Марҳилаҳои пайдоиши информатика ва иттилоот (информатсия)
Related Articles
Информатика аз калимаи фаронсавӣ гирифта шуда маънояш info (хабар, ахбор) avtomatika (худкор, зудкор)
Информатсия (Information) аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш иттилоот додан, хабар додан, ахборот додан, маълумот додан мебошад, вале ягонтои онҳо ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчикро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоот не.
Информатика яке аз соҳаҳои нави илму техника буда, қонунҳо ва усулҳои ғункуни, захиракунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабароӣ ва интиқоли маълумотро бо ёрии компютер меомӯзад.
Фанни информатикаро дар мамлакатҳои Ғарб «Илми компютерӣ (Соmuтter Sayanсе)» мегӯянд.
Компютер, ки онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ низ ном мебаранд, яке аз дастовардҳои бузургтарини илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Худи маънои калимаи компютер (Соmuter) низ дар забони тоҷикӣ ҳисоббарор аст. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Ба ҳисоби миёна қариб ҳар даҳсола дар технологияи истеҳсолот, конструксия ва усулҳои истифодабарии МЭҲ, тағйиротҳое ба вуҷуд меоянд, ки бешубҳа дар бораи пайдошавии насли нави компютерҳо сухан рондан лозим меояд.
Имрӯз он компютерҳое, ки аслан, барои ҳалли масъалаҳои ҳисобкунӣ сохта шуда буданд, татбиқи худро дар идоракунии равандҳои истеҳсолӣ, ҳисоббарориҳои масъалаҳои иктисодӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои оморӣ, манбаъҳои маълумотдиҳандаи информатсия, тарҳрезии равандҳои физикӣ ва фаъолияти фикрии одамон ёфтаанд.
Офариниши МЭҲ бо беҳтарин комёбиҳои инсон, аз қабили азхудкунии қувваи барқ, ихтирои чарх, сохтани механизмҳои буғӣ, истифодабарии энергияи атомӣ ва дигар кашфиёт дар як поя қарор гирифтааст. Ихтирооти номбурда дар рушди истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва болоравии тафаккури инсон нақши бағоят калоне бозидаанд. Ба туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, кувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфтаанд. Агар мошинҳои муқаррарӣ имкониятҳои ҷисмонии одамро васеъ гардонида бошанд, пас компютер нерӯи ақлонию зеҳнии онро баланд бардоштааст. Тараққии минбаъдаи МЭҲ ба он оварда мерасонад, ки дар бисёр соҳаҳои фаъолияти фикрию ҷисмонии инсон, мошинҳо вазифаи ёрдамчии беғарази онро иҷро мекардагӣ мешаванд.
Гарчанде мошинҳои электронии ҳисоббарор аз ҷиҳати намуд ва тарзи истифодабариашон хеле гуногун бошанд ҳам, вале принсипи кори онҳо ба ҳамдигар бисёр монанд аст. Дар ҳамаи онҳо қисмҳо ва ҷузъҳоеро ёфтан мумкин аст, ки вазифаҳои якхеларо иҷро мекунанд. Айнан чунин монандӣ ва умумиятҳоро дар сохт ва моҳияти масъалаҳои аз соҳаҳои гуногуни илм, техника, иқтисодиёт ва ғайраҳо пайдошуда низ дидан мумкин аст, ки онҳо ба воситаи дастгоҳи якхелаи математикӣ ҳал карда мешаванд. Ба монандӣ ҳамин, бисёр умумиятҳоро дар соҳаи барномасозӣ ҳам дидан мумкин аст.
Сигналҳо ҳамчун объекти табиати моддӣ аз ҳеҷ куҷо пайдо намешаванд ва ба ҳеҷ куҷо ғайб намезананд. Паҳншавии онҳо ба фазо ҳамеша бо таъсиррасонӣ ба ҷисмҳои физикӣ анҷом меёбад. Чунин таъсиррасонӣ дар информатика ҳамчун бақайдгирии сигналҳо маънидод карда мешавад. Ҳамин тавр дар информатика маълумотҳо ин сигналҳои бақайдгирифташуда мебошанд. Маълумотҳо ҳамеша объективианд. Онҳоро дидан, шунидан, бо даст доштан мумкин аст. Чӣ коре, ки бо маълумоти мушшаххас иҷро кардан лозим шавад пеш аз ҳама аз табиати физикавии он вобаста аст. Агар мо воситаи сабткунии сигналро дошта бошем он гоҳ мо ҳатман восиати хондани онро низ дорем. Масалан, изе, ки ҷинояткор дар ҷои ҷиноят мегузорад, ин натиҷаи таъсири он ба муҳити атроф аст. Барои криминалистон ин маълумотҳо информатсияи воқеаи рӯйдода мебошанд. Якчанд усулҳои дастраскунии маълумот ҷой дорад. Аввалан ин усули табиӣ, ки ба узвҳои ҳисси инсон асоснок шудааст (босира – чашм, шоммеъа – бӯй, ломиса –даст, сомеъа – гӯш ва таъм). Дуюм ин усули техникии дастраскунии маълумот мебошад. Масалан инсоният қодир нест, ки радосигналҳо ва дигар сигналҳои табиати электромагнитиро қабул карда коркард намояд. Таҷҳизотҳои зерин барои хондани сигналҳои табиати электромагнити дошта истифода мешавад: магнитофон, видеомагнитофон, DVD, VCD, Mp3-плейрҳо, таҷҳизоти ренгенӣ ва ғайраҳо. Ин таҷҳизотҳо имкон медиҳанд, ки маълумотҳои намуди бо усулҳои табиӣ дастнораси инсон ба шакли барои инсон дастрас, пешниҳод карда шавад.
Ҳамин тавр, ахбор (информатсия) ин маҳсули таъсири байниҳамдигарии маълумотҳо ва усулҳо мебошад. Дар раванди иттилоотӣ маълумотҳо бо ёрии усулҳои коркарди маълумот аз як намуд ба намуди дигар тағйир дода мешаванд. Чунин амалҳо бо маълумотҳоро номабар кардан мумкин аст.