Мазмун ва муҳтавои эъломияҳо ва муроҷиатномаҳои аввалини ҳокимияти шӯравӣ
«Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум». Эъломия на фақат акти муҳимми конститутсионии Ҷумҳурии Шӯравӣ, балки яке аз ҳуҷҷатҳои бузургтарини таърихи башарият дар амалӣ сохтани мақсаду мароми инқилоби пролетарӣ нисбат ба ҳамаи инқилобҳои пештара буд. Масалан, бузургтарин инқилоби буржуазии Фаронса ва “Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд”-и қабулкардаи он баробарию бародариро эълон карда буд, вале дар амал ин баробарию бародарӣ фақат нисбати буржуазия татбиқ карда шуда буду халос. Эъломияи шӯравӣ музаффариятҳои Инқилоби Октябрро мустаҳкам, намуда, принсип ва вазифаҳои асосии давлати сотсиалистиро эълон кард. Мақсад аз эъломия баробари вазифаҳои диктатураи пролетариатро (нест кардани истисмори одам аз тарафи одам, барҳам додани синфҳои истисморгар, сохтмони сотсиализм) аниқ шарҳ додан боз ин қонунҳоро то андозае ба шароити Русия, ба типи шӯравии давлат қонунан мувофиқ кунондан буд. Эъломия аз 4 фасл иборат буд. Дар фасли аввал асосҳои сиёсии Давлати Шӯравии Сотсиалистӣ муқаррар шуда буданд. Дар он Русия ҷумҳурии шӯроҳо эълон шуда буд, ки дар марказ ва маҳалҳо тамоми ҳокимият ба шӯроҳо тааллуқ дошт. Ҷумҳурии Шӯравӣ дар асоси иттифоқи ихтиёрии миллатҳои озод ҳамчун федератсияи ҷумҳуриҳои миллии шӯравии сотсиалистӣ таъсис меёфт.
Фасли дуюм вазифаи асосии давлати сотсиалистӣ – барҳам додани моликияти хусусӣ будани замин, ҷорӣ кардани назорати коргарӣ, милликунонии саноат, бонкҳо, захираҳои табиат, ташкили идоракунии хоҷагии халқ, ҷорӣ гардидани уҳдадории умумии меҳнат, ташкили Артиши Сурх, пурра беяроқ гардондани синфҳои доро ва қабули декретҳоро дар назар дошт. Дар фасли сеюм принсипҳои асосии сиёсати берунаи Давлати Шӯравӣ – мубориза барои сулҳ, бекор кардани шартномаҳои махфӣ, эҳтиром намудани истиқлолияти миллии ҳамаи халқҳо, пурра даст кашидан аз сиёсати ҳамкорӣ бо давлатҳои буржуазие, ки оммаи меҳнаткашони мамлакатҳои мустамлика ва тобеъро ба ғуломӣ гирифтор кардаанд, бекор кардани қарзҳои ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукумати муваққатии буржуазӣ, тарафдорӣ кардани қарори ШКХ дар бораи эълон шудани истиқлолияти Финландия, аз Эрон баровардани қӯшунҳои Русия, эълон кардани озодӣ ва истиқлолияти Арманистон ҷой дода шуда буд.
Дар фасли чаҳорум масъалаи аз идоракунии Давлати Шӯравӣ дур карда шудани синфҳои истисморгар дарҷ ёфта буд. Эъломия таъкид мекард, ки Ҳокимияти Шӯравӣ бо барпо кардани асоси федератсияи ҷумҳуриҳои шӯравии Русия, ба деҳқонону коргарони ҳар яки ин ҷумҳуриҳо имконият медиҳад, ки дар хусуси иштирок доштанашон дар ҳукумати федералӣ ва дигар муассисаҳои федералии шӯравӣ, худашон мустақилона ба ҳам оянд.
Эъломияи ҳуқуқҳои халқҳои Русия. Дар эъломия сиёсати ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукумати муваққатии буржуазӣ, ки як миллатро ба миллати дигар муқобил мегузошт, маҳкум шудааст. Эълон шудани ҳуқуқи халқҳои собиқ мазлум ба таъсиси давлати миллии худ, барои барҳам додани низои байни миллатҳо ва нобоварӣ ба халқи рус, барои муайян намудани ягонагии манфиатҳои ҳамаи миллатҳои мамлакат, барои дарк намудани зарурати якҷояшавии қувваи онҳо, барои ҳалли вазифаҳои умумӣ шароит фароҳам овард. Ба сиёсати зулми миллии ҳукумати подшоҳӣ ва ҳукумати муваққатӣ, сиёсати иттифоқи ихтиёрии халқҳои Русия муқобил гузошта шуда буд. Мувофиқи эъломия Ҳукумати Шӯравӣ ҳуқуқи худмуайянкунии ҳамаи миллатҳо, ҳатто ҷудошавии онҳоро эътироф намуд ва дар асоси он 3 (16)-юми декабри соли 1917 дар бораи ҳуқуқи худмуайянкунии халқи Украина, 18 (31)-уми декабри соли 1917, истиқлолияти Финландия, 29-уми декабри соли 1917 (11 январи 1918) истиқлолияти Арманистон, 7-уми декабри соли 1918 истиқлолияти Эстония, 22-юми декабри соли 1917 истиқлолияти Латвия ва Литва, 31-уми декабри соли 1919 истиқлолияти Белорус- ро эътироф кардан декретҳо қабул кард. Ин декретҳо барои дар байни халқҳо барқарор гардидани дӯстӣ ва боварӣ нақши калон бозида буданд ва ба муттаҳидшавии халқҳои Русия дар атрофи Ҳокимияти Шӯравӣ, ки ба ташкилёбии СССР (ИҶШС) оварда расонд, мусоидат карда буданд.
Муроҷиатнома «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ». Чӣ тавре ки дар аввал қайд шуда буд, муроҷиатнома заҳматкашони мусулмонро ба озодона ва бемонеа ташкил намудани ҳаёти худ, дастгирии инқилоби сотсиалистӣ ва ҳукумати ташкилкардаи инқилоб даъват кард. ШКХ ба мусулмонони Шарқи мустамликавӣ муроҷиат намуда, хабар дод, ки Ҳокимияти Шӯравӣ ҳамаи шартномаҳои истилогаронаи ҳокимони пештараи Русияро нисбат ба халқҳои мустамлика ва мазлуми Русия бекор ва нест кард. Русияи Шӯравӣ якумин шуда, байрақи озодии халқҳои мазлумро барафрохт ва аз онҳо дар роҳи азнавсозии ҷаҳон интизори хайрхоҳӣ ва дастгирӣ шуд.
Муроҷиатнома «Ба ҳамаи шӯроҳо». Дар муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ки «…Шӯроҳо бояд тамоми муассисаҳои аҳамияти маъмурӣ, хоҷагӣ, молиявӣ ва фарҳангию маърифатӣ доштаро ба худ тобеъ намуда, ҷараёни зиндагиро дар маҳалҳо пурра ба низом дароранд, то ки Русия бо шабакаи муассисаҳое фаро гирифта шавад, ки онҳо сохти ягонаи Ҷумҳурии Шӯроҳоро ташкил диҳанд». Қайд карда шудааст, ки ин ташкилотҳо «…то хурдтаринашон дар ҳалли масъалаҳои хусусияти маҳаллӣ дошта комилан соҳибихтиёранд, вале фаъолияташонро бо декрету қарорҳои умумии ҳокимияти марказӣ мутобиқ гардонанд». Муроҷиатнома ба бунёди сохти бонизоми давлати диктатураи пролетарӣ, ки асоси онро шӯроҳо ташкил медоданд, мусоидат менамуд. Мазмуни муроҷиатнома дар Конститутсияи соли 1918 РСФСР (ҶФШСР) инкишоф дода ва ба ҳукми қонун дароварда шуда буд.
Ин ҳама ҳуҷҷатҳое буданд, ки дар асоси онҳо кулли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва миллии Давлати Шӯравӣ бояд ҳалли худро меёфтанд.
Луғат
1.Эъломия – ҳуҷҷатест, ки ҳукуматҳо ба воситаи он хоҳишу маром ва мақсадҳои худро эълон менамоянд.
2. Муроҷиатнома – ҳуҷҷатест, ки ҳукумат иҷро ва ё риояи тартиботро аз шаҳрвандон талаб мекунад.
Саволҳо:
1. Эъломияҳои нахустини Ҳокимияти Шӯравиро номбар кунед?
2. Муроҷиатномаҳои аввалини Ҳокимияти Шӯравиро намбар кунед?
3. Мазмун ва муҳтавои эъломияҳо ва муроҷиатномаҳоро шарҳ диҳед?