• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мавзуъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мавзуъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ / Иншо

30 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мавзуъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Васфи Ватан дар ашъори шоир
  2. Панду ахлоқ дар ашъори шоир

Хулоса

Устод Лоиқ Шералӣ аз зумраи он шоироне будааст, ки дар шеъру адаби форсизабонон мақому мартабаи ниҳоят баланду беназиреро касб намудааст. У соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панчакент дар оилаи шахсони бомаърифат ба дунё омадааст. Лоиқ дар мактаби ибтидой, омӯзишгоҳи омӯзгорй ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсили илм намудааст. Устод Лоиқ то охири умр ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, раисии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикиро бар дӯш доштааст. Лоиқ Шералӣ дар байни мардуми Шарқ мақому манзалате пайдо карда будаанд, ки ба ин андоза касе касб накарда буд. Шоир бар асари бемории сактаи дил соли 2000-ум ҷаҳони моро падруд гуфтанд. Ба қавле, интиҳои ҳаёту мамоти шоири волосухан танҳо ҳамин як марг набудааст:

Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,

Интиҳои ман ҳамин як марг нест.

Марг агар қатъи равоии ман бувад,

То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад.

Ибтидои ман- деҳи хурди Мазор,

Интиҳои ман- ҷаҳони беканор.

Мероси адабии шоир баҳри бекаронро мемонад. Мо ин ҷо танҳо сурудаҳои шоирро дар бораи Ватан, панду ахлоқ мавриди таҳлилу баррасй қарор медиҳем. Дар мавзӯи Ватан ва масъалаҳои пандуахлоқй дар адабиёти мо шеъру ғазалҳо ниҳоят зиёданд. Устод Лоиқ низ масъалаҳои мазкурро аз назари хеш мавриди таҳлил қарор додаанд. Дар ашъори Лоиқ мафҳуми Ватан аз шири поки модар, аз сангу кӯҳу хоки диёр оғоз шуда, бо мафҳуми умумй ва ягонаи он-Тоҷикистон алоқаманд мегардад:

Ватан cap мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистоны модар.

Ватан cap мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Шоир тақдири хешро ба такдири Ватани худ-Тоҷикистони азизу камзамин алоқдманд намуда, таърихи гузаштаи онро бо сӯзу гудоз эҳсос мекунад:

Тоҷикистоп- мазҳари ман,

Сарзамыны камзамин.

Ту саросар кӯҳсорӣ,

Ту саросар сангзорй.

Чунки фарзандоны ту дар тули  таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муиапе хок бо худ бурдаанд.

Чунки фарзандони ту дар ҷӯстуҷуйи бахти худ

Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.

Масъалаҳои пандуахлоқй дар бисёре аз ашъори шоир таҳлилу баррасй шудаанд. Шоир панд медиҳад, ки аз ҳар як лаҳзаи умр самаранок истифода бояд бурд, зеро умри одамй кӯтоҳ аст. Дар шеъри «Ало, шодоб соҳилҳо» ин назари хешро чунин изҳор кардаает:

Ало, шодоб соҳилҳо,

Ба қадры обҳоы ҷорӣ мебояд расид ымрӯз,

Ки рузе хуиис хоҳад шуд.

Ало, зебои маҳфилҳо,

Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имруз,

Ки рузе аз шамолы ҳодиса хомӯш ҳоҳад шуд.

Устод Лоиқ дар ҳама шеъру ғазалҳои худ масъалаи эҳтироми

волидонро дар ҷойи аввал мегузорад:

Эй писар, хоҳй агар руҳи падар шод куни,

Хонавайрон имей ҳам, гури вай обод куни.

Ба қавли шоир, ҳурмату эҳтироми падару модарро дар зиндагии онҳо ба ҷо орем, беҳтару хубтар будааст:

Дил сухт, сипас қадри ьиарар донистем,

Қадри дили модару падар донистем.

Шоир бо суханҳои худ эҳсоси худшиносй, ифтихори миллй ва масъулиятшиносии ватандории хонандаи ҷавони тоҷикро тақвият медиҳад.

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат