• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Мақом ва шӯҳрати Мавлоно дар асрҳои баъдина
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Мақом ва шӯҳрати Мавлоно дар асрҳои баъдина

42 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Мақом ва шӯҳрати Мавлоно дар асрҳои баъдина

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) яке аз адибон, мутафаккирон ва орифонест, ки дар таърихи фарҳангу адаби тоҷику форс мақоми шоиста ва воло дорад. Гузашта аз ин, миёни халқу миллатҳои турктабор, Ҳинд, араб, пушту ва халқу қавмҳои Аврупо шӯҳратёр аст. Ҳанӯз аз асрҳои XIII cap карда, осораш ба забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Шиблии Нӯъмонӣ, Робиндранат Такур, Мирзо Ғолиб ва бахусус шоир ва файласуфи барҷаста Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хешро пайравони Мавлоно ба қалам дода, пешаш сари таъзим фурӯд овардаанд. Таъсири Мавлоно дар ғазалиёт ва маснавиҳои Икбол равшан инъикос ёфтааст. Дар маснавии «Ҷовиднома» Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун қаҳрамони асосй амал мекунад. Мавлоно, Зиндарӯд (Муҳаммад Иқбол), Дарвеши Судонӣ ҳамроҳ ба сафари афлок мебароянд ва дар баҳсу талошҳои қаҳрамонони асар фаъолона иштирок мекунанд. Бо камоли ифтихор Иқбол ёди Мавлоно менамояд:

Нуқтаҳо аз Пири Рум омӯхтаам,

Хешро дар роҳи ӯ восӯхтаам.

Сабаби ин қадар маҳбубият пайдо кардани Мавлоно дар чист? Ба ин суол посух додан ҳам осон асту ҳам душвор. Чунонки аз тарҷумаи ҳоли адиб равшан гардид, барои Мавлоно дину мазҳаб, халқияту нажод тафовут надошт. Ӯ тарафдори инсони комил, инсони поку некӯсиришт, инсони ҳақбину ҳақшинос буд. Ӯ ҳамин гуна инсонҳоро ситоиш карда, ононро дусти Худо ва ҳамсояи Худо донистааст:

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!

Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!

Чизе, ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед?

Андар талаби гумнашуда баҳри чароед?!

Исмеду ҳуруфеду каломеду китобед!

Ҷабрили аминеду расулони худоед!

Дар хона нишинед, магардед ба ҳар сӯ,

Зеро ки шумо хонаву ҳам хонахудоед!

Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,

Медон, ки бадон рамз сазоед, сазоед!

Ҳамин тавр, инсонҳои поки ба Ҳақ расида аз акди ҷузъ ба акди кулл расида, бо Худо як мешаванд. Барои ҳамин андешаҳои башардӯстонааш баъзе олимон, шоирон, орифон маломаташ кардаанд ва «Маснавии маънавӣ»-ро каломи беарзиш донистаанд. Масалан, Мираббоси Лутфӣ бо таън ба ин шоҳасар нигариста, дар давоб ба он достони «анну салво»- ро иншо кард. Ӯ худписандона мегӯяд:

Ин каломи суфиёни шум нест,

«Маснавии маънавӣ»-и Рум нест.

Дар асрҳои XVII ва XVIII дар Ҳинд чароғи илму фарҳанги тоҷику форс боз ҳам фурӯзонтар гардид. Доираҳои адабӣ дар шаҳрҳои Ҳинд арзи вуҷуд карданд ва боз ҳам забони дарӣ- тоҷикӣ ривоҷу равнақ ёфт. Адибони бузург ба камол расиданд. Бешубҳа, дар рушду камоли Робиндранат Такур, Мирзо Ғолиб, Аҳмад Аббос ва чунонки дар боло гуфтем, Муҳаммад Иқбол таъсири эҷодиёти Мавлоно басо бузург аст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов