• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мирзо Турсунзода – таранумгари сулҳ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мирзо Турсунзода – таранумгари сулҳ / Иншо

6 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
20.08.2022

Мавзӯъ: Мирзо Турсунзода – таранумгари сулҳ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мирзо Турсунзода – таранумгари сулҳ

Хулоса

Ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам. (Чингиз Айтматов, нависандаи бузурги қирғиз)

Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии худро аз матбуот, аниқтараш аз рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар театр, иттифоқи нависандагон ва дигар сохторҳои давлатӣ пурмаҳсул кор кардааст. Устод Турсунзода аз соли 1946 то охири умр ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, дар ташаккули адабиёт нақши назаррас дорад. Даҳҳо эҷодкорони ҷавон бо маслиҳату раҳнамоии мавсуф аз як зина ба зинаи дигари адабиёт қадам зада, ба қуллаи мурод расидаанд. Барҳақ шоири халқии Тоҷикистон Мўъмин Қаноат дар ситоиши устод Турсунзода гуфтааст:

Барои ҳурмати мўи сафедаш,
Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.
Барои дил, дили оинавараш,
Ки аз чашму нигоҳи ў падидаст…
Қасам ҷону виҷдони ҷавонам:
Агар дар шеър қутби нав кушоям,
Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям,
Ба пеши пои ў таъзим намоям.

Меҳрномаи Мўъмин Қаноат далели одамият ва бузургии Мирзо Турсунзода мебошад. Маҷмўаи нахустини ў «Байрақи Зафар» соли 1932 аз чоп баромад. Баъдан соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва баҳор» ба табъ расид, аз самимияту ҳиссиёти баланд, забони соддаву равон, образҳои аниқу айёнӣ, навоварӣ дар шаклу мазмун гувоҳӣ дод.

Дар солҳои Ҷанги Бузуги Ватанӣ мавзўи ватандўстӣ дар ашъори Турсунзода боз ҳам вусъат ёфта, андешаҳои меҳандўстии шоир дар навиштаҳои «Хайр, модари азиз», «Баҳодурии тоҷик», «Ҳамшираҳо», «Роҳи оҳан», «Ба ҷанг» баръало намудор гашт.

Калонтарин асари М.Турсунзода достони «Писари Ватан» мебошад. Мавзўи достони иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мубозаи фаъолонаи онҳо бар зидди фашистонро фаро мегирад. Қарамонҳои асосии достон Қодир, Саодат, Микола, Марина ҳамчун фарзандони фидокору вафодори Ватан аз худ маҳорати беҳамто нишон дода, образи халқро ба вуҷуд овардаанд.

Асарҳои мансуру мазмуни Мирзо Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ», «Води Ҳисор», «Қисcаи Ҳиндустон» «Ман аз шарқи озод» «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё» «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл» бо фарогирии муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа мисли гулҳои муаттар ба боғи адабиёти ҷаҳонӣ накҳати тозае зам карда, эътибори ўро миёни адибони номдор зиёд гардонид.

Тасвири образи модар, бонувон низ дар эҷодиёти шоир равшан ба назар мерасад. Ба андешаи ў баробарҳуқуқии марду зан ва иштироки фаъоли бонувон дар кори давлатӣ омили асосии пешрафти мамлакт аст. Дар ин бора хеле хуб фармудааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакт аз дасти зан гулзор шуд.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Хизматҳои содиқонаи ин шоири бузурги миллатро хақи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш наҳоҳад кард. Ҳамин аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмолмалӣ Раҳон 7-уми майи соли 2001 ба шори халқии Тоҷикстон Мирзо Турсунзода унвони олии Қаҳрамони Тоҷикстон дода шудааст.
Халқи тоҷик хидматҳои содиқонаи ин фарзанди барўмади худро қадр намуда, донишгоҳ, шаҳр ва кўчаву хиёбонҳоро ба номи ў гузоштааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат