Маҳсулоти сохтмонӣ
Тоҷикистон барои тавсеа ва рушди соҳаи сохтмон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Айни замон зиёда аз 140 конҳои масолеҳи сохтмонӣ омӯхта шуданд, ки беш аз 40-тояш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аксари майдонҳои кашфшуда захираҳои собитшуда барои 20-50 соли ояндаро доро мебошанд. Дар маҷмӯъ соҳаи сохтмон дорои захираҳои зиёди моддаҳо барои истеҳсоли хишт, оҳак, гилхок, дажғолҳои омехташуда, агрегатҳо, маводи пуркунанда, гипс, сангҳо барои ороиш, сангҳо барои буриш ва сангпораҳо, семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ мебошад, ки талабот дар бозори дохилӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги муфассал таҳқиқшудаи боро-силикат дар Помир, қуми кварсӣ дар наздикии шаҳри Хуҷанд, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо дар Помир ва минтақаҳои дигар мебошад.
Саноати истихроҷи маъдан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи Шӯравӣ бунёд ёфтааст, пеш аз ҳама ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти собиқ кишвари абарқудрат нигаронида шуда, дар навбати аввал ҳамчун базаи ашё барои саноати коркард дар дигар минтақаҳо хизмат мекард. Дар корхонаҳои мавҷудаи саноати кӯҳӣ асосан консентрати маъданҳо истихроҷ мешуданд, ки барои коркард ба дигар минтақаҳои кишвар интиқол меёфтанд. Аз ин сабаб пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсулоти корхонаҳои саноати кӯҳӣ бо сабаби қатъ шудани муносибатҳои шарикӣ байни корхонаҳо дар минтақаҳои гуногун нолозим шуданд. Баъзе корхонаҳо аз байн рафтанд, баъзеҳо бошанд истеҳсолро ба таври муассир кам карданд, дар ҳолати хуб ба истеҳсоли дигар маҳсулотҳо гузаштанд. Айни замон дубора эҳё шудани корхонаҳо, ҷустуҷӯи бозорҳои фурӯши маҳсулоти онҳо ва мутобиқгардонии онҳо дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳамин замина аз соли 2015 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 900 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноати сохтмон бо 30 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар ин давра истеҳсоли беш аз 70 намуди маҳсулоти сохтмонии нав ба роҳ монда шуд, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон аз кишвари воридкунанда ба содиркунандаи семент табдил ёфт. Ҳамчунин имрӯз маҳсулоти маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои Аврупо содир мешавад.
Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон кишвари моро ба маркази транзити мол аз Аврупо ба Осиёи Ҷанубӣ табдил медиҳад. Айни замон мо барои таҷдиди роҳҳои оҳану автомобилгард сармоягузорӣ мекунем. Лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва ҳамчунин сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон ва Туркманистон Осиёву Аврупоро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад ва барои эҷоди Роҳи Абрешим робитаи гумшудаи роҳи оҳанро барқарор мекунад.
Аз афзалиятҳое, ки иқтисоди муосири Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод мекунад, суботи сиёсӣ ва макроиқтисодӣ, шароити мусоиди табиӣ ва иқлимӣ, мардуми меҳмондӯст ва меҳнатдӯст мебошанд.
Дар байни афзалиятҳо омилҳои асосии муваффақияти тиҷорат дар Тоҷикистон инҳоянд: заминаи бойи ашёи хом, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ дар маркази бозорҳои калонтарини минтақавӣ ва иқтидори инсонии кишвар.
Дастрасӣ ба навъҳои гуногуни ашёи хом арзиши маҳсулоти истеҳсолшударо тавассути кам кардани хароҷоти интиқоли ашёи хом ва масолеҳ ба ҳадди аксар оптимизатсия мекунад ва барои коркарди амиқ имконият фароҳам меорад.
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 конҳо ва зуҳуроти умедбахши канданиҳои фоиданок муайян карда шуданд, ки иқтидори умумии маъдании кишвар тақрибан 4,0 миллиард тонаро ташкил медищад. Дар захираҳои бисёр канданиҳои фоиданок, аз ҷумла ғайриметаллӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз камтаринҳо кишварҳо дар ҷаҳон аст, ки бо истиқлолияти мутлақи энергетикаи сабз таъмин аст. Саноати ояндаи ҷумҳурӣ солҳои наздик пурра бо энергияи сабзи арзон пурра таъмин мегардад. Зеро аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷаҳон дохил шудааст. Захираҳои куллии энержии Тоҷикистон барои пӯшонидани эҳтиёҷоти иқтисод барои 100 солаҳо кифоят мекунанд.
Қувваи барқе, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, талаботи афзояндаи ҷумҳуриро пурра пӯшонидааст ва аз нархи миёнаи пардохткардаи истеъмолкунандагони саноатии кишварҳои пешрафта ба маротиб камтар аст.
Наздикӣ ба бозорҳои васеи фурӯш, инчунин дурнамои ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоративу иқтисодиро муайян мекунад. Ширкатҳои хориҷие, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, имкони вуруд ба 5 бозори калонтарин ва аз ҳама босуръат афзоянда — кишварҳои ИДМ, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ва Ховари Миёнаро пайдо мекунанд.
Ҳамин тариқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми корҳоро дар мавриди пешбурди иктишоф, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фойданоки ҷумҳурӣ идома дода, ҳамаи захираҳоро барои баланд бардоштан ва тақвият додани имконоти содиротии кишвар равона месозад ва ҳамчунин барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт ҳавасмадии доимиро изҳор менамояд.