• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мазмун ва мундариҷаи ғоявии достони «Хирадномаи Искандарӣ» – ӣ Абдурраҳмони Ҷомӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Мазмун ва мундариҷаи ғоявии достони «Хирадномаи Искандарӣ» – ӣ Абдурраҳмони Ҷомӣ / Иншо

194 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи ғоявии достони «Хирадномаи Искандарӣ» – ӣ Абдурраҳмони Ҷомӣ

Нақша:

Ҳолу ахволи шоир

  1. Мухтасари хаёт ва фаьолияги Абдурраҳмони Ҷомӣ
  2. Муқцариҷаи гоявии «Хирадномаи Искандарӣ»
  3. Искандар – шоҳи хаёлй, одил ва хирадманд
  4. Мавқеи панду ахлоқ дар «Хирадномаи Искандарӣ»

Хулоса

Абдурраҳмони Ҷомӣ яке аз намояндагони бузурги адабӣ ва илмин адчбиёти классики асри XV форсу тоҷик буда, бо асарҳои гаронмояи худ шӯҳрати ҷаҳонй пайдо кардааст. Номи аслии шоир Абдурраҳмон буда, Ҷомӣ тахаллуси шоирии ӯ маҳсуб мешавад, Падари бузургвори Ҷомй аз шахсони бомаърифати замони худ будааст.

Абдурраҳмони хурдсол бо ҳамроҳии падари бузургвораш аз вилоятк Ҷом ба шаҳри Ҳирот омада, дар мадрасаи Низомия таҳсидм плм кардааст. У аз устодони машҳури замони худ илмҳои пеитқадами замонаашро аз бар намудааст. Ҷомй дар даврони ҷавонй сафарҳои зиёде намудааст. Ин сафари шоир аз Ҳирот то Нишопуру Сабзавор, Бастому Домгону Симнон, Қазвину Ҳамадону Бағдод тӯл кашида буд. Дар охир Ҷомй ба шаҳри Ҳирот бармегардад ва дар он ҷо соли 1492 вафот кардааст.

Мероси адабӣ ва илмии Абдурраҳмони Ҷомӣ хеле зиёд аст. Микдори асарҳои шоирро аз 90-то зиёдтар ба қалам додаанд. Яке аз достонҳои бузургҳаҷми шоир «Ҳафт авранг» мебошад. Достони «Ҳафт авранг» дар пайравии хамсасароёни гузашта: Низоми Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавй суруда шудааст. Достони «Ҳафт авранг» аз се маснавй ва чор достон иборат аст. Дар байни достонҳои шоир достони «Хирадномаи Искандарй» мавкеи бузург дорад, зеро ин достон бо мавзӯъ ва мазмуни худ дар байни дигар асарҳои шоир ҷойи намоёнеро ишгол менамояд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки Ҷомй ҳангоми таълиф намудани ин достон ба достони «Искандаркома»-и Низомии Ганҷавй ва «Оинаи Искандарй»-и /\мир Хусрави Деҳлавӣ пайравй кардааст. Вале, баръакси ин ду шоири бузург ва аксари достонсароёни пешин Ҷомй кӯшиш намудааст, ки аклу хирад, заковат ва хираду маърифати инсониро аз ҳама боло гузорад. Қайд кардан лозим аст, ки дар таърихи адабиёт зиёда аз 35-то «Искандарнома»-ҳо эҷод шудаанд. Аксарияти «Искандарнома»- ҳо ҷанбаи таърихи ва воқеӣ доранд. Аз ин байн, танҳо «Искандарнома»-и Ҷомй ҷанбаи хаёлй ва ғайривоқей дорад. Мӯҳтавои он панду ахлоқ аст, на баёни таърихӣ ва воқей. Дар ҳамаи он искандарномаҳои пешин Искандар ҳамчун шоҳи золим ба қалам дода шудааст. Вале, Искандари Ҷомӣ аз он Искандарҳо фарқи калон дорад. Дар достони «Хирадномаи Искандарй»-и Ҷомӣ Искандар на ҳамчун як шоҳн золим, хунхор, сарлашкар ба қалам дода шудааст, балки ҳамчун шоҳи одил тасвир ёфтааст. У, аз нигоҳи шоир, шоҳи хирадманду бомаърифат, одилу халқпарвар аст. Искандари Ҷомӣ дар натиҷаи омӯзиши илму дониш ва сайқал додани тафаккури худ ба ин дараҷаҳо расидааст. Ҳангоме ки падари Искандар уро ба тарбияи Арасту медиҳад, Арасту аҳамияти илму донишро барои ӯ чунин бозгӯ мекунад:

Зи дониш шавад кори гетй ба соз,

Зи бедонишй кор гардад дароз.

Зи дил cap запад сирри дониш нахуст,

Ки бар дасту по кор гардад дуруст.

Искандар бо саъю талоши зиёд аз Арасту тамоми улуми замонаашро аз бар менамояд. Саранҷом, Искандар ҳамчун шахси бомаърифат, хирадманд ва мутафаккири бузург ба воя мерасад. Искандар пас аз вафоти падар ба тахт менишинад. Искандар пас аз ҳокимиятро ба даст овардан адлу инсофро дар сарзамини худ ҷорӣ менамояд. Искандар дар низоми давлатдории худ ҳамеша маслиҳат ва машварати модар ва устоди худ Арастуро пешаи худ қарор медиҳад.

Ҳамин тариқ, шоир ба воситаи нақлу ривояти саргузашти Искандар, на танҳо баъзе масъалаҳои таълимй ва фикру андешаҳои пандуахлоқиро аз нигоҳи башардӯстй тахдилу баррасй менамояд, балки як ҷамъияти хаёлиеро тасвир менамояд, ки дар он ҳама табақаҳои ҷомеа баробар буда, шоҳу гадо, золиму мазлум, дорову нодор вуҷуд надорад. Аз таълифи достон чанд аср гузашта бошад ҳам, аҳамияти тарбиявии хешро гум накардааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов