Мафхуми бехатарии информатсия
Химояи маълумот — ин мачмуи чорабинихое мебошанд, ки ба таъминоти бехатарии информатсионй равона карда шудааст.
Хавфи бехатарии информатсионй — ин тарафи дигари истифодаи технологияи информатсионй мебошад.
Аз инчо 2 натичаи мухим баровардан мумкин аст:
Компютерхо- ин яке аз ташкилдихандаи системаи информациони мебошад, ки дар он маълумот сабт, тагирот ва додугирифт карда мешавад ва бехатарии он аз хамаи мачмуи ташкилдихандаи маълумот вобастаги дорад ва дар ин маврид одам яке аз халкаи сустарини он ба хисоб меравад, ки дар бисёр маврид бо хатогии худ ба дастрасшавии маълумот рох медихад (масалан дар мавриде, ки пароли худро дар варакчае навишта дар назди компютер мегузорад).
Бехатарии маълумот на факат аз компютерхо балки аз инфрасохтори ёридиханда вобаста мебошад, ки ба он системахои об ва гармитаъминкунй, кондиционер, воситахои алока ва албата хайати хизматрасонй шомил мебошанд. Ин инфрасохтор арзиши мустакили худро дорад.