Маҳфуми мегаиқтисод. Норасоиҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва хусусиятҳои муосири тараққиёт. Роҳҳои бартарафсозии масъалаҳои умумумибашарии иқтисодӣ ва муноқишаҳо байни давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф
То ҳол мо масъалаҳоро дар микро ва макросатҳ меомӯхтем, яъне дар сатҳи бозорҳои алоҳида ё иқтисодиёти миллӣ. Вале боз як сатҳи баланди масъалаҳо вуҷуд дорад. Ин масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ, ё бо ибораи дигар, масъалаҳои геоэкономика (аз лот. geo – замин ё ин ки мегаиқтисод) мебошанд. Ин масъалаҳо рушди тиҷорати байнал халқӣ, муносибатҳои байналхалқии молиявӣ, масъалаҳои умумибашарӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОНӢ маҷмӯи соҳаҳои алоҳидаи иқтисо диёти миллии давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки дар муносибатҳои иқ тисодии байни давлатҳо иштирок менамоянд.
Хусусиятҳои асосии хоҷагии ҷаҳони муосир инҳоянд:
– инкишофи ҳаракати байналхалқии омилҳои истеҳсолот, пеш аз ҳама, дар шакли содирот-воридоти сармоя, қувваи корӣ, технология;
– дар асоси ин рушди шаклҳои байналхалқии истеҳсолот дар корхо- наҳое, ки дар якчанд мамлакат ҷойгиранд, пеш аз ҳама, дар ҳудуди корпо- ратсияҳои фаромилалӣ;
– сиёсати иқтисодии давлатҳо, ки дастгирии ҳаракати байналхалқии молҳо ва омилҳои истеҳсолотро дар асоси муносибатҳои дутарафа ва би- сёртарафа пешбинӣ мекунад;
– бавуҷудоии иқтисодиёти навъи кушода дар чаҳорчӯбаи давлатҳо ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ.
Марҳилаҳои таърихии ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонӣ инҳоянд:
Марҳилаи якум асрҳои XV–XVII-ро дар бар мегирад, ки онро марҳи лаи ҳукмронии сармояи тиҷоратӣ меноманд. Хусусиятҳои ин марҳила чунинанд: васеъшавии масоҳати савдои байналхалқӣ, зиёдгардии ном гӯи маҳсулоти тиҷоратӣ, кушодашавии аввалин биржаҳои молӣ дар ҷа ҳон, аввалин бор болоравии нарх ва беқурбшавии пул.
Марҳилаи дуюм асрҳои XVIII–XIX-ро дар бар мегирад, ки марҳилаи ҳукмронии сармояи саноатӣ мебошад. Хусусиятҳои ин марҳила чуни нанд: зиёдшавии истеҳсолоти саноатӣ дар ҷаҳон, ба вуҷуд омадани авва лин буҳронҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон (соли 1825 аввалин буҳрони ҷаҳонӣ).
Марҳилаи сеюм асрҳои XX–XXI-ро дар бар мегирад ва онро марҳи лаи ҳукмронии сармояи молиявӣ меноманд. Ин марҳила дорои хусуси ятҳои зерин аст: аҳамияти зиёд пайдо кардани содироти сармоя нисбат ба содироти мол, яъне кушодани корхонаҳо дар хориҷа, ба роҳ мондани фаъолияти васеи ширкатҳои фаромилалӣ – ширкатҳое, ки аз рӯи сармоя ба як мамлакат тааллуқ дошта, аз рӯи фаъолият байналхалқӣ мебошанд, таъсисёбӣ ва фаъолияти ташкилотҳои байналхалқии иқтисодӣ.
Ба ғайр аз ин, боз як қатор масъалаҳои асосие мавҷуданд, ки моҳи яти онҳоро башарият дар асри XX дарк намуда буд ва ин масъалаҳо дар асри XXI низ ба ҳаёти инсоният таъсири калон расонда истодаанд.
Масъалаи аввалиндараҷа зиёд гардидани фарқият байни сатҳи некуаҳволии мамлакатҳои бойтарин ва камбизоати ҷаҳон мебошад (расми 16.2).
Алҳол ба сари 25 мамлакати бойтарини ҷаҳон (ба онҳо мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ, инчунин мамлакатҳои Ховари Наздик – содир кунандагони нафт дохил мешаванд) 80%и маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ рост меояд. Шумораи умумии аҳолии ин мамлакатҳо танҳо 17%и аҳо лии кураи Заминро ташкил медиҳад (онҳоро баъзан «миллиарди тил лоӣ» низ меноманд, чунки шумораи онҳо тақрибан ба миллиард баробар аст). Дар баробари ин миқёси фарқият байни некуаҳволӣ кам нашуда, баръакс, зиёд шуда истодааст.
Ин ба як қатор сабабҳо вобастагӣ дорад, ки асоси онҳоро бо суръа ти баландтар зиёдшавии шумораи аҳолии мамлакатҳои камбизоат назар ба ҳаҷми истеҳсолоти маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо ташкил медиҳад. Ҳатто ММДи онҳо назар ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон бо суръ ати нисбатан баландтар афзоиш меёбад (3,2% – мамлакатҳои қафо монда ва 2,3% – мамлакатҳои тараққикарда дар як сол дар тӯли солҳои 1965–1987), аммо дараҷаи баланди таваллуд натиҷаҳои суръати афзои ши истеҳсолотро бесамар мегардонад. Дар натиҷа мувофиқи маълумоти СММ, агар дар соли 1960 даромади 20%и аҳолии Замин, ки дар мамла катҳои тараққикарда ба сар мебурданд, нисбат ба даромади 20%и аҳо лие, ки дар мамлакатҳои камбизоат зиндагонӣ мекарданд, 30 маротиба зиёд бошад, он гоҳ ин зиёдшавӣ дар соли 1989 ба 59 маротиба баробар шуд. Имрӯзҳо ин ҳолат дар вазъи боз ҳам хатарноктар қарор дорад.
КОЭФФИТСИЕНТИ ДЕТСИЛӢ таносуби байни даромадҳои миёнаи 10%и аҳолии бойтарин ва 10%и аҳолии камбизоати мамлакат мебошад.
Дар мамлакатҳои Скандинавия (Дания, Финляндия ва Шветсия), ки ҳаматарафа кӯшиш менамоянд фарқияти байни бойигариҳои гурӯҳҳои гуногуни аҳолии худро кам намоянд, коэффисиенти детсилӣ ба 3–4 ба робар аст. Дар Германия, Австрия ва Франсия ин нишондиҳанда ба 5–7, дар ИМА ба 15, дар Бразилия ба 39% баробар аст. Дар собиқ ИҶШС ин нишондиҳанда аз 6 кам буд ва ҳоло дар Россия бошад, он ба 17% баробар аст. Аз ҳама нишондиҳандаи беҳтарини фарқият мувофиқи ақидаҳои иқтисодчиён ва сиёсатмадорон ба 5–7 маротиба баробар аст. Нуқтаи ниҳоӣ 10 ба шумор меравад, чунки аз он зиёд гардидани нобаробарӣ ба рои бесарусомониҳо (бетартибиҳо)и иҷтимоӣ шароит фароҳам меорад (вале сар задани чунин воқеа ҳатмӣ нест).
Аммо дар ҷаҳон нобаробарӣ байни даромадҳои аҳолӣ хеле зиёд аст. Нишондиҳандаи миёнаи ММД ба сари аҳолӣ дар мамлакатҳои бо ном «миллиарди тиллоӣ» (мамлакатҳои аъзои СҲИРро мегирем, ки шумо раи аҳолиашон ба 1,2 млрд. ё 17,6%и аҳолии кураи Замин баробар аст) 31 ҳаз. долл.ро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, дар ҷаҳон 48 мамлакати камбизоаттарин мавҷуд буда, дар онҳо 12%и шумораи аҳолии кураи Замин зиндагонӣ менамо янд. Нишондиҳандаи миёнаи ММДи ҳақиқӣ ба сари аҳолӣ дар ин мам лакатҳо 500 долл.ро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, 2,7 млрд. нафар дар ҷаҳон (40%и аҳолӣ) бо даромади камтар аз 2 долл. дар як рӯз, зиёда аз 1 млрд. нафар (15%и аҳолии Замин) – камтар аз 1 долл. дар як рӯз (365 долл. дар як сол) ба сар мебаранд.
Ин маънои онро дорад, ки фарқияти даромад байни аҳолии мамла катҳои «миллиарди тиллоӣ» ва аҳолии мамлакатҳои сусттараққикарда бешумору рӯзафзун аст. Коэффисиенти детсилӣ дар ҷаҳон имрӯзҳо ба наздики 100 баробар аст. Алҳол ин вазъият яке аз сарчашмаҳои асосии хатари нобасомониҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона, дар ояндаи наздик ноил гардидан ба баробарии некуаҳволии аҳолии мамлакатҳои гуногун ғайриимкон аст. Барои ин мувофиқи ҳисобу китоб истеҳсолоти имрӯзаи захираҳоро бояд 40 ма ротиба афзун намуд. Вале илми муосир дорои технологияҳое, ки ин ма съаларо ҳал мекунанд, нест. Барои ҳалли ин масъала гумоне аст, ки за хираҳои Замин кофӣ набошанд.
Албатта, метавон хароҷоти захираҳои табииро барои истеҳсоли неъ матҳои ҳаётӣ (зарурӣ) кам намуд ва имкониятҳои зиёдеро ба даст овард. Масалан, ба туфайли технологияҳое, ки истифодаи захираҳоро ихтисор менамояд, ҳоло ИМА барои истеҳсоли 1 долл.и ММД назар ба Россия 6 маротиба обро камтар сарф менамоянд. Аммо азхудкунии чунин тех нологияҳо сармоягузориҳои калонро талаб менамояд ва амалинамоии 166
онҳо дар мамлакатҳои камбизоат аз сабаби дар боло зикргардида (суръ ати баланди афзоиши шумораи аҳолӣ нисбат ба ММД) ғайриимкон аст.
Дар асри XX мамлакатҳои бойтарини ҷаҳон кӯшиш карданд, ки та вассути додани қарз ба лоиҳаҳои рушди мамлакатҳои камбизоат ин ҳо латро аз байн баранд. Аммо натиҷаҳои чунин лоиҳаҳои кумаки молиявӣ назаррас набуданд.
Аз ин сабаб то ҳол дар ҷаҳон ҳатто масъалаи пешгирии гуруснагии оммавӣ ҳалли худро наёфтааст. Ин бо назардошти он ки мувофиқи итти лооти СММ оид ба озуқаворӣ ва хоҷагии қишлоқ, дар соли 2004 хоҷаги дорони ҷаҳон бори аввал зиёда аз 2 млрд. тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъ намуданд, ки ин ними меъёри хӯроки инсонро таъмин менамояд. Ҳозир ба ҳар як нафар аҳолии кураи Замин қариб 322 кг ғаллаи ғуншуда рост меояд. Дар баробари ин мутахассисони СММ чунин мешуморанд, ки меъёри хӯроки минималии инсон бояд 2350 килокаллорияро дар як шабонарӯз ташкил диҳад. Ҳаҷми ҷаҳонии истеҳсоли маҳсулоти хӯро ка бошад, ҳоло имконият медиҳад, ки ба ҳисоби миёна ба сари аҳолии Замин 2805 килокаллория рост ояд, ки ин аз ҳадди ниҳоӣ (минимум) қариб 20% зиёдтар аст.
Вале айни ҳол шумораи гуруснагикашандагон дар ҷаҳон зиёд шуда истодааст. Ҳоло дар Замин аз гуруснагии дуру дароз ва нимгуруснагӣ зиёда аз 1 млрд. аҳолӣ азият мекашанд. Аз ин сабаб таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ (умумибашарӣ) ме бошад. Минтақаҳое, ки дар он ҷо аксарияти аҳолӣ аз гуруснагӣ ва нимгу руснагӣ азият мекашанд, ҳудуди калонро дар бар мегирад: Африка, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ва қисман Америкаи Лотинӣ.
Моҳияти масъалаи озуқаворӣ аз он иборат аст, ки географияи истеҳ солоти озуқаворӣ бо географияи истеъмоли он мувофиқ намеояд. Ҳам дар ИМА, ҳам дар Канада ва ҳам дар Аврупои Ғарбӣ барзиёдии озуқа ворӣ назаррас аст, аммо мамлакатҳои рӯ ба инкишоф барои хариди озуқаворӣ маблағи кофӣ надоранд.
Бинобар ин мутахасиссони СММ ба хулосае омаданд, ки сабаби асо сии гуруснагӣ дар норасоии озуқаворӣ не, балки дар дигар ҷост: гурус нагон барои харид намудани хӯрока маблағ надоранд ё дорои воситаҳо барои коркарди замини дар ихтиёрашон буда нестанд.
Гуруснагии дуру дароз сабабгори суст гардидани тараққиёти аксари мамлакатҳои ҷаҳон мебошад, чунки дар ин мамлакатҳо наслҳои носолим ва одатан камсавод ба воя мерасанд (соли 2002 ЮНИСЕФ натиҷаҳои тадқиқоти калонро нашр намуд, ки хулосаи он чунин буд: кӯдакони нимгурусна назар ба ҳамсолонашон, ки дуруст хӯрок мехӯранд, хеле бад таҳсил менамоянд). Тадқиқоте, ки дар Покистон гузаронида шуд, нишондод, ки агар таъминоти оилаҳои камбизоат бо озуқаворӣ беҳтар гар дад, он гоҳ ба мактабҳо 4% писарбачаҳо ва 19% духтарон барои таҳсил мераванд.
Ин бошад, пояи рушди ояндаи некуаҳволии ҳама гуна мамлакат ме бошад. Мувофиқи нишондодҳои ЮНИСЕФ деҳқоне, ки ақаллан таҳ силоти минималӣ (чорсола)и мактабро гирифтааст, назар ба деҳқоне, ки умуман ягон таҳсилот нагирифтааст, ба 8,7% зиёдтар озуқаворӣ ис теҳсол менамояд. Тадқиқоти дар Уганда гузарондашуда чунин тамою ли муҳимро ошкор намуд: ҷавонписарон ё ҷавондухтароне, ки макта би миёнаро хатм намудаанд, 50% камтар гирифтори СПИД мегарданд. Одамоне, ки соҳиби таҳсилоти олӣ мебошанд, 90% камтар назар ба ҳам солони бетаҳсилот ба ин сироят гирифтор мегарданд.
Ҳайратовар ин аст, ки қариб ҳамаи мамлакатҳо мувофиқи баҳо диҳии СММ дорои иқтидори истеҳсол намудани ҳамон қадар озуқаворӣ мебошанд, ки метавонанд аҳолии худро пурра таъмин намоянд.
Масъала аз он иборат аст, ки одамон ниҳоят камбизоат буда, барои худ хӯрока харида наметавонанд. Гуруснагиро нобаробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба миён меоранд: афзоиши босуръати аҳолӣ танҳо ба мамла катҳое таҳдид менамояд, ки дар он ҷо механизмҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ, ки қисмати зиёди аҳолии кишварро бо таҳсилот, тандурустӣ, ҷойҳои корӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғ. таъмин менамоянд, вуҷуд надоранд.
Дар баробари ин арзиши лоиҳаҳое, ки имконият медиҳанд масъа лаи гуруснагиро дар ҷаҳон ҳал намоянд, начандон зиёд аст. Аз рӯи баҳо диҳии СММ барои ин на зиёда аз 13 млрд. долл. дар як сол лозим аст. Барои муқоиса: мувофиқи баҳодиҳии Институти тадқиқоти ҷаҳон (дар Стокголм) дар соли 2010 хароҷоти ҳарбӣ дар ҷаҳон 1630 млрд. долл. ро ташкил дод. Аҳолии ИМА ва мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо барои хариди хӯроки сагҳо, гурбаҳо ва моҳиҳои аквариум тақрибан 14,6 млрд. долл. дар як сол сарф менамоянд.
Бинобар он сустӣ кардан дар ҳалли масъалаҳои номбаркардашуда ба сулҳу суботи тамоми кураи Замин таҳдид меорад.