Мағзи сар
Сохти мағзи сар. Мағзи сар дар холигии косахонаи сар ҷой гирифта, аз мағзи дарозрӯя, пулак, мағзча, мағзи миёна, мағзи мобайнӣ ва нимкураҳои калон иборат мебошад. Мағзи сар аз моддаҳои хокистарранг ва сафед иборат аст (расми 13). Моддаҳои хокистарранг аз ҳуҷайраҳои асаб — нейронҳо иборат буда, дар дохили моддаи сафед гурӯҳи нейронҳо дар як ҷой ҷамъ шуда, ядроҳоро ташкил мекунанд. Моддаи сафед роҳҳои гузаронандагиро ҳосил намуда қисмҳои мағзи сарро бо ҳам пайваст мекунад. Мавҷудияти ин роҳҳо бутунии системаи марказии асабро таъмин мекунад.
Вазифаҳои қисми мағзи сар. Мағзи дарозрӯя ва пулак давоми ҳароммағз буда, вазифаи рефлекторӣ ва гузаронандагиро иҷро мекунад. Ин мағз сохти сегментарӣ надошта, аз гурӯҳи ядроҳо иборат аст. Дар ин ядроҳо марказҳои барои ҳаёт муҳим: нафаскашӣ, ҳозима, кори дилу рагҳо мавҷуданд. Дар ҳолати осеб дидани ин марказҳо ҳаёт дар зери хатар мемонад. Инчунин ба ин мағз танзими фурӯбарӣ, хоидан, макидан, қайкунӣ ва сулфа алоқаманд аст.
Мағзи дарозрӯя, пулак ва мағзи миёна дар якҷоягӣ танаи мағзи сарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 12 ҷуфт асабҳои косахонаи сар ва мағз мебароянд. Ин асабҳо мағзи сарро ба узвҳои ҳиссиёт, мушакҳо ва ғадудҳо мепайванданд. Як ҷуфти ин асаб (асаби гумроҳ) мағзи сарро бо узвҳои дохилӣ: дил, шуш, рӯдаҳо ва ғайра алоқаманд мекунад.
Мағзча яке аз таркибҳои мағзи сар ба ҳисоб рафта, дар равандҳои координатсияи (баробаркунии) ҳаракат иштирок мекунад. Дар ҳолати ғайримуқаррарӣ кор кардани мағзча қобилияти ҳаракатҳои дасту пой ва нигоҳ доштани мувозинати бадан вайрон мешавад. Чунин одамон риштаро ба сӯзан гузаронида наметавонанд, калавида роҳ мегарданд, мушакҳояшон беист ларзида меистанд, тез монда мешаванд ва гайра (расми 14).
Расми 13. Сохти мағзи сар
Мағзи миёна таркиби бисёрядроӣ буда, ба мушакҳои устухон мунтазам импулсҳои асабро мефиристонад. Дар ин матз чор теппа мавҷуд аст. Аз ин ду теппаи пеш маркази якум босира буда, ду теппаи ақиб маркази якуми сомеа ба шумор мераванд (расми 13).
Мағзи мобайнӣ таркиби муҳимтарини мағзи сар мебошад. Қариб аз тамоми ретсепторҳо хабарҳо маҳз бо матзи мобайнӣ ба қисми қишрии нимкураҳои калон дохил мешаванд. Инчунин таркиби ин мағз аз ядроҳои сершумор иборат буда, инҳо кори узвҳои гуногуни дохилиро ба ҳам мувофиқ месозанд. Қисми зиёди рефлексҳои мураккаби ҳаракат, ба монанди роҳгардӣ, давидан, шиноварӣ бо ин мағз алоқаманданд. Дар мағзи мобайнӣ инчунин марказҳои танзими мубодилаи моддаҳо, хӯрокхӯрӣ, ташнагӣ, серӣ, гуруснагӣ, хоб ва танзими ҳарорат мавҷуд аст. Нейронҳои баъзе ядроҳои ин мағз танзими ҳуморалиро ба ҷо меоранд (расми 13).
Расми 14. Мағзча ва осебдидани он
Саволҳо:
- Мағзи сар аз кадом қисмҳо иборат аст?
- Мағзи дарозрӯя ва пулак кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
- Мағзча кадом вазифаро иҷро мекунад?
- Мағзи миёна ва мобайнӣ кадом вазифаҳоро иҷро мекунанд?
Кори амалӣ
Сохти мағзи сари одам
Таҷҳизот барои амалиёт: намунаи ҷудошавандсаи мағзи сари одам (муляж).
Рафти амалиёт:
а) Намунаи мағзи сарро ба ду ҷудо кунед. Аз як нимаи намунаи ҷудошаванда мағзи дарозрӯя, пӯлак, мағзи миёна ва мобайниро ёбед.
б) Ҷойгиршавии моддаҳои сафеду хокистаррангро дap намуна (муляж) бинед. Ба хотир оред, ки моддаҳои хокистарранг ва сафед аз чӣ ташкил ёфтаанд.
в) Мағзчаро ёбед. Дар он моддаҳои хокистаррангу сафед чӣ хел ҷойгир шудаанд?
г) Намунаи мағзи сарро якҷоя кунед. Дар сатҳи поёни он ҷойи баромади асабҳои косахона ва мағзи сарро ёбед.