Маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ
Мақсади асосии фаъолияти хоҷагидорӣ қонеъ гардонидани талабо ти (биологӣ) одамон буда, барои ба даст овардани неъматҳои муайян равона шудааст. Ба гурӯҳи аввалиндараҷаи талаботи одамон хӯрока ва пӯшокаро дохил кардан мумкин аст. Ин намуди талабот шароити одии зисти одамонро инъикос карда, то ҳол дар рӯи Замин пурра ҳалли худро наёфтааст, чунки дар баъзе давлатҳо одамон то ба имрӯз ба мушкилоти гуруснагӣ гирифтор мебошанд.
Сотсиологи машҳури амрикоӣ Абраам Маслоу тамоми намуди тала боти одамонро дар шакли «пирамидаи талабот» нишон додааст.
Дар қатори талаботи физиологӣ дигар намудҳои талабот низ пай до гардидаанд, ки барои ба пуррагӣ қонеъ намудани онҳо захираҳо но кифоя мебошанд. Башарият ҳатто аз давраҳои пеш танқисӣ ба неъмат дошт, чунки танҳо замин омили асосии истеҳсолот ва қонеъкунандаи та лабот ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамон давраҳо cap карда, талаботи одамон ва шумораи аҳолӣ мунтазам зиёд шуда истодааст. Ҳолати мазкур масъалаи асосии илми иқтисодиётро инъикос намуда, дар шароити маҳдудияти за хираҳо чӣ тавр ба роҳ мондани истеҳсоли неъматҳоро муайян мекунад.
МАҲДУДИЯТИ ЗАХИРАҲО – ин нокифоягии ҳаҷми тамоми намудҳои захираҳои ҷойдоштаро ҷиҳати истеҳсоли неъматҳои барои ҷамъият зарур ифода мекунад.
Масъалаи тақсимоти захираҳои маҳдуд миёни соҳаҳои хоҷагидорӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи гуногун имрӯз набояд аз мадди на зар дур бошад. Бояд муайян кард, ки барои чӣ захираҳо нисбатан маҳдуд мебошанд?
Маҳдудияти меҳнат ба шумораи аҳолии қобили меҳнат дар ҳар як кишвар вобаста аст. Ғайр аз ин вобаста ба қобилияти зеҳнию ҷисмо нии одамон на ҳамаи онҳо ба гурӯҳи захираҳои меҳнатӣ ворид карда мешаванд.
Маҳдудияти замин аз рӯи масоҳати кишвар ва ё канданиҳои фоида нок муайян мегардад.
Маҳдудияти сармоя аз рӯи иқтидорҳои истеҳсолии ҷойдоштаи киш вар вобаста аст. Ин маҳдудиятро тавассути сохтани биною иншооти на ви истеҳсолӣ кам кардан мумкин аст, лекин ин дар навбати худ, ҳам вакт ва ҳам захираҳои зиёдро талаб мекунад.
Маҳдудияти қобилияти соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот дар он зоҳир мегардад, ки на ҳама кишвар дорои нафарони корчаллону соҳиб кори зиёд мебошад.
Маҳдудияти захираҳо масъалаҳои дигарро дар раванди хоҷагидо рӣ ба миён меорад. Пеш аз ҳама, пайдоиши моликият ва ҳуқуқи исти фодабарии он. Одамон ҳанӯз аз давраҳои қадим хоҳиши табдил додани захираҳоро ба моликият доштанд. Имрӯз ҷамъият ба таври муайян қо идаҳои ба даст овардан ва ё истифодаи моликиятро ба таври мушах хас ба роҳ мондааст. Бинобар ин дар тамоми кишварҳо қонунҳое амал мекунанд, ки ҳуқуқҳои моликиятро ба тартиб даровардаанд. Чунончи: ҳуқуқи соҳибӣ кардан; ҳуқуқи истифода бурдан; ҳуқуқи идора кардан.
Вобаста ба ин чунин шаклҳои моликиятро аз ҳамдигар фарқ меку нанд: давлатӣ; мунисипалӣ; хусусӣ.
Акнун мо бояд донем, ки байни ин шаклҳои моликият чӣ фарқияте вуҷуд дорад.
Моликияти хусусӣ бо он фарқ дорад, ки ҳамаи ҳуқуқҳои соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифодабарӣ аз тарафи қонун на ба давлат, балки ба шахси алоҳида ва ё гурӯҳи одамон, ки бо фаъолияти истеҳсолию тиҷо ратӣ машғуланд, тааллуқ дорад. Бо мақсади афзун намудани самараи иқтисодӣ соҳибони моликияти хусусӣ метавонанд онҳоро якҷоя кунанд, ки дар натиҷа пайдошавии моликияти саҳҳомӣ ва ё муштаракро ба миён меорад. Ба ин намуди моликият метавонанд хона, амволи оилавӣ, кор хонаҳо, натиҷаҳои илмӣ ва ғайраҳо дохил гарданд. Дар амал моликияти шахсӣ низ мавриди истифода қарор дода мешавад. Моликияти шахсӣ аз моликияти хусусӣ фарқ мекунад, зеро он на бо мақсади гирифтани даро мад, балки танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ, яъне тала боти маишӣиҷтимоии одамон истифода мегардад.
Моликияти мунисипалӣ шакли моликияте мебошад, ки ҳуқуқи мо ликиятро ҷамоатҳои шаҳру деҳот бар зиммаи худ доранд ва ба сифати субъекти он мақомоти маҳаллӣ баромад мекунад. Ба гурӯҳи моликияти мунисипалӣ он объектҳое дохил мешаванд, ки аз истифодаи онҳо фоида гирифтан ғайриимкон аст ва ҳамаи истиқоматкунандагони ҳамон шаҳр ва ё деҳот аз он бояд истифода намоянд. Масалан, кӯчаҳои шаҳр, шаба каҳои обтаъминкунӣ, мактабҳои миёна, нуқтаҳои тиббӣ, боғҳои исти роҳатӣ ва ғайраҳо.
Ба ғайр аз ин объектҳое ба монанди марказҳои калони тиббӣ, муас сисаҳои таҳсилоти олӣ, китобхонаи миллӣ, музею театрҳо ва ғ. мавҷуд ҳастанд, ки аз онҳо на танҳо истиқоматкунандагони як шаҳр, балки тамо ми кишвар бояд истифода баранд. Чунин объектҳо ба гурӯҳи моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз тарафи мақомоти давлатӣ идора мешаванд.
Новобаста аз он ки шаклу намудҳои гуногуни моликият мавҷуданд, давлат бо фароҳам овардани шароити мусоид онҳоро бо мақсади инки шофи устувори кишвар ва ё аз байн бурдани муноқишаҳо ҳифз мекунад.
Соҳиби моликият имконияти пешниҳод кардани захираҳои дар их тиёрдоштаи худро бар ивази пул бо дигарон дорад ва дар ин маврид за хира ва ё омили истеҳсолот ба сифати сарчашмаи даромад фаъолият мекунад. Ин намуди даромадҳо вобаста аз намуди захираҳои фурӯхта шаванда гуногун буда метавонанд.
ДАРОМАДҲОИ ОМИЛӢ даромадҳоеанд, ки аз ҳисоби омилҳои истеҳсолот ба даст оварда мешаванд.
Масалан, даромад аз ҳисоби меҳнат шакли музди корро дорад. Даромад аз ҳисоби замин ва ё захираҳои табиӣ рента номида мешавад. Даромад аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли фоида баромад ме кунад. Даромад аз ҳисоби сармоя фоиз номида мешавад.
Маҳдудияти захираҳо масъалаи интихобро барои истеъмолкунан дагон ба миён меорад. Ҳар як интихоб дорои нархи муайян буда, он дар адабиёти иқтисодӣ хароҷоти алтернативӣ номида мешавад.
Дар зери мафҳуми нархи интихоб ҳамон арзишеро мефаҳманд, ки дар натиҷаи интихоби як намуди захира имконияти ба даст овардани захираи дигарро аз байн мебарад. Масалан, агар дар замин картошка кишт шуда бошад, дар болои он пиёзро кишт кардан ғайриимкон аст. Ҳолати маз кур асоси мантиқии зиндагӣ буда, дар ҳар як қадам масъалаи интихобро дар иқтисодиёт ба миён меорад, бинобар ин одамон доимо дар ҷустуҷӯи ҷавоб додан ба се савол дар иқтисодиёт ҳастанд: 1) Чӣ бояд истеҳсол кард, яъне кадом намуди молу хизматрасониҳо барои истеъмолку нандагон пешкаш шаванд? 2) Чӣ тавр бояд истеҳсол кард, яъне ка дом усули истеҳсоли неъматҳоро бо назардошти имконияти захи раҳои мавҷуда ба роҳ монд? 3) Барои кӣ бояд истеҳсол кард, яъне кӣ имконияти ба даст овардани молу хизматрасониҳоро дорад?
Дар ҷавоб ба саволи чӣ бояд истеҳсол намуд, одамон захираҳои маҳ дудро байни истеҳсолкунандагони неъматҳои гуногун тақсим мекунанд. Ба саволи чӣ тавр бояд истеҳсол кард, одамон усулу технологияҳои са марноктаринро барои истеҳсоли неъматҳо интихоб мекунанд. Ба саволи барои кӣ бояд истеҳсол кард, одамон муайян мекунанд, ки дар натиҷа чӣ қадар неъматҳо бояд дастрас гарданд.
Таърихи башарият барои ҷавоб ба ин саволҳо ба чунин усулҳо такя намудааст: анъанавӣ – тақсимот дар заминаи анъанаҳои дар ҷамъият ҷойдошта; марказонидашуда – тақсимот дар асоси фаъолияти мақомо- ти марказонидашуда ва бозорӣ – тақсимот дар асоси механизми бозорӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон имрӯз тақсимот дар заминаи механиз ми бозорӣ зиёдтар ба чашм мерасад. Аз як тараф, неъмат ба истеъмолку нандае дастрас мегардад, ки нархи баландтарро пешниҳод кунад, аз та рафи дигар, фурӯшанда ба нархе мефурӯшад, ки харидор ба ӯ пешниҳод мекунад. Вобаста ба ин хариду фурӯш дар асоси самараи ҳам фурӯшан да ва ҳам харидор ба роҳ монда мешавад, вагарна харидор бе неъмат ва фурӯшанда бе пул мемонанд.
Ҳамин тавр, масъалаи махдудияти захираҳо ба ҳама гуна ҷамъият новобаста аз дараҷаи инкишофи он ва сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони он, ҳам дар гузашта ва ҳам дар оянда хос аст, яъне талаботи доимоафзо янда аз захираҳои дар ҷамъият дастрасбуда ҳама вақт зиёд мебошанд. Дар иртибот бо ин масъала маҳдудияти захираҳо ҳамчун масъалаи асо сии иқтисодиёт боқӣ мемонад.