• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ  
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ  

144 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.01.2022

Мавзӯъ: Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ  

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи қоли шоир
  2. Мақоми панду ҳикмат дар «Гулистон»
  • а)        эҳтироми устод;
  • б)        некй кардан;
  • в)         дӯст ба даст овардан;
  • г)         дигар мавзӯъҳои ахлоқӣ

Хулоса

Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. У дар таърихи адабиёт ҳамчун устоди газал ва панду ҳикмат эътироф гардидааст. Ба ақидаи устод Садриддин Айнй, Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист.

Падар ва гузаштагони Саъдӣ аз аҳли форс буда, аз амалдорони хурди дарбори Саъд бинни Зангй ҳисоб меёфтаанд. Тахаллуси шоирии ӯ низ шояд аз ҳамин сабаб бошад. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан барои қдомаи таҳсил ба марказҳои илмии ҳамон давра-шаҳри Бағдод меравад.

Бо сабаби он ки ватани шоир осудаву ором набуд, ӯ дар ҷавонй зодгоҳи худро тарк менамояд. Вале меҳру муҳаббати ватани азизаш ӯро ранҷу азоб медодаанд:

Саъдиё, ҳубби ватан гарчи ҳадисест тариф,

Натавон мурд ба хорй, ки мал ин цо зодам.

Баъди таҳсили илм дар мадрасаҳо, Саъдӣ сайру саёҳат ва сафари мамлакатҳо ва дар байни халқҳо буданро ба худ ихтиёр мекунад. Сайру сафарҳои Саъдӣ ба кишварҳои Араб, Эрон, Туркия ва Рум, ба қавле, 30 сол тӯл кашидааст. У баъди сафарҳои дуру дароз хулосаи сафарҳои худро дар асари «Гултстон» ва «Бӯстон» ҷамъбаст менамояд. Бештари ҳикояҳои «Гулистош^РР ҳангоми сафарҳои худ ҷамъоварй намудааст. Асари «Гулисто^и Саъдӣ дар мероси адабии шоир аз ҷиҳати таърихи эҷод дуюмин асар мебошад. Шоир ин асари худро соли 1258 эҷод намудааст. «Гулистон» асари насрист, вале насри мусаҷҷаъ, яъне қофцадор Саъдӣ сабаби навиштани асари хешро таъкид намуда, дар бораи беҳуда нагузаронидани вақт ва фоида истифода намудани онро барои наели ҷавон таъкид менамояд. Маснавии «Гулистон»- II Саъдй саршори ҳикояҳои пандуахлоқй буда, мардумонро ба некиву накӯкорй, ростиву росткорӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. Ғояи асосии маснавии «Гулистон» панду андарз маҳсуб мешавад ва он аз ҳикоятҳои хурд-хурд иборат аст. «Гулистон» мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирад. Яке аз бобҳои «Гулистон» дар бораи ҳурмату эҳтироми устод-муаллим ҳикоят менамояд. Саъдӣ эҳтироми устодро аз ҳама боло мегузорад: Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш дар капор нщод. Бар сари лавҳи у навишта ба зар: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»

Дар бораи бевафоии дунё мулоҳиза ронда, мегӯяд, ки инсон бояд фурсатро ғанимат шуморад ва вақтро барои кори муфид сарф намояд. Яке аз ин корҳои муфид барои инсон ин некй кардан аст.

Некиву накӯкорй, аз нигоҳи Саъдӣ, яке аз хислатҳои хуби инсонй ба шумор меравад. Аъмоли неки мардумон ба онҳо умри ҷовидонй мебахшад:

Зиндаву ҷовид монд, ҳар к-у накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Шоир шахеи инсондӯстро хеле таърифу тавсиф намуда, ба ӯ эҳтироми самимй мегузорад:

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро, гар тавонй, дил ба даст ор!

Пояи асосии маснавии «Гулистон» тарғибу ташвиқи шоҳи одил, адлу инсоф, маърифатпарварй ва таърифу тавсифи сирати подшоҳон мебошад. Фикру ақидаҳои пандуахлоқии шоир барои тарбияи наели навраси ҷомеаи мо низ аҳамияти бузурги тарбиявй дорад. Саъдӣ зебоии ботинии инсонро дар ягонагии акду фаросати ӯ, дар донишандӯзй, меҳнатдӯстй, ростгӯйй ва ёриву бародарй мебинад. «Гулистон» дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун бузургтарин ёдгории бадеци асри XIII шинохтаву эътироф карда шудааст, ки аҳамияти тарбиявии дхлоқии худро то имрӯз аз даст надодааст. Мурод аз офаридани «Гулистон» панду андарз будааст, ки худи шоир низ дар ин бора фармудааст:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем, Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат