Мактабҳои усули нав ва рӯзномаи «Бухорои Шариф»
Фарқи мактабҳои усули куҳна ва нав. Ҳанӯз дар охири асри XIX ва махсусан, ибтидои асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба усули куҳнаи таълим дар мактабу мадрасаҳо тағйир ёфта буд. Зиёиён ҳатто яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро маҳз дар қафомонда будани усули таълими мактабу мадарасаҳо дида, дар андешаи ислоҳи он буданд. Зеро фанҳое, ки дар мактабҳои усули куҳна асрҳо боз таълим дода мешуданд, танҳо ба як мақсад – ҳарчи васеътар омӯзонидани асосҳои дини ислом нигаронида шуда буданд. Аз ин рӯ дар чунин мактабҳо толибилмон қариб ним сол танҳо ҳарфҳои арабиро азёд меомӯхтанд. Баъд ба омӯзиши
«Ҳафтяк» (пораҳо аз Қуръон), сипас ба хондани «Чоркитоб» шурӯъ менамуданд. Ин ҳама қариб се солро дар бар мегирифт. Дар мактабҳои усули куҳна дигар фанҳо қариб омӯзонда намешуд. Баъзан бо ташаббуси худи муаллимони мактаб–домуллоҳои баъзе мактабҳои куҳна фанҳои дунявӣ, ба монанди риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуд, вале шумораи ин гуна мактабҳо хеле кам буд.
Бинобар ин аксари толибилмон баъди хатми мактабҳои усули куҳна аз навиштан тамоман бехабар буданд. Чунин ҳолат яке аз xycусиятҳои замони гузашта буд. Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, махсусан, дар маҳалҳои тоҷикнишин қариб деҳае набуд, ки онҷо масҷид набошад. Дар шаҳрҳо миқдори масҷидҳо хеле зиёд буд. Масалан, дар шаҳри Бухорои Куҳна дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX 360 масҷид амал мекард. Дар назди қариб ҳамаи масҷидҳо мактабҳои усули куҳна амал мекарданд. Барои духтарон дар баъзе маҳалҳо мактабҳои алоҳида мавҷуд буданд.
Оид ба омӯзиши илмҳои дунявӣ дар мадрасаҳо вазъият каме беҳтар буд. Вале дар ин ҷо риёзиёт, ҷуғрофия, таърих, нуҷум омӯхта шаванд ҳам, қисми зиёди таҳсил ба омӯзиши забони арабӣ, қироати Қуръон ва махсусан шарҳи гуногуни он, шариати ислом ва ғайра нигаронида шуда буд. Дар нимаи дуюми асри XIX дар мадрасаҳо омӯзиши илмҳои дунявӣ хеле маҳдуд гардида, ҳатто омӯзиши илми тибро аз байн бардоштанд. Шумораи мадрасаҳо хеле зиёд буд. Танҳо дар шаҳри Бухорои Куҳна зиёда аз 200 мадраса амал мекард, ки онҳо беш аз 10 ҳазор муҳассил доштанд. Дар Хуҷанд 47 мадраса, инчунин, дар Ӯротеппа, Панҷакент, Қаротоғ
ва дигар нуқтаҳои Тоҷикистони имрӯза низ мадрасаҳо вуҷуд доштанд.
Аҳмади Дониш, Муфтӣ Икромча, Садри Зиё, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддин Айнӣ ва дигарон, ки дастпарварони мактабу мадрасаҳои ҳамон давр буданд, ба замони нав мувофиқ набудани усули таълимро дар асарҳояшон зикр намудаанд. Замони нав – давраи рушди муносибатҳои молию пулӣ ба донандагони илмҳои дунявӣ бештар муҳтоҷ буд. Чунин талабот зарурати бунёди мактабҳои усули навро ба миён овард, зеро дар мактабҳои усули нав толибилмон дар баробари Қуръон ва аз худ намудани заруриёти динӣ, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва дигар фанҳои дунявиро низ ба таври васеъ ва ҳатмӣ меомӯхтанд.
Ғайр аз ин, дар мактабҳои усули нав барои дар муддати хеле кӯтоҳ ёд гирифтани хондану навиштани толибилмон диққати махсус дода мешуд.
Ташкили мактабҳои усули нав. Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳаллӣ кушодани мактабҳои усули навро тезонид, зеро ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки ҳарчи зудтар нисбати тақдири халқи худ чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамин ҳолат баъзе саноатчиёни маҳаллиро, ки худ маърифатпарвар буданд, бетараф нагузошт. Барои зиёиён тарафи иқтисодии масъала мураккабӣ мекард, вале барои саноатчиёни маҳаллӣ, ки сол то сол соҳиби даромади зиёд мегардиданд, ин қисми масъала зуд ҳалшаванда буд. Ҳамин тавр, бо дастгирии сарватмандони маҳаллӣ соли 1898 дар Қӯқанд (бо ташаббуси мулло Салоҳиддин) соли 1899 дар Андиҷон (бо ташаббуси мулло Шамсиддин) ва дар Тошканд (бо ташаббуси қорӣ Маннон) мактабҳои усули нав (таълим ба забони ӯзбекӣ) ташкил ёфтанд.
Нахустин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ ба номи маорифпарвари самарқандӣ – Абдулқодир Шакурӣ марбут аст. Бо ташаббуси ӯ соли 1901 дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри Самарқанд аввалин чунин мактаб кушода шуд. Баъдтар ӯ дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ва соли 1903 дар гузари Қӯшҳавз, дар ҳавлии Муҳаммадраҳимбой низ ҳамин гуна мактабҳои усули нав бунёд намудааст. С.Айнӣ соли 1908 ҳангоми бори аввал ба Самарқанд сафар намуданаш ҳамроҳи А.Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рӯзи шиносоӣ бо мактаби Шакурӣ, мегӯяд ӯ: «фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард».
А.Шакурӣ баробари фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин барои мактабаш дастурҳои зарурӣ ва китобҳои дарсӣ низ тартиб медод. Ба қалами ӯ аввалин китоби алифбои форсии тоҷикии мактабҳои усули нав «Роҳбари савод», китобҳои қироати «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Зубдат-ул-ашъор» тааллуқ дорад.
Дар мактаби Шакурӣ ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо падару модарони толибилмон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд
Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари Туркистон сол то сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи ин гуна мактабҳо дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онҳо ба 68 адад расиданд. Масалан, дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ – собиқ уезди Хуҷанд, волостҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара 7 мактаби усули нав амал мекард.
Абдулқодир Шакурӣ (1875 – 1943, дap мобайн), маорифпарвар, яке аз аввалин муассисони мактаби усули нави форсии тоҷикӣ дap Самарқанд, дap доираи деҳқонон
Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар шароити Бухоро ба мулло Ҷӯрабойи пирмастӣ, ки бо тиҷорат машғул буд, мансуб аст. Ӯ, ки дар Туркия таҳсил намуда буд, дар асоси усули мактабҳои туркӣ ва русӣ ибтидои соли 1900 дар гузари Пӯстиндӯзони шаҳри Бухорои Куҳна мактаби хусусӣ кушод. Вай ният дошт, ки дар 5 – 6 моҳ наврасон ва калонсолонро саводнок намояд, вале мактаб ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ худ аз худ ба зудӣ баста шуд.
Баъд аз мулло Ҷӯрабой, солҳои 1902 – 1903 Каипов ном тотор, мактаби усули наве ифтитоҳ кард, вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд.
Октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) ва Садриддин Айнӣ дар дохили шаҳри Бухоро, дар гузари дарвозаи Салоҳхон, дар ҳавлии худи Мунзим барои бухороиён аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки он 12 нафар хонанда дошт. С.Айнӣ ва А.Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани мактаби худ ба бой бачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян намуда, камбағалонро ба таври ройгон қабул мекарданд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ «Роҳбари хат» ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи «Мактаби Мунзим» маълум аст.
Дар мактаби А. Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои Абдулқодир Шакурӣ (1875 – 1943, дap мобайн), маорифпарвар, яке аз аввалин муассисони мактаби усули нави форсии тоҷикӣ дap Самарқанд, дap доираи деҳқонон зарурӣ эҳсос карда мешуд.
«Таҳзиб-ус-сибён» – аввалин китоби қироати форсии тоҷикии С.Айнӣ, ки барои мактабҳои усули нав тартиб додааст ва он соли 1909 дap Самарқанд нашр гардидааст
Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ моҳи март ва апрели соли 1909 бо ташаббуси онҳо «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан, оятҳои Қуръон, китоби «Тартил-улҚуръон»-ро ба чоп омода намуда, ба воситаи муаллимони тотор барои нашр ба чопхонаи Оренбург фиристодааст. Бо ташаббуси С.Айнӣ китоби қироати «Таҳзибус-сибён» («Тарбияи кӯдакон») тайёр ва нашр карда шуд.
Ғайр аз мактаби мазкур, бо ташаббуси А.Мунзим барои мардуми калонсоли бухороӣ мактаби шабона низ кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30-соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод.
Дар натиҷа, дар Бухоро обрӯ ва эътибори мактаби усули нави А.Мунзим ва С.Айнӣ бештар паҳн
Мирзо Абдулвоњид Бурњонов (Мунзим), Садриддин Саидмуродзода Айнӣ
(1877 – 1934), шоир, нависанда, (1878 – 1954), шоир, нависанда,
маорифпарвар, муассиси яке аз аввалин маорифпарвар, олим, муассиси яке аз аввалин
мактабҳои усули нав (ҷадидӣ)-и форсии мактабҳои усули нав (ҷадидӣ)-и
тоҷикӣ дap Бухоро форсии тоҷикӣ дap Бухоро
гардид, ки ин ҳолат мухолифони онро ором намегузошт. Мунзим ва Айнӣ хавфи баста шудани мактабашонро ҳис карда, бо мақсади пешгирӣ ва ба умум нишон додани натиҷаи кори худ 6-уми сентябри соли 1909 маҷлиси имтиҳонот оростанд. Дар он қариб 100 нафар даъватшудагон аз ҳисоби падарон, рӯҳониён, шаҳриён ва ғайра ҳузур доштанд. Ҳозирон дар фаъолияти ин мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале, бо вуҷуди ин, 25-уми сентябри соли 1909 бо амри ҳукумати амирӣ мактаби Мунзим ва Айнӣ баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.
Муфтӣ Икромча (Мулло Икром Абдусаломов, 1847–1925), маорифпарвар, мударрис, яке аз устодони С.Айнӣ
Аммо қисме аз бухороиён, яъне онҳое, ки бештар муштоқи савод буданд, ба манъи ҳукуматдорони амирӣ нигоҳ накарда, баъди ин воқеа ҳам дар мактабҳои тоторӣ таҳсилро давом доданд.
Баъзе мактабдорони бухороӣ, баъди баста шудани мактаби Мунзим ҳам, ба ҳар гуна таҳдиди ҳукуматдорони амирӣ нигоҳ накарда, фаъолияти мактаби худро пинҳонӣ давом доданд. Илова ба ин, бо ташаббуси худи бухороиён боз мактабҳои дигари махфии усули нав ташкил меёфт. Дар натиҷа соли 1914 танҳо дар шаҳри Бухорои Куҳна шумораи умумии чунин мактабҳои махфии ҷадидон ба 45 адад расида буд, ки дар аксари онҳо таълим ба забони форсии тоҷикӣ сурат мегирифт.
Мактабҳои усули нав аз доираи ашхоси бонуфузи Бухорои амирӣ тарафдорон пайдо карда буд. Яке аз чунин хайрхоҳони мактаби усули нав мударрис, қозӣ, муфтӣ Домулло Икромча (Мулло Икром Абдусаломов, 1847 – 1925) ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар мавқеи маорифпарварӣ истода, аҳамият ва зарурати чунин мактабро барои саводнокшавии ҷавонон таъкид намудааст.
Мактабҳои усули нав аз доираи ашхоси бонуфузи Бухорои амирӣ тарафдорон пайдо карда буд.
Ҷамъияти «Тарбияи атфол». Муборизаи шадиди байни тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав, пеш аз ҳама, трафдорон – ҷадидонро водор намуд, ки дар баробари махфӣ нигоҳ доштани амалиёти худ, боз ҳам муттаҳидтар шаванд.
Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ (Абдусаидзода 1875-1946) шоир, маорифпарвар ва яке аз муборизони муқобили тартиботи амирии Бухоро
Бо ҳамин мақсад онҳо 1-уми декабри соли 1910 ҷамъияти пинҳонии худро бо номи «Тарбияи атфол» бунёд намуданд. Таъсискунандагони ин ҷамъият Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ (Абдусаидзода), мударрис Ҳоҷӣ Рофеъ ва Мукаммалиддин Махдуми Бурҳонзода буданд. Умуман, аз 28 нафар аъзои ин ҷамъият 14 нафар муллою муллозода ва се нафар мударрис буданд.
Ҷамъияти «Тарбияи атфол» аввалин ташкилоти ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ташкил намудани мактабҳои усули нав ва барои таҳсил ба Туркия фиристодани толибилмони бухороӣ мақсади аввалини ин ҷамъият ҳисоб мешуд.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф». Дигар кори ба чашм намоёне, ки ҷадидони Бухоро карданд, нашри рӯзномаҳо буд. Маҳз бо ташаббуси онҳо аввалин рӯзномаи форсии тоҷикии «Бухорои Шариф» 11-уми марти соли 1912 нашр гардид.
Ин рӯзнома дар чопхонаи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик – тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишмандони забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода, ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳонӣ, масъалаҳои гуногуни таърих, ҷуғрофия, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан, зарурати омӯхтани илму дониш таъкид карда мешуд ва оид ба ин масъала мақолаҳои ташвиқотӣ чоп мегардид. Ба андешаи муаллифони мақолаҳо, асоси рушди мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон маҳз тавассути ба нуқтаи баланд расидани савияи илму дониши раияташон ба амал омадааст. Сарзамини аморати Бухоро маҳз аз сабаби беаҳамиятӣ нисбат ба илму дониши дунявӣ ба ҳолати қафомондагӣ гирифтор шудааст.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар замони душвори ҳукмронии амирӣ ягона минбари рӯшанфикрони тоҷик ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, дар саҳифаҳои рӯзнома талабу дархости онҳо оид ба тақдири минбаъдаи Бухоро бештар чоп мегардид. Рӯзнома то 2-юми январи соли 1913 ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва бо иғвои муқобилони ислоҳот аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд.
Ҳамин тавр, аз тарафи ҷадидони Бухоро нашр карда шудани аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ бузургтарин воқеа дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурии мо рӯзи нашри нахустин рӯзномаи «Бухорои Шариф», яъне 11-уми мартро ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн мегиранд. Ҷадидони Бухоро инчунин аз 14-уми июли соли 1912 то 2-юми январи соли 1913 (ҳамагӣ 49 шумора) рӯзномаи «Тӯрон»-ро низ ба забони ӯзбекӣ нашр намудаанд.
Сарчашма:
Дар яке аз мақолаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» таъкид шудааст: «Дар корҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ аҳамияти илми дунё аз вақти ҷанг зиёдтар аст. Агар мамлакат саноат, тиҷорат надошта бошад, ҳатман тараққӣ нахоҳад кард ва оқибат маҳв ва нобуд хоҳад шуд». (Ниг.: рӯзномаи «Бухорои Шариф», 1912, 6-уми июн, № 6).
Санаҳои муҳим:
1897 – ташкили аввалин мактаби усули нав –ҷадидӣ бо забони ӯзбекӣ бо ташаббуси Мулло Салоҳиддин дар Қӯқанд.
1901 – ташкили аввалин мактаби усули ҷадидӣ, ба забони форсии тоҷикӣ, бо ташаббуси Абдулқодири Шакурӣ дар Самарқанд.
1908 – ташкили аввалин мактаби усули нав ба забони форсии тоҷикӣ, бо ташаббуси А.Мунзим ва С.Айнӣ дар Бухоро. Ин мактаб дар таърих бо номи «Мактаби Мунзим» маълум аст.
1909 – 25-уми сентябр – аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шудани мактаби Мунзим.
1910 – 1-уми декабр – бунёди ҷамъияти пинҳонии «Тарбияи атфол» дар Бухоро.
1912, 11-уми март–1913, 2-юми январ – нашри аввалин рӯзномаи форсии тоҷикии «Бухорои Шариф».
Савол ва супоришҳо:
1) Мактабҳои усули куҳна аз нав чӣ фарқ доштанд?
2) Аввалин мактабҳои усули нав дар қаламрави Осиёи Марказӣ кай ба вуҷуд омадаанд?
3) Таъсиси аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ ба кӣ мансуб аст?
4) Дар бораи «Мактаби Мунзим» чӣ медонед ва чаро он аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд?
5) Барои мактабҳои усули нав аз тарафи Садриддин Айнӣ ва Абдулвоҳиди Мунзим чӣ китобҳои дарсӣ нашр гардид?
6) Ҷамъияти «Тарбияи атфол» чӣ гуна ҷамъият буд?
7) Рӯзномаи «Бухорои Шариф» кай ва бо ташаббуси киҳо нашр гардид?
8) §§ 30 ва 31-ро такрор кунед.