Мафҳуми информатика ва информатсия
Информатика илмест, ки ҷамъ кардан ва аз нав кор кардани ахборотро меомӯзад. Вакте, ки информатика мегӯянд, хар як шахс дар назар дорад, ки сухан дар бораи ягон ахбор меравад ва ахбор бошад ба ягон объект таалуқ дорад.
Информатика се гонаи модел алгоритм барнома.
Информатика илм ва техника буда, ба доду гирифти ахбор, нигоҳ доштани ахбор ва ба коркарди мошини вобастаги дорад.
Информатика нуқтаи назари гуногунро фаро гирифта аз нуқтаи назари математики то файласуфи, ба ғайр аз ин ҳамчун илми инкишофёфта мебошад, ки ҳоло ҳам инкишоф ёфта истодааст.
Мувофиқи таърифи дар боло гуфташуда информатика –ҷамъ кардан, аз нав кор карда баромадани ахбор дар бораи олами моро ихотакунанда мебошад.
Пас савол ба миён ояд, ки информатика ба фанҳои физика, кимиё ва биология ба кадом андоза алоқаманд аст? Информатика ягон фанро пурра дар бар намегирад, аммо ба ҳар кадоми онҳо умумияте дорад. Информатика барои он зарур аст, ки якҷоя бо математика ба фанҳои дигар ёри расонад.
Хулоса вакте, ки сухан дар бораи информатикаи имрӯза меравад се самти асоси дар назар дошта мешавад.
1.Коркарди усулҳо ва алгоритмҳо ва ба таври автомати ҷамъ кардан, нигоҳ доштан, ҷӯстӯҷӯ кардан ва нақли ахбор.
2. Ба вуҷуд овардани моделҳо, алгоритмҳо ва табдили ахбор.
3. Коркарди технология ва техникаи ҳисоббарори электронӣ ва сохтани
барномаҳо, ки ба тараққиёти ду самти аввала имконият медиҳад.
Мафҳуми информатсия (ахбор)
Одамон ҳар рӯз бо ҳамдигар робита намуда, дар ин ё он шакл ба ҳамдигар ахбор медиҳанд, оид ба ҳақиқати ба даст оварда фикр меронанд ва ба қарори муайяне меоянд.
Доир ба он, ки чиро ахбор меноманд, якчанд нуқтаи назар мавҷуд аст:
- Ахбори техникӣ, Ахборҳоеро меноманд, ки ба воситаи ноқилҳои махсус фиристонида мешаванд, ва онҳо дар экранҳои радиолокаторҳо инъикос меёбанд. (Яъне: ба воситаи интернет, телевизорҳо, радио ва ғ.)
- Ахбори семантикӣ, Ин намуди ахборотро дар асарҳои бадеӣ, китобҳо вохрдан мумкин аст. (Яъне: дар китобҳо, рӯзномаҳо, мақолаҳо ва ғ.)
Информация аз калимаи лотинии Information гирифта шуда, маънояш баён кардан, фаҳмондан мебошад.
Воҳидҳои ахбор
Ҳаҷми хотираи кампютерҳоро бо байтҳо чен мекунанд. Як байти хотираи компютерҳо ин як қисми хотираи он аст.
Воҳиди хурдтарини ченаки ахбор ба 1 бит баробар аст.
8 Бит = 1 Байт;
1 Килобайт (Кбайт)=1024 Байт;
1 Мегабайт (Мбайт)=1024 Килобайт;
1 Гигабайт(Гбайт)=1024 Мегабайт;
Вақтҳои охир аз сабаби зиёдшавии коркарди ахбор чунин воҳиди ахбор пайдо шудаанд:
1 Терабайт (Тбайт)=1024 Гигабайт;
1 Петабайт (Пбайт)= 1024 Терабайт;
Таърихи пайдоиши МЭҲ
Инсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ бо асбобҳои ҳисобкуни мухтоҷ буд. Дар ҷамъияти ибтидоӣ, одам барои ҳисобкуниҳо аз ангуштони дастони худ истифода мебурд. Баъдтар одамон барои ҳисобкуни аз таҷҳизотҳои оддитарин истифода мебурданд. Ба чунин асбобҳо чубчаҳои нишонадор, тасмаҳои сурохдор, ресмонҳои гиреҳдор ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд.
Воситаҳои ҳисобкуни таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Масалан, дар Хитой ва Япония пеш аз солшумории мо воситаҳои ҳисобкуние мавҷуд буданд, ки шакли счети ҳозираро дошт.
Якумин бор мошинаи ҳисобкунии ба таври механики коркунандаро, ки ҳамаги ду амали арифметикӣ ҷамъ ва тарҳро иҷро мекард, олими Франсуз Блез Паскаль (19 июни соли 1623) дар соли 1642 ихтироъ карда ва соли 1645 сохт, ки онро «Паскалина» меномиданд.
Соли 1673 математик ва философи немис Лейбнитс мошинаи ба таври механики коркунандаеро сохта баромад, ки бо воситаи он амалҳои ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро кор кардан мумкин буд. Аз руи лоиҳаи муаллиф бояд он амалҳои ҷамъу тарҳро дар як сони ва амалҳои зарбу тақсимро тақрибан дар як дақиқа иҷро мекард.
Якумин шуда соли 1821 Чарлз Беббиҷ (26 декабри соли 1791) профессор-математики донишгоҳи Кембриҷ мошинаи ба таври механикӣ коркунандаеро сохт, ки нисбат ба мошинаҳои пештар сохташуда хеле мукаммалтар буд. Бартарии ин мошин дар он буд, ки бо ёрии он барнома сохта мешуд ва дар хотира нигоҳ доштани барномаро имконият медод. Ин бартари асоси мошинаҳои ҳозиразамон мебошад.
Якумин мошинаи электронии ҳисоббарор мошинаи ENIAC ба ҳисоб меравад, ки онро Эккерт ва Моучли кормандони Донишгоҳи Пенсилвани ШМА соли 1945 сохта буданд.
Наслҳои МЭҲ
Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд зиёд шудани миқдори компютерҳо худи онҳо низ зуд мукаммал гардонида мешуданд. Мошинаҳо электронии ҳисоббарорро вобаста аз зудкори, ҳаҷми хотира, маҷмуи фармонҳо ва архитектураашон ба наслҳо ҷудо мекунанд.
Ҳоло ба таври мухтасар дар бораи наслҳои МЭҲ маълумот медихем:
Насли якум. Мошинаҳои насли якум гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар сохтани онҳо лампаҳои электронӣ истифода бурда шудаанд. Хотираи ин гуна мошинаҳо хеле ҳам хурд ва суръати кориашон низ суст буданд. Дар як сония ҳамагӣ 10-20 ҳазор амалро иҷро мекард.
Насли дуюм. (соли 1960) Мошинаҳои насли дуюм гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар ин мошинаҳо нимноқилҳоро истифода бурданд, ки дар асоси онхо транзисторҳо сохта шудаанд. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд, ки як қатор бартариҳо доштанд. Бартарии онҳо дар он буд, ки ин гуна мошинаҳо аз ҷиҳати вазн сабук, камҳаҷм ва ҷараёни электрикиро камтар истифода мебурд.
Суръати кории ин гуна мошинаҳо баландтар буда дар як сония аз 100 ҳазор то 500 ҳазор амалро иҷро мекарданд.
Насли сеюм. Насли сеюм мошинаҳоеро меноманд, ки дар технологияи саноатии онҳо схемаҳои интегралӣ пайдо шуд. Ин схемаҳои интегралӣ истифодаи ҷараёни электрикиро кам истифода мебурд ва системаи хунуккуниро содда, ҳаҷми мошинҳоро хурд ва эътимоднокии кори онҳоро баланд намуд. Суръати кории чунин мошинҳо дар як сония аз 1 то 10 миллион амалро ташкил мекарданд.
Инчунин хотираи онҳо тезамалкунанда буд.
Насли чорум. (соли 1970) Таркиби асосии МЭҲ-и насли чорум аз схемаҳои интегралии калон ва схемаҳои интегралии ниҳоят калон ташкил шуданд. Ҳаҷми ин мошинаҳо хурд ва суръати кориашон баланд гардид. Ин гуна мошинҳо дар як сония 100 миллион амалро иҷро мекарданд.
Насли панҷум.(соли 1980 асри 20-ум) Дар асоси ин мошинҳои насли панҷум роботҳо сохта шуданд, ки заводу фабрикаҳо ба воситаи онҳо кор мекунанд. Мошинаҳои насли панҷум бояд чунин корҳоро иҷро кунанд:
Ахборҳои калонро нигоҳ доштан, ҷамъ кардан, дигаргун сохтан ва доимиҳои заруриро аз байни онҳо гирифта тавонистан;
Бо ёрии овоз дар забони истифодабар алоқа кардан, қабул кардан, ахбори матнӣ ва графикиро кор карда баромадан;
Барои кор кардан дар шабакаҳои МЭҲ ва истифодаи намудҳои гуногуни мошинаҳо дар масофаҳои дур ва ғайра.
Компютерҳои фардии Pentium I,II,III,IV насли шашум ва ҳафтум ба ҳисоб мераванд.