Мафҳуми талабот ва бузургии он.
Чандирӣ ва қонуни талабот
Мафҳумҳои асосии низоми иқтисоди бозорӣ талабот ва таклифот мебошанд. Харидорон ба молҳо талабот доранд, фурӯшандагон бошанд, молҳоро пешниҳод мекунанд. Таъсири мутақобилаи харидорон ва фурӯ шандагон дар бозор ба вуқӯъ меояд.
Ҳар як инсон ба ин ё он неъмат ниёз дорад. Агар ин неъматро ис теҳсол карда натавонад, ё барояш харидани он беҳтар бошад, ба бозор меравад. Бешубҳа, ӯ бояд барои харид кардан маблағ дошта бошад, зеро дар бозор ягон чиз ройгон ба даст оварда намешавад. Дар ин маврид мо дар бозор на танҳо ба масъалаи истеъмол, балки ба талабот низ дучор мешавем. Талабот инъикоси эҳтиёҷоти одамон ба ин ё он мол, хизмат расонӣ мебошад.
Истилоҳи мазкур, аниқтараш шакли пурраи он – «пардохтпазирии талабот» аз ҷониби иқтисодичии бузурги англис Томас Роберт Малтус (1766–1834) истифода гардидааст. Ӯ истилоҳи мазкурро дар доираи байни орзуҳои инсон барои соҳиб шудан ба ягон неъмат ва имконияти ҳақиқии ба даст овардани он мавриди истифода қарор додааст.
Иқтисодчии англис Адам Смит қайд карда буд: «Ҳатто инсони кам бағал метавонад ба мафҳуми том талабот ба орзуи калоне, ки ба аробаи аспи шашгона баста шудааст, дошта бошад ва ҳатто метавонад орзу на мояд, ки онро дошта бошад; лекин талаботи ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳақиқат, амалӣ шуда наметавонад, зеро моли мазкур ба бозор маҳз барои қонеъ гардо нидани хоҳиши ҳамон инсон ворид намегардад».
Т. Малтус ин мафҳумро то фаҳмиши ниҳоӣ расонда қайд намуд, ки А. Смит мафҳуми «талаботи ҳакиқӣ»ро пардохтпазирии талабот номи дааст. Хулосаи вай ба мо имкон медиҳад яке аз қоидаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиро аниқ муайян намоем: «Барои раванди иқтисодиёт танҳо он хоҳиши одамон аҳамият дорад, ки бо маблағи пулӣ таъмин бошад ва он дар ҳақиқат, барои харид намудани як қатор молҳо кифоягӣ намояд».
Талабот дар ин маврид вазъи бозорро нишон дода, миқдори молу хизматҳоеро ифода менамояд, ки истеъмолкунандагон эҳтиёҷ доранд ва метавонанд онро бо нархи қобили қабул дар вақти муайян харидорӣ намоянд.
Маҳз робитаи мазкурро расми 3.1. ифода намуда нишон медиҳад, ки агар нарх дар бозор ҳар қадаре паст бошад, ҳамон қадар харидор метаво над бештар харид намояд.
Бо ибораи дигар, миқдори харидкунӣ ё чи тавре ки иқтисодчи ён мегӯянд, бузургии талабот бевосита аз сатҳи нарх вобаста мебошад. Бинобар ин, талабот на танҳо эҳтиёҷот, балки имконпазирии хариди мол, эҳтиёҷоти бо пул таъминбудаи истеъмолкунанда мебошад.
Ба бузургии талабот омилҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва техно логӣ таъсир мерасонанд. Лекин сарфи назар аз ин омилҳо, барои хари дор муҳим аст, ки оё даромади вай имкон медиҳад, ки ин мол бо чунин ҳаҷми даромад харида шавад. Пас, талабот ба моли мушаххас аз нархи он ва ҳаҷми даромади барои истеъмол ҷудокардаи харидор вобаста аст.
Миқдори молҳое, ки харидорон мехаранд, ҳамеша аз нархи онҳо вобаста аст. Аз ин ҷо талабот муносибати мутақобилаи байни нарх ва миқдори моли харидоришаванда мебошад. Чи қадаре ки нарх баланд бо шад, ҳамон қадар онро харидорон кам мехаранд ва баръакс, паст будани нарх хариди зиёди онро аз тарафи онҳо ҳавасманд месозад. Ин вобаста гии байни сатҳи нарх ва миқдори моли харидшавандаро метавонем дар расми 3.2 тасвир намоем.
Гузориши рақамҳо дар график нишон медиҳад, ки дар нуқтаҳои муайяни он тирхатчаҳои нарх ва бузургии талабот ҳамдигарро мебур ранд. Дар сурати бо ҳам пайваст кардани ин нуқтаҳои буриш каҷха тае пайдо мешавад, ки онро каҷхатаи талабот меноманд ва бо ҳарфи D
(ҳарфи аввали калимаи англисии «demand» – талабот) ифода мекунанд. Каҷхатаи талабот миқдори талаботро дар бозори молҳо тасвир намуда, вобастагии байни нархи молҳо ва имконияти ҳаҷми хариди онро ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх ифода мекунад.
Каҷхатаи талабот имконият медиҳад, ки ба ду савол ҷавоб диҳем:
Бузургии талабот хангоми гуногун будани сатҳи нарх чӣ қадар мешавад? Бузургии талабот ҳангоми қисман тағйир ёфтани сатҳи нарх чӣ қадар тағйир меёбад?
Ҳар як нуқта дар каҷхата бузургии талаботро ба мол (имконпазирии миқдори харид) ҳангоми сатҳи муайяни нарх ифода мекунад. Масалан, мутобиқатии нуқтаи координата (120; 750) онро ифода мекунад, ки ҳан гоми сатҳи нарх ба 750 воҳиди пулӣ баробар будан харидорон тайёр ҳастанд 120 воҳид дучархаро харидорӣ намоянд.
Каҷхатаи талабот имконпазирии ҳамаи бузургии талаботро дар бо зор дар ҳамин лаҳза тасвир менамояд. Бинобар ин вақте ки мо вазъи умумии бозори молҳои муайянро тасвир менамоем, истифода бурдани на танҳо истилоҳи «бузургии талабот», балки истилоҳи «талабот» ба мақсад мувофиқ мегардад.
Ба чунин савол ҷавоб гардонидани соҳиби мағоза: «Ҳангоми нархи мол ба 10 сомонӣ баробар будан дар як моҳ харидорон аз шумо чӣ қадар харид менамояд?» – иттилоот оид ба БУЗУРГИИ ТАЛАБОТ мебошад.
Агар саволро ба тарзи дигар гузорем, яъне: «Ҳангоми гуногун буда ни сатҳи нарх ба ҳамин мол дар як моҳ харидорон аз шумо чӣ қадар ха рид менамоянд?» – ҷавоб ба ин савол хусусияти талаботи харидоронро дар бозори мазкур ифода менамояд.
Барои дуруст дарк намудани механизми алоқамандии нарх ва ҳаҷми молҳои фурӯхташуда маълумотҳои дар ҷадвали 3.3. овардашударо (ин тарзи қабулгардидаи тартиб додани ҷадвал шкалаи талабот номида ме шавад) дида мебароем. Рақамҳои сутуни якум имконпазирии сатҳи нарх ба дучархаҳоро нишон медиҳанд, сутуни дуюм бошад, шумораи дучар хаҳоеро нишон медиҳад, ки харидорон тайёранд дар ин ё он сатҳи нарх онро харид намоянд.
Ҳангоми нарх ба 3500 воҳиди пулӣ баробар гардидан дар бозор вазъияте ба вуҷуд меояд, ки истеъмол ба дучархаҳо вуҷуд дорад, лекин бузургии талабот ба сифр баробар мебошад. Сабаби ин бисёр одӣ аст: бо ин нарх ягон нафар аз харидорон моли мазкурро харидорӣ кардан намехоҳад.
Бузургии талабот аз сифр дар он маврид боло меравад, ки сатҳи нарх нисбатан паст гардад. Ҳангоми нарх 3000 воҳиди пулӣ гардидан харидо рон омода ҳастанд 12 воҳид дучархаро харид намоянд.
Аз ин ҷо дарк кардан мумкин аст, ки ҳангоми пастшавии нарх, ми сол аз 2400 то 2000 воҳиди пулӣ ба ҳар як фоизи пастшавии сатҳи нарх афзоиши талабот ба 2,04% рост меояд. Лекин ҳангоми пастшавии нарх аз 1000 то 750 воҳиди пулӣ таъмин намудани афзоиши шумораи хари дорон баробари як фоиз паст шудани нарх ҳамагӣ ба 1,46% рост меояду халос. Ба ибораи дигар гӯем, бузургии талабот дар ин мисол ба тағйирё бии нарх таъсири гуногун дорад.
Вазъи талабот ба молҳо дар бозор ба назардошти таъсири омилҳои гуногун метавонад ҳархела бошад. Ҳассосияти талабот зери таъсири ин омилҳо миқдоран ченшаванда аст ва онро бо коэффисиенти чандирӣ ҳи соб мекунанд. Мафҳуми чандирии талабот раванди мутобиқшавии бо зорро ба тағйироти омилҳои (нархи мол, нархи молҳои дигар, дарома ди истеъмолгарон ва ғайра) муайянкунандаи талабот нишон медиҳад. Маъмултарин коэффитсиенти чандирии талабот чандирии талабот во баста ба нарх мебошад.
Коэффитсиенти чандирии талабот тағйирёбии фоизии як тағйирё бандаро дар натиҷаи 1% тағйир ёфтани тагйирёбандаи дигар нишон дода, бо истифода аз формулаи зерин ҳисоб карда мешавад.
e dp = ∆ Q : ∆ P = ∆ Q × P Q P ∆P Q′
d ∆Q ∆P ∆Q P
Дар ин ҷо ep =– коэф:фитси=енти ч×андирии талабот аз рӯи нарх,
∆P ∆Q P Q P ∆P Q′
Р – нархи ибтидоӣ, Q – талаботи ибтидоӣ, ∆Q –∆тPағйи∆рёQбии Pталабот,
:=×
P ∆P –Qта′ғйирёбиинарх. p Q P ∆P Q′
ed= : = ×
Коэффитсиенти чандирии талабот аз нарх, вобастагии ҳаҷми хариди молро (Q) аз тағйироти нархи бозор (Р) нишон медиҳад. Ба дараҷаи чандирии талабот дар баробари нарх боз як қатор омилҳои дигар, ба монанди мавҷудияти молҳои ҳамдигарро ивазкунанда (масалан, чой ва қаҳва), ҳаҷми даромади истеъмолкунанда, сифати мол, интизории истеъмолкунанда ва ғайра таъсир мерасонанд.
Одатан дараҷаи баланди чандирии талабот хоси молҳои ҳамдигарро ивазкунанда мебошад.
Ба чандирии талабот имконоти дастрасии мол низ таъсири калон мерасонад. Маҳдудияти дастрасии мол боиси пастшавии чандирии та лабот ба он мегардад.
Ҳам дар расм ва ҳам дар мисол вобастагии байни нарх ва бузургии талабот чунин омадааст, ки сатҳи нисбатан баланди нарх ба камшавии ҳаҷми харид овардааст.
Дар ин вобастагӣ мо робитаи сабабиву натиҷавии устувор ва так роршавандаро мушоҳида мекунем. Дар иртибот бо ин хулоса кардан мумкин, ки ин ҷо қонуни иқтисодие ҷой дорад, ки дар адабиёти илмӣ онро қонуни талабот меноманд. Мазмуни ин қонун аз он иборат аст, ки агар нархи мол баланд шавад, дар сурати бе тағйир мондани шароитҳои дигари бозор, талабот ба ин мол кам мешавад. Агар ба бозор воридоти мол зиёд гардад, пастшавии нархи он ва афзоиши талабот ба миён меояд. Ба ифодаи дигар, бузургии талабот ба сатҳи нарх дар мутаносибии чаппа қарор дорад.
ҚОНУНИ ТАЛАБОТ миқдори молҳое мебошад, ки харидорон имконияти дар бозор харидорӣ карданро доранд ва он аз сатҳи нарх вобастагии баръакс дорад, яъне афзоиши нарх одатан ба кам шавӣ ва пастшавии нарх ба афзоиши бузургии талабот меорад.
Ба сабаби он ки вазъи бозор тағйирёбанда аст, талабот низ бетағйир шуда наметавонад. Аз ин ҷо бояд мафҳумҳои тағйироти бузургии тала бот ва тағйири талабот аз ҳамдигар фарқ карда шаванд.
Бузургии талабот вақте тағйир меёбад, ки агар танҳо нархи мол тағйир ёбад. Ин ҳолатро мо дар ҳаракат «болои каҷхатаи талабот» дар расми 3.2 мушоҳида мекунем ва онро ҳолатҳои Qd1, Qd2, Qd3 дар каҷхата нишон медиҳад. Тағйироти нарх аз нуқтаи 500 воҳиди пулӣ то ба 3500 воҳиди пулӣ дар ҳолати бетағйир будани омилҳои дигар нишон медиҳад, ки ҳаракат дар каҷхатаи талабот ба тарафи поён ва рост ба вуҷуд омада, афзоиши хариди мол аз Qd1 то ба Qd3 … ба амал меояд.
Тағйирёбии талабот бошад, зери таъсири омилҳои ғайринархӣ ба амал меояд. Омилҳои ғайринархии ба талабот таъсиркунанда гуногу нанд. Дар қатори онҳо тағйирёбии даромади харидорон, тағйирёбии миқдори харидорон дар бозор, тағйир ёфтани нархи молҳои ҳамдигар ро ивазкунанда, интизории тағйирёбии нарх ва ё даромадҳо, тағйироти 22
шумораи аҳолӣ, дигаргуншавии табъу завқи истеъмолкунандагонро ҷудо кардан мумкин аст.
Ба тағйир ёфтани даромад, дар интихоби истеъмолӣ дигаргунӣ ба амал меояд. Афзоиши даромади аҳолӣ боиси зиёдшавии талабот ба мол ҳо мегардад. Камшавии даромад ҳолати баръаксро ба вуҷуд меорад.
Тағйирёбии миқдори харидорон дар бозор низ боиси тағйирёбии талабот мешавад. Аз сабаби он ки талаботи бозорӣ ба ҳосили ҷамъи ис теъмоли фардҳои алоҳида баробар аст, афзоиши миқдори онҳо боиси зиёдшавии талабот мегардад.
Нархи молҳои ҳамдигарро ивазкунанда метавонанд боиси тағйирё бии талабот гардад. Молҳои ҳамдигарро ивазкунанда молҳое мебошанд, ки талаботи якхеларо қонеъ месозанд ва истеҳсолкунандагон (фурӯшан дагон)и онҳо барои харидорон байни худ рақобат мекунанд. Афзоиши нархи яке аз онҳо боиси афзоиши талабот ба намуди дигари он мегардад (мисол, афзоиши нархи равғани пахта боиси афзоиши талабот ба мар гарин мегардад). Ҳамчунон молҳои ҳамдигарро пурракунанда низ ба талабот таъсир расонида метавонанд. Молҳои ҳамдигарро пуркунанда молҳое мебошанд, ки дар якҷоягӣ бо молҳои дигар истифода мешаванд (масалан, видеомагнитофон ва фита, автомобил ва бензин ва ғайра). Афзоиши нархи яке аз молҳои ҳамдигарро пуркунанда боиси камшавии талабот ба моли дигар мегардад.
Интизории тағйироти даромад ва нархҳо яке аз омилҳои муҳими ба талабот таъсиркунанда ба ҳисоб меравад. Масалан, интизории афзоиши нархҳо боиси афзоиши талабот мегардад.
Дигаргуншавии табъу завқи харидорон низ сабаби тағйир ёфтани талабот, бахусус, ба молҳои нав зиёд гардида, хариди молҳои аз мӯдраф таро маҳдуд мегардонад.