• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мазмун ва мундариҷаи Мулҳами Бухороӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Мазмун ва мундариҷаи Мулҳами Бухороӣ / Иншо

57 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи Мулҳами Бухороӣ

Нақша:

Муққаддима

  1. Мероси адабии Мулҳам
  2. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир:
  • а)        озодагй ва беистигной;
  • б)        ҳамдилӣ бо инсонҳо;
  • в)         нокомии доноён

Хулоса

Мулҳами Бухороӣ яке аз шоирони бузург ва номдори замони худ буда, гузаштагонаш ба ҳунармандони шаҳри Бухоро тааллуқ доштаанд. Малеҳои Самарқандӣ дар тазкираи худ дар бораи Мулҳам чунин менависад: «Мулҳам Абдулло ном дорад ва бухориюласл аст. Ҷавонест, нав ба арса омадааст. Агар дар кори шоирй саъй кунад, зӯфунун мегардад». У чанде шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросонро сайр кардаает. Аҳволи шоир хеле вазнин будааст. Дар шароити хеле бади зиндагй ӯ оилаи худро таъмин карда наметавонист, вале, ба ҳамаи ин камбағаливу бенавой нигоҳ накарда, шоир қаноатро пеша карда, аз касе чизе напурсидааст. У дар як байти худ бо ҳисси ифтихор изҳор намудааст, ки аз ранҷу азобу кулфати зиндагй ва тангии маишат ҳалок гардад ҳам, аз касе чизе талаб намекунад:

Агар мирам, нахоҳам хост, My щам, аз касе низе,

Зи истигно дили ман пушт бар садди рамақ дорад.

Шоир то охири умр қавииродагии худро нишон дода, ба касе ниёз набурдааст:

Ба рангу буйи истигно баҳори умрам охир шуд.

Зи боги бениёзщо дилу дин аст гутинам.

Мулҳам рӯз ба рӯз гирифтори гаму кулфати зиндагй мегардид, вале ӯ иззат ва сарбаландии хешро дар ҳамин хориву зориҳо дидааст.

Офтоби тобонам, иззатам зи хориҳост,

Ҷо дар осмон дорам, рӯй бар замин дорам.

Мулҳам шоири хоксор будааст. Аҳволи ӯ дам ба дам вазнинтар мегардид. Ҳатто, ӯ дар вақтҳои охир барои гирифтани кӯмаки моддй ба хон бо қасидаҳои худ муроҷиат кардаает.

Аз Мулҳам ба мо девони ашъор мерос мондааст. Девони ашъори ӯ аз газал, байт, қасида, қитъа ва рубой иборат мебошад. Мулҳам дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикй ҳамчун шоири газалсаро маъруф гардидааст. Мавзӯи газалиёти ӯ мухталиф мебошад. Шоир, ки дар зиндагӣ ба ранҷу азобҳо одат кардааст, аз ин сабаб меҳнатро барои худ аз роҳату фараҳмандӣ болотару афзалтар донистааст:

Maн, ки меҳнатро зи роҳат хубтар донистшл,

Кай қадам аз водии хори магелоп мекашам?

Мавзӯи инсон ва инсондустй дар газалиёти шоир мавқеи муҳим дорад. У дар газалҳояш ҳамчун инсон ҳисси ҳамдардии худро бо мардуми ғамдидаву тирарӯз ифода кардааст.

Мешавам мая дар алалг, Мулҳам, ба ҳар кас гам расад,

Меҳнати олам намедонам, ки бар ҷони ман аст.

Шоир одамонро ба некиву накӯкорй ва ҳоҷатбарорй тарғибу ташвиқ намудааст. Барои таргибу ташвиқи ин тариқаи ҷавонмардй шоир кори гандумро ба ҳар як инсон намунаи ибрат нишон медиҳад:

Ҳамчу гандум пайи ризқи дигарон меҳнат каш,

Гарчи гардад бар сарат cam, зи кас нон маталаб.

Шоир ҳамчун аҳли меҳнат пастиву баландии олам, яъне ноҳамвориву носозиҳои давронро тафсир намуда, гуфтааст:

Аз баланду пасти олам дидаем озорҳо,

Аз замш бедод мегуему дод аз осмон.

Дар замони Мулҳам аҳли илму адаб он қадар хору зор гардидаанд, ки шоир ин аҳволро чун ҳақиқати бебаҳс баён намудааст. Мулҳам бар он ақида аст, ки соҳиби фазлу дониш дар даврони ӯ ҳамеша гирифтори гаму андӯҳ будааст:

Ҳар кӣ олиқадртар, андӯҳи у бисертар,

Уқдаҳо дорад зи даврон дар дили худ осмон.

Шоир, барҳақ, қайд намудааст, ки аз хориву зориҳо, аз ранҷу озорҳо аз ҳама бештар аҳли илму дониш ва ҳунар талаф меёбанд:

Талаф гардад ба сахтй бештари айём доноён,

Ба зери санг аксар дасти марди пурҳунар бошад.

Ғазалҳои шоир дар пайравии сабки ҳиндӣ суруда шудаанд. У ҳамчун шоири газалсаро ва навпардоз маълуму маъруф гардидааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат
  • Наврӯз ( иншо )
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов