Мирзо Абдулқодири Бедил — нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар
Ҷаҳони Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил бузургҷаҳони ниҳоят рангин ва фарох аст, ки бозкушоии он хеле мушкил аст. Талоши шинохти ростин тақозои фитрии сирати инсон аст ва шинохти мураббиёни маънавияту хиради инсонӣ амрест воҷиб ва муқаддас. Бедил шахсиятест, ки шабеҳи уқёнуси асрор ва маънӣ, бо розу ҷаззобият ва сеҳри маъруфияти бесобиқа. Сарманшаи ӯ аз минтақаи фарҳангии Хуросони бузург буд ва дар қалби Ҳинди гуҳарбор парвариш ёфт. Бедил ва сабки баланди ҳиндии ӯ на фақат доираҳои адабиро тасхир намуданд ва ба ҳунари мусиқӣ (бахусус, ‘’Шашмақом”-и безавол) ҳамроз гардиданд, балки ба ҳар ноҳия ва минтақа, ба ҳар маҳалла ва гузар ва муҳимтар аз он, ба ҳар хонадон роҳ ёфтанд. Ба шаҳодати таърих дар Хуросону Мовароуннаҳр чи дар шаҳрҳо ва водиҳо ва чи дар дараҳои кӯҳистон Бедил аз зумраи шоирони машҳуртарин ва маҳбубтарин буд: маҳфилҳои бедилхонӣ ва бедилфаҳмӣ фаъолияти густурдаи маърифатӣ доштанд.
Бедил дар оғози асри XXI пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дӯст — Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст. Панди бузурги ӯ дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мо ба манзури таъмини амнияту субот, пешрафт ва шукуфоии кишварҳо ва мардумони мост.
Даврони зиндагии Бедил замоне буд, ки дар тасаввури аксарият аҳди зарини адаб ва фарҳанги форсӣ паси сар гардида буд ва гӯё заминаи амалии зоҳир шудани нобиғаи шеър мисли Мирзо Бедил вуҷуд надошт. Вале хилофи он падидаи беназире зуҳур намуд, ки на фақат рӯҳи бузурги ин адиби дурахшонро комилан ҷилвагар сохт, балки сабки навинеро рушд дод ва ба авҷи худ бардошт, ки муддати тақрибан сесад сол дар Ҳинд, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳамчун дастоварди бузурги адабӣ пазируфта шуд ва интишори ниҳоят васеъ ёфт.