• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Модарномаи Лоиқ Шералӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Модарномаи Лоиқ Шералӣ / Иншо

6 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.08.2022

Мавзӯъ: Модарномаи Лоиқ Шералӣ

Нақша:

  1. Нахустин қадамҳои эҷодии шоир дар мавзӯи модар
  2. Ақидаҳои сухан шиносон нисбат ба модарномаи Лоиқ Шералӣ
  3. Садоқату меҳрубониҳои фарзанд дар шеърҳои шоир

Хулоса

Лоиқ Шералӣ шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Суханвар 30 июни соли 2000-ум бар асари бемории сактаи дил ҷаҳонро падруд гуфт. Оромгоҳи устод Лоиқ Шералӣ дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Адиб Лоиқ Шералӣ нахустин қадамҳои эҷодияшро дар мавзӯи модар оғоз кардааст. Аз аввалин шеърҳои шоир “Ба модарам” ном дорад, ки бори аввал ибтидои соли 1965 ба табъ расидааст. Баъдҳо ин мавзӯъ дар тами эҷодиёти шоир мавқеи аввалиндараҷа пайдо намуд. Вақте ки “Дасти дуои модар” соли 1991 ба табъ мерасад, маҷмӯаи шоир аз панҷоҳу панҷ шеър ба модар ва зан бахшида шудааст. Ҳамаи ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ, аз ҷумла шеърҳои “Модар”, “Суруди модар”, “Қарз”, “Қасидаи модар “, “Ҷомаи гадоӣ”, “Чордард”, “Ту монанди замин танҳои модар”, “Дар сари гӯр”, “Ҳасрат”, “Муноҷот ба модар”, “Дасти дуои модар” ҷовидонаанд.

Суханшиносон Модарномаи Лоиқ Шералиро дар радифи модарномаҳои Мирзо Турсунзода, шоирони эрони Эраҷ Мирзо, Раҳийи Муҳайирӣ, “Эй вой модарам” ном шеъри машҳури Шаҳриёр, “Мактуб ба модар” ва “Мактуби модар” ном шеърҳои шоири рус Сергей Есенин гузашта услуби нигориши онро осонфаҳм ва баланлмазмун гуфтаанд.

Садоқату Меҳрубониҳои фарзандро дар модарномаи Лоиқ дида мешавад. Шоир ҳатто устод, пир, қиблагоҳ барин тафсифро ва унвонҳои ифтихории ба парда ва мард таалуқдор ба модар нисбат дода мешавад. Сар то пойи Модарномаи устод Лоиқро пайванди ҷисмониву рӯҳонии модари ғамхору фарзанди сипогузор фаро гирифтааст. Дар шеъри “Муноҷот ба модар” таркибҳои айёми пирӣ, чашмони килебину обрав, боли абрӯвони шикаста, ларзиши дасту сару абрӯю лаб ва оҳҳои пурдарду алам андешаи шоирро дар бораи рӯзгори ба сар омадаи модар ифода мекунад.

Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!

Хулоса, силсилаи шеърҳои ба модар бахшидаи устод Лоиқ чун беҳтарин дастоварди адабиёти давраи нави тоҷик эътибор дорад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат