Маснавии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ
Нақша:
Муқаддима
1. Ҳаёти мухтасари шоир
2. Мазмуни «Гулистон»-и Саъдӣ
Хулоса
Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. Ў дар таърихи адабиёт ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Ба ақидаи устод Садриддин Айнӣ Саъдӣ шоир ва нависандаи рўйиҷаҳонист. Падар ва гузаштагони Саъдӣ аз аҳли форс буда, аз амалдорони хурди дарбори Саъд бинни Зангӣ ҳисоб меёфтаанд. Тахаллуси шоирии ў низ шояд аз ҳамин сабаб бошад. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, баъдан барои идомаи таҳсил ба марказҳои илмии ҳамон давра-шаҳри Бағдод меравад.
Бо сабаби он ки ватани шоир осудаву ором набуд, ў дар ҷавонӣ зодгоҳи худро тарк менамояд. Вале меҳру муҳаббати ватани азизаш ўро ранҷу азоб медодаанд:
Саъдиё, хубби ватан гарчи ҳадисест шариф,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.
Баъди таҳсили илм дар мадрасаҳо сайру саёҳат ва сафари мамлакатҳо ва дар байни халқҳо буданро ба худ ихтиёр мекунад. Сайру сафарҳои Саъдӣ ба кишварҳои Араб, Эрон, Туркия ва Рум ба қавле 30 сол тўл кашидааст. Ў баъди сафарҳои дуру дароз хулосаи сафарҳои худро дар маснавии «Гултстон» ва «Бўстон» ҷамъбаст менамояд. Бештари ҳикояҳои маснавии «Гулистон»-ро ҳангоми сафарҳои худ ҷамъоварӣ намудааст. Маснавии «Гулистон»-и Саъдӣ дар мероси адабии шоир аз ҷиҳати таърихи эҷод дуюм асар мебошад. Шоир ин асари худро соли 1258 эҷод намудааст. Саъдӣ сабаби навиштани асари хешро таъкид намуда, дар бораи беҳуда гузаштани вақт ва фоиданок истифода намудани онро барои насли ҷавон таъкид менамояд. Дар бораи бевафоии дунё мулоҳиза ронда, мегўяд, ки инсон бояд фурсатро ғанимат шуморад ва вақтро барои кори муфид сарф намояд. Маснавии «Гулистон»-и Саъдӣ саршори ҳикояҳои пандуахлоқӣ буда, мардумонро ба некиву накўкорӣ, ростиву росткорӣ, дўстиву рафоқат даъват менамояд. Ғояи асосии маснавии «Гулистон» панду андарз маҳсуб мешавад. «Гулистон» ба таври наср эҷод карда шудааст, ки аз ҳикоятҳои хурд-хурд иборат аст. «Гулистон» мавзўъҳои гуногунро дар бар мегирад. Яке аз бобҳои «Гулистон» дар бораи ҳурмату эҳтироми устод-муаллим ҳикоят менамояд. Саъдӣ эҳтироми устодро аз ҳама боло мегузорад:
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ў навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
Некиву накўкорӣ аз нигоҳи Саъдӣ яке аз хислатҳои хуби инсонӣ ба шумор меравад. Аъмоли неки мардумон ба онҳо умри ҷовидонӣ мебахшад:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Шоир шахси инсондўстро хеле таърифу тавсиф намуда, ба ў эҳтироми самимӣ мегузорад:
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!
Пояи асосии маснавии «Гулистон» тарғибу ташвиқи шоҳи одил, адлу инсоф, маърифатпарварӣ ва таърифу тавсифи сирати подшоҳон мебошад. Фикру ақидаҳои пандуахлоқии шоир барои тарбияи насли навраси ҷомеаи мо низ аҳамияти тарбиявӣ дорад. Саъдӣ зебоии ботинии инсонро дар ягонагии ақлу фаросати ў, дар донишандўзӣ, меҳнатдўстӣ, ростгўӣ ва ёриву бародарӣ мебинад. «Гулистон» дар таърихи адабиёти классикии форсию тоҷикӣ ҳамчун ёдгории бадеии асри ХIII шинохтаву эътироф карда шудааст, ки аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро то имрўз аз даст надодааст. Мурод аз офаридани «Гулистон» панду андарз будааст, ки худи шоир низ дар ин бора фармудааст:
Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо худо кардему рафтем.