Механизми ба амалбарории нархи мувозинатӣ дар бозор
НАРХИ МУВОЗИНАТӢ нархест, ки имконияти фурӯхтани ҳа маи миқдори молҳоро медиҳад ва истеҳсолкунандагон (фурӯшан дагон) барои фурӯхтани он бо чунин нарх розӣ мебошанд.
Дар график чӣ гуна фаъолият кардани механизми бозориро дида мебароем.
Ҳолати мувозинати бозорро дар график омӯхтан мумкин аст, агар дар он каҷхатаи талабот ва таклифотро баробар тасвир намоем. Чӣ хеле ки мо мебинем, дар расми 3.8 дар яке аз нуқтаҳо онҳо якдигарро бури даанд. Аз нуқтаи буриши каҷхатаи талабот ва таклифот поён рафта, дар перпендикулярҳои хатти ордианатӣ «Нарх» ва дар абстсисса «Шумораи дучархаҳо» нишон дода шудаанд ва дарк менамоем, ки ин нуқтаҳо (ҳан гоми қисман доирашакл) дар координатҳои 68 ва 1250 ҷой доранд. Ба ибораи дигар, график нишон медиҳад, ки танҳо ҳангоми нарх баробари 1250 воҳиди пулӣ будан дар бозор ҳолати махсус ба вуҷуд меояд: яъне миқдори молҳое, ки истеҳсолкунандагон тайёр ҳастанд, онҳоро ба бозор (68 воҳид дучарха) пешниҳод намоянд, ба миқдори молҳое, ки харидо рон метавонанд харид намоянд, баробар мегардад.
Нуқтаи буриши каҷхатаи талабот D ва таклифот S ҳолати мувозина ти бозориро ифода мекунанд.
Дар ин расм маълум аст, ки ҳамаи се ҳолате, ки дар бозор имконпа зир аст: мувозинати бозор ҳангоми нарх Р* ва ҳаҷми харид Q* ); изофагии молҳо (ғункунӣ) ҳангоми нархи бозорӣ аз нархи мувозинатӣ баланд, яъне
Р1 будан; камчинӣ (норасоӣ)-и молҳо ҳангоми нархи бозорӣ аз нархи муво- зинатӣ, яъне Р2 будан ба вуҷуд меоянд.
Дар расми 3.9 раванди муваффақшавӣ ба мувозинати бозорӣ нишон дода шудааст. Дар ин ҷо аввал фурӯшандагон ба миқдори Q 1 молҳоро бо нархи Р1 ба фурӯш пешниҳод намуданд (нуқтаи В). Лекин бо ин нарх харидорон ҳаҷми камтари ин молҳоро харидорӣ карда метавонистанду халос. Он ба Q 2 баробар аст (нуқтаи А). Дар бозор ҳолати изофагии мол ҳо (ғункунӣ) дар ҳаҷми (Q –Q ) пайдо мешавад. Барои фурӯхтани ҳа 12 маи молҳои истеҳсолшуда фурӯшандагон маҷбур ҳастанд, ки нархро то сатҳи Р2 (нуқта С) паст намоянд. Маҳз ҳамин нархро онҳо дар оянда ба рои фаҳмидан ҳангоми муайян кардани ҳаҷми пешниҳоди миқдори нави молҳо ба бозор қабул намуданд.
Ҳангоми паст будани сатҳи нарх онҳо ҳаҷми молро баробари Q 3 миқдор пешниҳод карда метавонанду халос (нуқтаи D), лекин аллакай харидорон имконияти бештар (Q 1) харид кардани молҳоро доранд.
Маълум аст, ки мол камчин гашт, фурӯшандагон нархро баланд мебар доранд, то он вақте ки харидорон ба сатҳи харид намудани ҳамаи ҳаҷми молҳо Q 3 муваффақ нашаванд. Дар натиҷа нарх дар бозор то сатҳи Р3 (нуқтаи Е) баланд мегардад. Лекин бо чунин сатҳи нарх барои фурӯшан дагон минбаъд ба бозор пешниҳод намудани ҳаҷми бештари мол (Q 4) (нуқтаи F) фоиданок мегардад. Боз ҳолати мазкур изофагии молҳоро ба вуҷуд меорад. Фурӯшандагон маҷбур мешаванд, ки сатҳи нархро то сатҳи Р4 паст карда, минбаъд онҳо ба бозор Q 5 миқдори молҳоро пеш ниҳод намоянд.
Ҳар вақт раванди мувофиқгардонии бозории манфиатҳои фурӯшан дагон ва харидорон ба ташаккулёбии ҳаҷми фурӯш ва нарх оварда, ба ҳолати мувозинатӣ ҳар чӣ бештар наздик мешаванд. Дар графики 3.9 ба он нуқтаи буриши каҷхатаи талабот ва таклифот дар координатаҳо (Q*, Р*) мувофиқат мекунад.
Мутаассифона, ин нуқтаро танҳо дар китоби дарсӣ пайдо кардан осон мебошад. Дар ҳаёт бузургиҳои мувозинати бозориро бо усулҳои санҷиш ва иштибоҳ ёфтан зарур мешавад. Лекин агар раванди ташакку лёбии нархи бозорӣ бе ягон монеа гузарад, он гоҳ ҳолати мувозинатии бозор ба вуҷуд меояд. Тағйирёбӣ аз рӯи «доми мувофиқшавии бозорӣ» (он дар графики 3.10 пайвасткунии нуқтаҳои А, В, С, D, E, F, G, Hро ифода мекунад), яъне, бозор ба фурӯшандагон ва харидорон барои му айян кардани он нархе, ки тамоми ҳаҷми моли ба фурӯш пешниҳодшуда харидорӣ карда мешавад, кумак мерасонад. Бояд қайд намуд, ки ин ме ханизм ҳам дар ҳолати изофагӣ (ин вариантро дар боло дида барома дем) ва ҳам дар ҳолати камчинӣ баробар фаъолият мекунад.
Оё ташаккулёбии мувозинати бозорро идора кардан мумкин аст? Албатта. Барои ин дар таҷрибаи бизнес як қатор воситаҳои гуногун вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо тарғиб (реклама) мебошад.
Реклама яке аз усулҳои куҳнатарини ҳавасмандкунии фурӯш ба ҳи соб меравад. Муҳлати дуру дароз реклама ҳамчун усули монополикуно нии фаҳмиши харидорон ҳукмронӣ намуд. Дар вақтҳои охир нуқтаи на зари дурандешона бартарӣ пайдо кард, ки реклама дар худ танҳо шакли иттилоотдиҳиро ифода намуда, натиҷаи он аз хусусияти иттилооти ин тиқолшаванда вобаста мебошад. Бо вуҷуди ин воқеан нисбат ба таъсири рекламаҳо ба рафтори бозории харидорон бо нафаре баҳс кардан кори басо душвор аст.
Нарх бо ифодаи пулӣ
Мутобиқкунии механизми бозории манфиатҳои фурӯшанда ва ха ридорро таҳлил намуда, Адам Смит дар китоби машҳури худ «Тадқиқот оид ба табиат ва сабабҳои бойигарии халқ», ки соли 1776 аз чоп баро мадааст, чунин навишта буд: «Ҳар як инсон танҳо оид ба манфиати худ андеша мекунад, лекин дасти ноаёне ӯро ба самти дигар нигаронида, ба натиҷае меорад, ки вай худаш тамоман андеша накарда буд».
Он чизе, ки ба «дасти ноаён» тааллуқ дорад, имконият медиҳад, ки низоми иқтисоди бозорӣ фаъолияти миллионҳо одамонро ба ҳамдигар мувофиқ гардонад. Истилоҳоти зеринро дар замони Адам Смит иқтисо дчиён механизми нарх номиданд, ки дар иқтисоди бозорӣ нақши марка зиро мебозад. Маҳз нарх барои ҳамаи фурӯшандагон ва харидорон сар чашмаи асосии иттилоот оид ба вазъи кору фаъолият дар бозор гашта, таносуби пешниҳоди молҳо ва талаботро ба онҳо муайян мекунад.
МЕХАНИЗМИ НАРХ ташаккул ва тағйирдиҳии нархи бозор аст, ки дар зери таъсири зиддияти манфиатҳои харидорон ва фурӯшандагон ташаккул ёфта, барои қабули қарори мувофиқ му соидат мекунад.
Иттилоот маънои сетарафа дорад:
– агар нарх баланд шавад, пас, маълум аст, ки ба бозор мол кам ворид шудааст, нисбат ба он ки харидорон бо ин сатҳи нарх тайёр ҳастанд ха- ридорӣ намоянд;
– агар нарх паст шавад, пас, маълум аст, ки ба бозор мол бисёртар во- рид шудааст, нисбат ба он ки харидорон бо ин сатҳи нарх тайёр ҳастанд харидорӣ намоянд;
– агар нарх қариб бетағйир монад, пас маълум аст, ки ба бозор ҳамон қадаре мол ворид шудааст, ки харидорон тайёр ҳастанд бо ин сатҳи нарх ҳамон миқдор молҳоро харидорӣ намоянд.
Азбаски аз сатҳи нарх ҳам бузургии даромади фурӯшандагон (яъне даромади шахсии онҳо дар шакли фоида) ва ҳам хароҷоти харидорон во бастагии бевосита дорад, он гоҳ нархҳо ба «чароғак»и ба худ хос барои ҳамаи иштирокчиёни бозор табдил меёбанд.
Ба истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон онҳо огоҳӣ медиҳанд, ки оё истеҳсол ва фурӯхтани ин ё он намуди мол зарурат дорад ва то чӣ андо за ҳангоми сатҳи нархи мавҷудбуда фоидаовар мебошад. Ба харидорон онҳо барои қабули қарори дуруст иттилоъ медиҳанд: яъне оё онҳо имко нияти харидорӣ кардани молро доранд. Бинобар ин бозоре, ки низоми нарх дар он озод ташаккул меёбад, аз рӯи натиҷаи савдо байни фурӯшан да ва харидор доимо ҳамаи иштирокчиёни бозорро маҷбур мекунад, ки чунин фаъолият намоянд ва ҳолати мувозинат ба вуҷуд ояд.
Бозор дар холати мувозинат имконпазирии созиши беҳтарин байни манфиатҳои фурӯшандагон ва харидорон аст.