Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Ҳаёти мухтасари шоир
2. Мазмуни асосии «Маснавии маънавӣ»
Хулоса
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва ҳам дар олами фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамчун шоири бузургу тавоно мақому манзалати баландеро касб намудааст. Ў соли 1207 дар шаҳри Балх дар оилаи шахси донишманд ба дунё омадааст. Ҷалолиддини хурдсол таҳсилоти ибтидоии хешро дар назди падар дар зодгоҳи худ гирифтааст. Баъдан барои идомаи таҳсил бо ҳамроҳии падараш ба сайру саёҳат мебарояд. Ў дар Ҳалаб ва дар шаҳри Қунияи Рум таҳсили илм намуда, бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо карда, ўро устоди маънавии хеш меҳисобад ва девони машҳури ашъори худро «Девони Шамси Табрезӣ» номгузорӣ мекунад. Румӣ соли 1273 дар шаҳри Куния вафот мекунад.
Ашъори шоир аз ду бахши асосӣ иборат мебошад. Қисми аввали онро асари манзуми ў, ки яке аз машҳуртарину барҷастатарин китобҳост «Маснавии маънавӣ» ташкил медиҳад. «Маснавии маънавӣ» дорои шаш дафтар буда, 26 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Қисми бештари «Маснавии маънавӣ-ро афкори пандуахлоқии шоир дар бар мегирад.
Ҷалолиддини Румӣ дар «Маснавии маънавӣ»-и хеш ба ҳама масъалаҳои ҳаётӣ дахл намудааст. Шоир дар шоҳасари худ инсонҳоро ба некиву накўкорӣ ва ростиву ростгўӣ даъват менамояд.
Аз тарафи дигар некиву накўкориро яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб медонад. Тамоми инсонҳоро барои иҷрои амали нек сафарбар ва ҳидоят менамояд:
Рав некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,
Ў некиро зи некўвон настонад.
Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд
Он беҳ, ки ба ҷои мол некӣ монад.
Ҷалолиддини Румӣ хислатҳои бади одамӣ зулму золимӣ, пастиву разилии инсонҳоро сахт маҳкум намуда, ба воситаи қиссаву ривоятҳо ва панду масалҳову ҳикояҳои пандомез адлу инсоф, донишандўзӣ, саховатмандӣ, меҳнатдўстӣ ва меҳру муҳаббати инсониро тараннум менамояд:
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
В-аз муҳаббат мисҳо зарин шавад.
Аз муҳаббат мурда зинда шавад.
В-аз муҳаббат шоҳ банда шавад.
Румӣ ба оянда назари нек дорад, таъкид менамояд, ки инсон бояд ноумед нашавад, барои расидан ба қуллаи умеду орзўҳо бояд ҷидду ҷаҳд намояд:
Баъди навмедӣ басе умедҳост,
Аз паси зулмат басе хуршедҳост.
Шоир дар масъалаи одоби сухан кардан ва хомўширо пешаи худ қарор додан диди назари тозае дорад:
Хомўшӣ баҳр асту гуфтан ҳаҷигў ҷў,
Баҳр мегўяд туро, ҷўро маҷў.
Шоир ба мавзўи ҳирсу тамаъ дахл намуда, ҳирс, тамаъ, ҳасад ва мумсикиро яке аз хислатҳои бади одамӣ мешуморад. Дар баробари он дар бораи фоидаву самараи қаноат сухан ронда, мардумро ба қаноатпешагӣ даъват менамояд:
Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд,
Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд.
Ба ақидаи шоир ҳар як инсон дар ҷомеа мақому манзалати хешро дорад. Мавқеи ҳар як шахс муайян аст. Ҳар як фард бояд ҳадду ҳудуди хешро донад ва мувофиқи он рафтор намояд:
Ҳадди худ бишносу бар боло мабар,
То наяфтӣ дар нишеби шуру шар.
Ҳамин тариқ, «Маснавии маънавӣ» саропо масъалаҳои пандуахлоқиро фарогир буда, хислатҳои неки инсонро дар ҷомеаи мо тарғибу ташвиқ менамояд.