• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мирзо Сироҷ ва мероси адабии ӯ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мирзо Сироҷ ва мероси адабии ӯ / Иншо

5 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мирзо Сироҷ ва мероси адабии ӯ

Нақша:

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Мирзо Сироҷ
  2. Мероси адабии ӯ
  3. Ҷаҳонбинй ва ақидаҳои иҷтимоии Мирзо Сироҷ

Хулоса

Мирзо Сироҷиддини Ҳаким, ҳарчанд ки дар шеър забардасту бузург ва шоири пурмаҳсул буд, вале ӯ дар адабиёти аввали асри бист ҳамчун нависандаи боистеъдод эътироф карда шудааст. Мирзо Сироҷ соли 1877 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Падари Мирзо Сироҷ Ҳоҷй Абдурауф Мирзохӯрд, ки дар ҳамин шаҳр ба касби саррофй машгул будааст, аз’шахсони давлатманди Бухоро ба ҳисоб мерафт. Падари Мирзо Сироҷ, ки аз табақаи тоҷирон буд, саъю кӯшиш намудааст, ки фарзанди ҳудро ба усули нав таълим диҳад, ба ӯ забонҳои аврупоиро омӯзонад. У дар як вақт ҳам ба корҳои тиҷорат машғул мешуд ва ҳам забонҳои мухталифро меомӯхт. У ҳангоми касби саррофй бо табақаҳои гуногуни мардуми русу аврупо ошноӣ пайдо кард ва дар бораи инкишофу пешрафти иқтисодию мадании кишварҳои гуногун маълумоти муфассалу хубе низ ба даст овард. Дар ҳамин солҳо фаъолияти адабию маъорифпарварии Мирзо Сироҷиддин хеле равнақу ривоҷ ёфт. Мирзо Сироҷ соли 1907 асари машҳури худ «Туҳафи аҳли Бухоро»-ро эҷод намуд, ки дар оянда ба ӯ маъруфияти зиёде овард. Мирзо Сироҷ соли* 1912 дар синни 36- солагй дар Бухоро вафот намудааст. Марги Мирзо Сироҷ барои адабиёти маорифпарварии он замон талафоти бузург буд. Устод Садриддин Айнй ҳам бо афсӯсу надомат хеле таъсирбахш бар марги Мирзо Сироҷиддин марсияе навиштаанд, ки чунин оғоз мешавад:

Оҳ, сад оҳ, ки барбаст абабӣ роҳи сафар,

Аз Бухоро суйи фирдавс яке допишвар.

Рафту дар маҳфили аҳбоб аз у нест нишон,

Рафту дар сафҳои айём аз у нест асар.

Оташ аз синаи ман дарзада дар пайкари ман,

Об ишв, об, зи ду чашми ман, эй хуни ҷигар.

Мирзо Сироҷиддини Ҳаким, ҳарчанд умри кӯтоҳе дида бошад дар назму наср ва жанри нави адабиёти мо, яъне публитсистика-матбуот мероси гание аз худ ба ояндагон боқӣ гузоштааст. Ба қавли худи Мирзо Сироҷ, ӯ шеърнависиро аз одони ҷавонй огоз карда будааст ва шоири бад ҳам набудааст. У ба адабиёти классикии форсу тоҷик ва эҷодиёти намояндагони барҷастаи он, махсусан ба эҷодиёти устод Рӯдакй, муҳаббат ва эҳтироми зиёде дошт. Дар баробари ин, дар адабиёти ибтидои асри XX пайдо шудани мавзӯъ ва оҳангҳои навро вобаста ба ҳаёти иҷтимоии он давр медонист. Мирзо Сироҷ дар як шеъри худ дойр ба ин масъала фикри худро равшан баён намудааст, ки чунин аст:

Мо ҷумчаи шоирон саросар,

Аз пой фитодаем яксар.

Дар васфи узору чашми шаҳло, Гуфтем қасидаҳои гарро.

Шоир баъди ин тахлилу баррасиҳои шеърй услуби кӯҳнаи шоиронро барои тасвири ҳаёти зиндаву воқеии халқ даъват намуда, менависад:

Кӯҳнапарастию таассуб биҳил,

Покзабон бошиву ҳам покдил.

Шеър бигу бо равшии легали,

Нест туро нисбате бо Рудакӣ.

Дар ҳақиқат, Мирзо Сироҷиддин дар шеърҳояш саъю кӯшиш намудааст, ки мавзӯъ ва мазмунҳои тозаи ҳаёт ва шарту шароити нави давру замонашро ба воситаи сухани манзум ифода кунад, назмро мувофиқи талаботу дархости замон ва барои қонеъ намудани завқу эҳтиёҷоти бадеии мардум исгифода намояд.

У дар як шеъри худ, ки дар тақлиди газали Шоҳин бо матлаи «Ёди он шабҳо, ки аз гетй фароғат доштам» навиштааст, аз ҳолу аҳволи рӯзгори гузаштаи мардуми кишвари худ ёдовар шудааст:

Ёд бод, эй дил, ки мо ҳам обрӯе доштем,

Дар гулистоии тамаддуп рангу буе доштем.

Солу моҳи саъду айёми накуе доштем,

Дар тараққӣ ҷидду ҷаҳду ҷустуҷуе доштем.

Ғайр аз ин, асари калони ӯ «Туҳафи аҳли Бухоро» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа аз намунаи беҳтарини насри адабии асри XX ба ҳисоб меравад. Тавре аз номи асар бармеояд, муаллиф онро барои мардуми Бухоро бахшидааст. Мақсади асосии Мирзо Сироҷ аз таълифи ин асар он буд, ки мардуми дар ғафлатмондаро барои ҳуқуқи инсонии худ, барои рушду нумӯи кишвару миллат бедор намояд ва дар Бухоро нури маърифату тамаддунро паҳн намояд.

Дар адабиёти ибтидои асри XX ба вуҷуд омадани асари гаронқадр ва сарчашмаи таърихие ҳамчун «Туҳафи аҳли Бухоро» як воқеаи хеле муҳиме буд, ки дар он андешаҳои пешқадами зидди амирй, ақидаҳои маорифпарварй ба таври барҷаставу равшан ифода ёфта буданд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат