Дар повести «Мактаби кӯҳна» муаллиф рӯзгори замони кӯдакиашро тасвир намуда, мехоҳад ҷавонони имрӯз фаҳмида бошанд, ки чӣ рӯзгори сахтро дар ҷавонӣ аз сар гузаронидааст. Вале қатъи назар аз душвориҳои он замон бо роҳнамоии падари хирадмандаш ва дар нитиҷаи кӯшиши шахсии хешу роҳнамоии мардони некбини он замон ба мартабаҳои бузург расида тавонист.