуфта, аз миқдори умумии солҳои таҳлилшаванда соле
ММД
ММД(S) =
S
Дар ин ҷо: S – шумораи аҳолӣ мебошад ва ММДро ба сари аҳолӣ тақсим карда, фаҳмидан мумкин аст, ки ба ҳар сари аҳолӣ чӣ қадар мера сад. Агар ҳангоми ҳисоб ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ кам бошад, пас, сатҳи зиндагии одамон паст аст. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мам лакат рушди иқтисодӣ таъмин нагардидааст ё ин ки суръати афзоиши рушди иқтисодӣ аз суръати афзоиши аҳолӣ паст аст ва баръакс.