Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи ғоявии «Наводирулвақоеъ»-и Аҳмади Дониш
Нақша:
- Мухтасари тарҷумаи ҳоли Аҳмади Дониш
- «Наводирулвақоеъ» – маьруфтарин асари Аҳмади Дониш
- Мӯҳтавои «Наводирулвақоеъ»:
- а) танқид ва вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва табақаи ҳоким;
- б) мавзӯи панду ахлоқ дар асар;
- в) мавзӯи тагйирот дар соҳаҳои мухталиф
Хулоса
Аҳмади Дониш яке аз маорифпарварони маъруфи тоҷик буда, бо фаъолияти ҷамъиятии худ дар осори илмию адабиаш ғояҳои пешқадами замонаашро таблиг намудааст. Аҳмади Дониш нисбат ба сохти мавҷудаи феодалй, тартиботи давлатй ва ҳамаи боқимондаҳои он нафрати беандоза дошт. У соли 1826 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Дар назди волидайн ва дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намуда, ба мақому мартабаҳои баланд расида, дар соли 1897 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Таъкид намудан бамаврид аст, ки Аҳмади Дониш то охири умраш як зиндагии озодона ва покеро ба cap бурдааст.
Мероси адабии Дони ганй ва доманадор будааст. «Наводирулвақоеъ» яке аз асарҳои бузурги Дониш буда, бобу фаслҳои гуногунро дар бар мегирад. Асари «Наводирулвақоеъ» дойр ба масъалаҳои гуногуни фалсафгао иҷтимой, ахлоқй ва илмй бахшида шудааст. Якчанд боби асари мазкур ба тасвири ду сафари Дониш ба Петербург бахшида шудааст. Дар «Наводирулвақоеъ» муаллиф масъалаҳои муҳими сиёсати давлат ва идораи мамлакатро таҳлилу баррасй намудааст. «Наводирулвақоеъ» заҳмати зиёда аз понздаҳсолаи муаллиф ба шумор меравад. Гуфтан мумкин аст, ки асари мазкур дар байни аҳли илму адаби Бухоро шӯҳрати калон пайдо карда, муаллифи он ҳамчун олим, нависанда ва мутафаккири забардаст шинохтаву эътироф шудааст. Ба гайр аз ин, ӯ бисёр ҷиҳатҳои сиёсию ахлоқии ҷамъияти замонашро аз назари танкидй тадқиқ намуда, иллату нуқсонҳои сохти иҷтимой, тартибу низоми мамлакат ва ахлоқу кирдори табақаи ҳоқимро кушоду равшан фош намудааст. Аз ин рӯ, «Наводирулвақоеъ» барои бедории фикрии бисер ҳамзамонон ва пайравони Дониш, ҳамчунин барои зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои асри XX таъсири бузурге гузоштааст.
Мавзӯи дигаре, ки дар асар таҳлилу баррасй шудааст, ин тарбияи наели наврас, муносибати эҳтиёткорона нисбат ба тарбияи фарзандон, дар бораи ахлоқ ва муомилаи табақаҳои гуногуни ҷамъият, дар бораи одобу ахлоқ ва рафтори нописанд ва ноодилонаи синфи ҳукмрон ба шумор меравад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ин дар ҳаёти иҷтимоию маданй, дар мавзӯи илмию фаннй ва иқтисодии кишвар тагйироти ҷиддй дохил намудан мебошад, ки Дониш ин мавзӯъро дар асараш бевосита зикр намудааст. Ҳамчунин, дар асар дойр ба моҳияти давлату давлатдорӣ, қонуну қоидаҳои асосии ҳукумат, дойр ба ҳақиқату адолат асос ёфтани ҳокимият сухан рафтааст, ки қобили таваҷҷӯҳ аст. Ҳамин тариқ, «Наводирулвақоеъ» аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа масъалаҳо ва мавзӯъҳои ниҳоят муҳими ҳаёти сиёсиву иҷтимой, илмию маданй, иқтисодиву соҳаҳои дигари мухталифи зиндагии ҷомеа ва мардуми он замонро фаро гирифтааст. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин масъалаву мавзӯъҳо дар асар ҳам ба тарзу тариқи бадей ва ҳам бо таҳдилу хулосаҳои илмй ва ҳам тавассути фикру андешаҳо, мулоҳизаҳои амиқи фалсафй тахлилу баррасй шудаанд. Дар ҳақиқат, «Наводирулвақоеъ» дар муҳити ҳамонвақтаи иҷтимоию маданй як шӯру ҳаяҷон ва ҷуибишу таконе ба вуҷуд овардааст. Фикрҳои пешқадамонаи Дониш чашми бисёр шахсони давлатдор ва мансабдорони замонро ба ҷиҳатҳои манфй ва иллату нуқсонҳои иҷтимоии давру замони худ кушод. Аз ин хотир, тарафдорони тартиботу низоми амирй ва намояндагони динй бошанд, аз таъсири ин фикру андешаҳои пешқадами Дониш ва асари ӯ ба тарсу воҳима афтода будаанд. Ҳамаи ин фикру андешаҳои пешқадамонаи Аҳмади Дониш обрӯю эътибори ӯро дар ҷамъият хеле боло бардоштанд. Чунйн фикру ақидаҳои замонавй дар он замони тираву тор аз тарафи мутафаккирону нависандагони забардаст ҷонибдорй ёфтааст. Худи Аҳмади Дониш бошад, ҳамчун мутафаккиру донишманд дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ва авали асри XX шӯҳрати бузургеро касб кардаает.