Мавзӯъ: Маснавии «Дахмаи шоҳон» — и Мирзо Содиқи Муншӣ
Нақша:
Сарсухан
- Мазмуи ва мӯҳтавои «Дахмаи шоҳон»
- Ғоя ва мақсади шоир дар «Дахмаи шоҳон»
Хулоса
Мирзо Содиқи Муншӣ, ба гуфти Возеҳ, на танҳо дар фазлу дониш аз фозилтарин донишмандони асри худ будааст, ҳамчунон дар ҳозирҷавобиву бадеҳагӯйӣ низ устод будааст. Умуман, Мирзо Содиқ пас аз таҳсили Мадраса дар байни аҳли илму адаб ва донишмандони Бухоро ҳамчун шоири закй, оли^р пурдон, муаррихи забардаст ва котиби хушқалам шӯҳрат будааст. ‘
Эҷодиёти шоир бою рангин будааст. Дар байни ашъори шоир маснавии «Дахмаи шоҳон» аҳамияти махсуси иҷтимоию адабй дорад. Мирзо Содиқ дар ин маснавй усули махсусеро пеш гирифта, дар он ба танқиду мазаммати шоҳони золим ва ақидаҳои ватандӯстиву халқнарварй кӯшиш намудааст. Маснавй аз тасвири дахмаи шоҳон огоз мегардад. Шоҳони золиму бедодгар аз зулму залолати худ ҳар кадомашон як-як нақлу ривоят мекунанд. Ҳамаи ин шоҳон баъди гузанггани вақт мефаҳманд, ки ҳамаи он кирдорҳое, ки эшон содир кардаанд, ҷиноят будааст.
Ҳамин тариқ, Мирзо Содиқи Муншй дар маснавй таърихи салтанату аҳволи чор амири золими бадтинати сулолаи аштархониро интихоб намуда, кирдору рафтори пурайбу қабоҳати онҳоро аз забони худашон шармсорона фош мекунад.
Ба ҳамагони мову шумо маълуму равшан аст, ки Содиқ ин манзумаро дар заминаи як ривояти қадимаи халқй навиштааст. Дар байни мардум дойр ба дахмаи шоҳони Эрони қадим ривояте мавҷуд будааст.
Мувофиқи наклу ривоятҳо, Искандари Юнонй, вақте ки ба кишвари Эрон мерасад, пеш аз ҳама, ба зиёрати дахмаи шоҳони қадимаи Эрон меравад. Искандар мебинад, ки дар он дахмаҳо ҷасади як шоҳ ва як пахлавони қадими Эрон ба монанди Ҷамшед, Барзу, Рустам…. гузошта шудаанд. Искандар ба арзи эҳтиром ҳамаи он дахмаҳоро аз назар мегузаронад. Дар болои сари ҳар кадоми хуфтагон бо хатти зарин тамоми он амалҳои кардаи онҳо сабт гардида буд.
Маснавии «Дахмаи шоҳон» бо гояву мақсади иҷтимой ва тарзи бадеии ифодааш дар замони худи шоир аҳамияти муҳим доштааст. Маснавй бештар дар баёни саргузашти Абулфайзхон бахшида шудааст. Абулфайзхон амире будааст, ки бар хилофи расму оини давлатдории шоҳонн қадими Эрон амал кардаает. Бо сабаби айшу нӯши биёр ва фиску фасоди бешумор, Абулфайзхон идораи давлатро фаромӯш мекунад. Аз рӯри тасвири Мирзо Содиқ, Абулфайзхон шахеи ниҳоят камаклу бефаросат будааст.
Ҳамин тариқ, Мирзо Содиқ хостааст, ки хуфтагони дахмаро маҷбур созад, ки ақволи пурқабоҳат, амалиёти фоҷиаангези баҳри салтанат бурдаи худро шармандавор худашон нақл намоянд ва ба ин восита иқрор шаванд, ки онҳо аз ҳиссу муруввати сарварию подшоҳй холианд. Шоир шоҳони золими мурдаро ба хотири он ба забон меорад, ки амирони магрур ва ғафлатзадаи замонаш аз аҳволи фоҷиавии онҳо хулосаҳои даркорй бароранд ва минбаъд дар кору бори давлату давлатдорй ҷиддй рафтор намуда, кишвари хешро бо оини адлу дод идора намоянд.
Хулоса, мақсади асосии шоир дар навиштани маснавии «Дахмаи шоҳон» ин таргибу ташвиқи ғояи шоҳи одил, шоҳи фозилу донишманд, ботадбир ва шоҳи ғамхори халқи мазлуму кишвари харобгардида мебошад. «Дахмаи шоҳон» дар таърихи адабиёти тоҷик тарзу усули таълифи мавқеи махсус ва муҳим дорад.