Маълумот дар бораи вирус
Вируси компютерӣ чист ва чи гуна бо он мубориза бояд кард? Пеш аз он ки ба ин пурсиш посух бигуем, бояд худи мафхуми «Вируси компютер»-ро шарху тафсир бидихем.
Вирус — программаи махсус тартибдодашудаи зараррасони хачман начандон калоне мебошад, ки ба раванди мукаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён ба таркиби диску файлхои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю хуччатхоро несту хароб месозад. Кариб хар сол намудхои нави вирусхо, ки дарачахои гуногуни сирояткунй доранд, ихтироъ карда мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни информатсия бо роххои мухталиф ба компютерхо пахн карда мешаванд. Имруз микдори зиёди вирусхо маълум ва мавчуданд. Проблемаи вирусхои компютерй яке аз проблемахои раками якуми асри нав гаштааст.
Яке аз хосиятхои асосии вирусхои компютерй аз он иборат аст, ки онхо хангоми сирояткунй хар дафъа нусхаашонро афзун менамоянд ва ба таври махфй ба дохили файлхои дискхои компютерхо ва махсусан ба секторхои боркунандаи дискхояшон ворид мегарданд.
Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин программахо ба онхо «вирус» ном гузошта шудааст.
Агар вирус аллакай дар хотираи компютер мавчуд бошад, вай метавонад дар лахзаи дилхохи барояш кулай фаъол гардад ва компютерро ба ичрои хар гуна амалиёти барои истифодабарандагон номаълум мачбур созад. Фаъолшавии вирусхо метавонад бо ходисахои гуногун, аз кобили вакти муайяни ягон руз, рузи муайяни хафта, ба кор омодасозии программахо, кушодани хуччатхо ва гайра алокаманд карда шуда бошад.
Дангоми ба кор омода сохтани программаи сироятёфта, аввал вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегирад. Баъд вай программаю объектхои дигарро кофта меёбад ва ба сирояткунии онхо шуруъ менамояд. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба программае медихад, ки худ дар он чой гирифтааст. Ин программа бошад, ба таври муккаррари кори худро давом додан мегирад ва истифодабарандаи компютер дар аввал пай намебарад, ки бо программам сироятёфта кор карда истодааст. Окибатхои амалиёти (сирояти) вирусхо хеле гуногуну рангинанд.
Аз руйи дарачаи зараррасониашон вирусхоро ба намудхон зерин чудо менамоянд:
•Вирусхои бехатар. Чунин вирусхо ба раванди кори компютер таъсир нарасонида, танхо аз хисоби зудафзуншавиашон кисми озоди хотираи дискро ишгол менамоянд, ки ин ба сустшавии суръати кори компютер оварда мерасонад.
•Вирусхои дарацаи хатарнокиашон паст. Ин вирусхо низ ба раванди асосии кори комютер таъсир намерасонанд. Онхо ба экран хар гуна маълумотхои нолозим ва расму графикхои гуногунро бароварда ба асаби истифодабарандаи компютер мерасанд. Баъзеашон садою мусикй мебароранд, баъзеашон функсияи тугмахои клавиатураро тагйир медиханд ва баъзеашон компютерро хомуш мекунанд, вале онхо информатсияи хуччату программахоро хароб намесозанд.
•Вирусхои дарацаи хатарнокиашон миёна. Ин намуди вирусхо сабабгори бозистй ва кори нодурусти компютер ва программахо шуда метавоианд. Онхо махсусан информатсияи дар дискхо махфузбударо кисмаи хароб месозанд. Аксарияташон файлхои кисми иловагии номашон .com-бударо, ки дарозиашон 64000 байт аст, вайрон мекунанд.
•Вирусҳои дарацаи хатарнокиашон баланд. Фаъолшавии чунин вирусхо ба зуд-зуд аз кор баромадан ва нест шудани программаю додашудахо, тагйирёбй ё нестшавии файлу папкахо ва Faftpa оварда мерасонад. Дар чунин холатхо винчестер ё дигар дискхои компютерро аз нав форма!1 кардан лозим меояд.
Аз руйи намуди объектной сирояткунанда, мухит ва мавкеи чойгиршавй вирусхоро ба вирусхои файлй, боркунанда, макро-(Вирусхо ва шабакавй чудо мекунанд.
■Вирусхои файлй. Ин гурухи вирусхо бо роххои гуногун ба файлхои ичрошаванда (.ехе ё .com) дохил мешаванд ва хангоми ба кор андохтани онхо фаъол мегарданд. Баъди шуруй кори программаи «сироятшуда» вирус ба хотираи фаврй мегузарад ва то итмоми кори компютер дигар файлхоро сироят кардан мегирад. Мухофизати профилактикии вирусхои файлй аз он иборат аст, ки аз истифодаи дискетхои шубханок е бо программахои зиддивирусй (аитивирусй) тафтишиашуда даст каши дан лозим аст.
■Вирусхои боркунанда. Ин намуди вирусхо нусхахои худро дар сектори боркунандаи (омодасозандаи кор) диски системавй зиёд менамоянд. Дангоми аз диски вирусдор ба кор омода сохтани системам оператсионй, вирусхо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусхои файлй рафтор мекунанд. Мухофизати профилактики аз вирусхои боркунанда аз истифода набурдани дискетхои системавй иборат аст.
■Макро-вирусҳо. Ин намуди вирусхо файлхои хуччатхои протсессори матнии MS Word ва китобхои чадвали электронии MS Excel-po сироят мекунанд. Онхо хамчун макрокомандахо (макросхо) дар таркиби хуччат чой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Баъди кушодани хуччати сироятёфта, вирусхо дар хотираи компютер «саёхат» менамоянд ва дигар хуччатхои кушодашударо низ сироят мекунанд. Хатари сироят танхо пас аз бастани хуччат бартарафёфта хисобида мешавад. Мухофизати профилактики аз макро-вирусхо танхо нест кардани онхост.
■Вирусҳой шабакавӣ. Ин намуди вирусхо ба воситаи шабакахои компютери пахн шуда, метавонанд хамаи компютерхои бо онхо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусхо бештар ба воситаи почтам элекронй ва шабакаи чахонии Интернет пахн карда мешаванд. Масалан, 5 майи соли 2000 миллионхо иетифодабарандагони Интернет маьлумоти дорой сарлавхаи дик; к, атчалбкунандаи I LOVE YOU-po гирифтанд, ки он аз як файлй вирусдор иборат буд. Ин файл баъди фаъолшавиаш цисми иловагии номи хамаи файлхои компютерро дигаргун месохт ва тамоми системаи файлии онро вайрон менамуд. Бинобарон хангоми кор бо Интернет ва почтам элсктронй, ягона мухофизати профилактики зхтиёткор будан аст.
Хатар — ин имконияти бо ягон восита вайрон кардани бехатарии информатсионй мебошад.
Ичроиши хатар хамла (атака) номида мешавад ва он шахсе, ки чунин амал менамояд бадхохчинояткор номида мешавад. Маркази ичрои хатарро манбаи хатар номида мешавад.
Дар бисёр маврид хатар бо мавчуд будани чои суст дар химояи системаи информатсионй ташкил карда мешаванд (ба монанди хатоги дар таъминоти барномавй….).
Давомнокии аз вакти истифодаи чои сусти химоя то тамомшавии вакти истифодаро оинаи хатар меноманд. То он вакте, ки ингуна оинахои хатарнок мавчуданд, эхтимолияти хамлахо ба системаи информатсионй зиёд мешаванд.
Дар бештари чойхои суст оинаи хатар вакти нисбатан зиёд фаъолият менамояд(якчанд руз, баъзан хафтахо), зеро дар ин вакт бояд ходисахои зерин ба вучуд ояд:
бояд воситаи муайян кунии нуксон, камбудии химояро интихоб кард; бояд дарбеххо(заплаты) сохта шаванд;
дарбех бояд дар химояи системаи информатсиони гузошта шавад.
Мафҳуми «Хатар» аксаран хато фахмида мешавад. Масалан барои муассисахои кушода (мактабхо, донишгохо..) махфй будани маълумот шарт нест, зеро хамаи маълумот омавй ба хисоб меравад. Аммо дастрасшавии гайрилегалй(зараровар) ба хатари чиддй оварда мерасонад. Яъне хатар аз тарафи шахсоне, ки ба маълумот дасрас мебошанд ба вучуд меояд.
Хатархоро бо чунин меъёрхо таснифот кардан мумкин аст:
Бо чанбаи(аспект) бехатарии информатсионй, ки ба мукобили он хамаи хатархо дар навбати аввал равона карда шудааст;
Бо кисматхои системаи информатсиони (маълумот, барномахо, аппаратура);
Бо воситаи ичрокунӣ;
Бо чойгиршавии манбаи хатар.
Хатари бештар пахн шуда ин дастрас шави мебошад.
Бештар хатархо аз тарафи коргарони муассиса, яъне ичро кунандагони системаи информатсиони мебошад. Дангоми ичрои кор онхо метавонанд бегаразона маълумотро бо хатогии худ аз базаи маълумот нест кунанд.
Чунин хатогихо аз тарафи коргарони муассиса аз руи хисоботи оморй аз хатарй сухтор ва дигар офатхо хам баландтар аст, ки ба 65% омада расидааст.
Эхтимол, чорахои катъи барои ба хатоги рох надодан ин автоматизатсия кардан ва назорати чидди намудан мебошад.