• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Мавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Мавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ / Иншо

47 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.01.2022

Мавзӯъ: Мавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. «Ёддоштҳо» ва қисмҳои он
  2. Мӯҳтавои мавзӯъ ва мундариҷаи асар

Хулоса

Устод Садриддин Айнӣ шахсияти барҷастаи фарҳангие мебошад, ки дар қатори симоҳои намоёни тамаддуни умумибашарй эътироф гардидааст. Хизматҳои шоистаи устод Айнй будааст, ки халқи тоҷик ӯро қамчун олим, нависанда ва Қаҳрамони Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифй намудааст. Садриддин Айнӣ ҳамчун сардафтари адабиёти нави тоҷик шогирдони зиёдеро ба монанди Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода, Ф Ниёзй, Р. Ҷалил, М. Миршакар, А. Деҳотй, Р. Ҳошим ба воя расонида, дар рушду нумӯи адабиёти муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст. С. Айнӣ дар ганҷинаи адабиёти умумиҷаҳонй осори зиёде боқй гузоштааст, ки мавриди баҳрабардории ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Ёддоштҳо, ки асари ҷамъбастии устод Айнӣ маҳсуб мешавад, аз ҳамин қабил асар ба ҳисоб меравад. «Ёддоштҳо» охирин, бузургтарин асари баъдиҷангии нависанда буда, аз чор қисм иборат аст. Қисмати аввали асар ҳамчун огози он дар бораи ҳодисаву воқеаҳои даврони кӯдакии нависанда нақл менамояд. Бахши аввал бо номи «Дар саҳро» ёд карда мешавад. Қисмҳои боқимондаи асар «Дар шаҳр» ном дорад. С. Айнӣ кӯшиш намудааст, ки дар бахши дуюми асари худ дар бораи мадрасаҳои Бухоро, барномаи таълимии онҳо, дар бораи аҳвол ва тарзу тариқи омӯзиши шарикдарсони худ маълумоти назаррасе диҳад. Қисми сеюми асар маълумотҳои мухталифи ҷолиби диққатро дар бораи Шарифҷон Махдум-яке аз маърифатдӯстони он замон, ҳунармандони Бухоро, шиносоии ӯ бо шоир Ҳайратро дар бар мегирад, ки ҷолиб мебошад. Дар қисми чаҳорум фикру андешаҳои худро дар бораи аҳволи муллобачагони пешқадам, дар бораи фикру ақидаҳои пешқадами маорифпарварии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ иброз намудааст.

Ёддоштнависй дар адабиёти мо таърихи дурудароз дошта, аз замонҳои кадим то имрӯз идома дорад. Устод С. Айнӣ низ чунин анъанаро давом додааст. У аз мазмун ва мундариҷаи асарҳои пешин, ки характери ёддоштй доштанд, бохабар будааст. Аз ин рӯ, Садриддин Айнй дар бобҳои охири асари худ аз ҳаёт ва фаъолияти шоирон ва олимони асри XIX- Шарифҷон Маҳдум, Аҳмади Дониш, Ҳайрат ва дигарон маълумотҳои ҷолиб додааст. Дар баробари ин, дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти чанд тан шоирон ва аҳли илму адаб ба монанди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Саидхоҷаи Гулшанй, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Қорй Абдулкарими Офарин ва Шамсиддин Шоҳин мат лумотҳои арзишманд додааст.

Дар охир ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки «Ёддоштҳо» дар ганҷинаи адабиёти халқҳои Машриқзамин дурдонаи бебаҳое ба ҳисоб меравад. Устод Айнӣ дар асари худ раванди рушду нумӯи инсони комил ва рӯҳу иродаи қавии онҳоро нишон дода, ҷавононро дар рӯҳия ва мафкураи нави замонавй таълим медиҳад. Фикру ақидаҳои инсондӯстй, ватандӯстй, меҳру муҳаббат ба обу хоки ватанро дар ҷисму ҷони насли наврас тарғибу ташвиқ менамояд. Дар таълифи «Ёддоштҳо» асарҳои тарҷумаҳолии нависандагони адабиёти бародари рус низ ҳамчун сарчашмаи адабй мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Асари «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ аҳамияти тарбиявию ахлоқй низ дорад. Ҳамчунин, асари мазкур то имрӯз аҳамияти таърихй ва тарҷумаиҳолии худро аз даст надодааст. «Ёддоштҳо» ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума гардидааст. Ҳамчунин, аҳли илму адабй халқҳои мухталиф дар бораи ин асари бузург асарҳои тадқиқотй-илмй таълиф намудаанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат