Мирзо Турсунзода — шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ
Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоире шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи муборизи сайёра — Осиё ва Африқо хизматҳои шойиста ба ҷо овард. Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи тараққиёти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни мамлакатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд. Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт. Мирзо Турсунзода ҳамчун як фарди фарҳангии ниҳоят фаъол ва мубориз аз ибтидои солҳои сиюми асри бист то анҷоми умри пурбаракати худ дар навсозии Тоҷикистон, тараққиёти адабиёт, илм ва ҳунари он саҳми арзанда гузошт.
Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзӯъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзӯи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯстӣ мо ҷилои тоза мебахшад.
Имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мароми сулҳ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дӯстиву бародарӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд ва мо барои татбиқи пайгиронаи онҳо кӯшиш менамоем. Ба ин маънӣ, шеърҳои устод Турсунзода ҷавҳари суннатҳои неку писандидаи сулҳпарваронаи халқи моро ифода месозанд.
Хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувийяти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ “Қаҳрамони Тоҷикистон” эътироф гардидааст.