• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мазмун ва мундариҷаи ашъори Савдо / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мазмун ва мундариҷаи ашъори Савдо / Иншо

16 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи ашъори Савдо

Нақша:

Муқаддима

  1. Ҳаёт ва фаъолияти шоир
  2. Мавзуъҳои ашъори шоир

Хулоса             

Савдо яке аз шоирони тавоно ва бузурги замони худ буда, соли 1824 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Гузаштагони Савдо аз олимону фозилони замони худ ба шумор мерафтаанд. Савдо баъди таҳсили мактаби ибтидой барои идомаи таҳсил ба Мадраса дохил мешавад. У, берун аз дарсҳои муқаррарй, илмҳои табиию риёзй ва таъриху адабиётро аз худ менамояд. Савдо дар илми мусиқй низ устод будааст. Шоир дар газалиёти худ тахаллуси Савдо ва дар шеърҳои ҳаҷвиаш лақаби Бепулро касб кардааст, ки ҷолиби диққат мебошад.

Абдулқодирхоҷаи Савдо ҳарчанд аз шоирони бузургу барҷастаи замони худ буд, вале ашъори худро дар шакли девон гирдоварй накардааст.

Мероси адабии шоир аз ғазалиёт, қасоид, мухаммасот ва рубоиёт иборат будааст. Тамоми шеърҳои шоир ба ду қисм: ашъори лирики ва ашъори ҳаҷвӣ тақсим мешаванд. Дар ғазалҳои шоир фикрҳои танқидй ва тарғибу ташвиқи ахлоқи неки ҳамида ба назар мерасад. Ғазалҳои Савдо аз нигоҳи равонии тарзи нигориш содаву фаҳмо будаанд. Дар ғазалқои ӯ ҳама таъбиру ибораҳо содаву равон ва ба фаҳм наздик буда, ҳиссиёти баланди ошиқона дар онҳо хеле таъсирбахш ифода гардидааст:

Омадӣ ҳарфи ниҳонӣ ба ту дорам, бшшшин,

Дарди ҳиҷрон ба ту як-як бишуморам, бинишин.

Дил ба ҷуз васли ту бо ҳеҷ тасалло нашавад,

Нест дар ҳаҷри ту орому қарорам, биншиин.

Савдо дар газалиёти худ вазъияти сахту ногувори замонаи худ, ҷаҳолат, сарватпарастии амалдорону давлатдорони давронаш, беадолатии замона ва аҳли онро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Дар баробари ин, шоир аҳволи ногувор ва тоқатфарсои аҳли илму адабро дар ғазалҳояш ба таври шикоятомез тасвир намудааст. Фикру андешаи худро дойр ба ин масъала дар як мухаммасаш чунин ифода кардааст:

Ҳарчанд муҳити зару дар зар шуда бошй,

Бо рутбаи ҷоҳ аз ҳама бартар шуда бошй.

Бошад ки ба оина баробар шуда бошй,

Чун сурати худро нигарй, хар шуда бошй,

Расвоии сихи хала бинӣ зи қафоят.

Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки Савдо дар газалиёти худ аз ибора ва забони гуфтугӯйии мардуми тоҷик, аз мақолу зарбулмасалҳои шинам ва рехта истифода намудааст. Шоир дар назми он замон аввалин шоире будааст, ки аз забони авом бисёр калимаву ибораҳоро устодона мавриди истифода қарор додаст:

Гуфта будӣ, ки мекунам чора гами фироқро,

Чун накунй, чико кунам ваьдаи хушку қоқро.

Тӯгрӣ агар каьий буцул, гум нашавад ҳисоби пул,

Камбагалона кор кун, покиза гуй ҳоқро.

Савдо дар ғазалҳои худ ҳариси молу сарват будагонро мавриди танқид қарор медиҳад. Шоир дар мазаммати шахсони сарватманду аблаҳ, дар бораи ҳарисони молу сарват суханҳои носазо мегӯяд. У бо шиква мегӯяд:

Гарчи пулдорист дар олам манаты эътибор,

Гам махур аз бепулй, Бепул, ки даре бепул аст

Шоир бо ҳазлу ШУХЙ аз муфлисию бенавой шиква мекунад ва муҳити фақиронаи аҳли илму адабро хуб тасвир намудааст. Вале, ба ақидаи ӯ аҳли сарват набояд ба ҳолу аҳволи бенавоён ва мӯҳтоҷон тамасхуру истеҳзо намоянд:

Эй, ки пул дорй, ба ҳолы бепулон тахсир накун,

Хотири ин бенавоёпро зи гам абтар макун.

Ҳамин тариқ, Савдо ашъори хешро бо як услуби ба худ хос таълиф намуда, ба инкишофи минбаъдаи адабиёти асри XIX тоҷик таъсири назарраст гузоштааст. У бо сабку услуби худ, махсусан, дар ривоҷи ашъори ҳаҷвии ин давраи адабй ба шоирони минбаъдаи адабиёти нимаи дуввуми асри XIX таъсири зиёде расонид. Аз ин рӯ, шоир бо вуҷуди ҳаҷми нисбатан ками мероси адабии худ дар ҳаёти адабии он давр мавқеи намоёне доштааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат