Мафҳуми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон
МАФҲУМ ВА ТАНОСУБИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН.
Ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои муҳимтарини тамаддуни ҷаҳонист. Амалисозӣ ва ё баръакс вайрон кардани ҳуқуқи инсон ба инкишофи рӯҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии чи давлат ва ҷомеа умуман ва чи ҳар як шахсияти алоҳида таъсир мерасонад. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳар як одами дар ҷаҳон зиндагикунанда танҳо ба он хотир хос аст, ки вай ИНСОН аст. Онҳо барои он заруранд, ки моҳияти инсонии ҳар одам ҳимоя карда ва нигоҳ дошта шавад, барои ҳар инсон дар рӯи Замин зиндагонии шоистаю шарафмандона таъмин гардад.
Ҳуқуқи инсон мафҳуми хеле мураккабу гуногунҷабҳа буда, ба он қоидаи ягона ва тафсири якмаъноӣ додан душвор аст. Як гурӯҳи муаллифон ҳуқуқҳои инсонро чун воситаи муваффақшавии инсон ба неъматҳои асосии моддию маънавӣ, амалисозии лаёқату истеъдодҳои худ медонанд. Гуруҳи дигар ҳуқуқҳои инсонро ҳамчун усули худтасдиқкунии нотакрору мустақилонаи шахсият маънидод мекунанд, зеро ҳуқуқҳои инсон он талаботи шахсиятро ошкор месозанд, таъминсозии онҳо ба вай имконият медиҳад, ки чун узви ҷомеаи мушаххас инкишоф ёбад. Файласуфон бошанд, мегӯянд, ки ҳуқуқи инсон нуқтаи назари махсус ба сохти ҷаҳон ва мавқеи инсон дар он мебошад. Мувофиқи ақидаи онҳо ҳуқуқи инсон мафҳуми ҳуқуқии муайянкунандаи муносибати байниҳамдигарии инсон ва давлат (ҳокимият) мебошад. Зимнан, ҳам ин гурӯҳ ва ҳам гуруҳҳои дигари олимон ҳақанд, зеро ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии ҷомеа бо ҳуқуқҳои инсон алоқаманданд.
Дар фаҳмиши имрӯза аксаран ҳуқуқҳои инсон чун имкониятҳои муҳими табиии (атои табиат) рафтор ва инкишофи инсон дар ҷомеа ва давлат, хусусиятҳои ҷудонопазире, ки ҳудуди озодиҳои ӯро муайян мекунанд, баррасӣ мешаванд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки шахсият дар давлат ва ҷомеа дорои ҳуқуқҳои зиёд мебошад. Ҳар як одам, чун иштирокдори муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ — оилавӣ, меҳнатӣ, молӣ, сиёсӣ ва ғайра ин ҳуқуқҳоро барои қонеъсозии талаботи худ, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои муайяни ҳаётии хеш истифода мекунад. Ҳуқуқҳое ҳастанд, ки ба манфиатҳои ҳаррӯзаи одамон марбутанд, масалан, ҳуқуқҳои мусофир дар автобуси шаҳрӣ, ҳуқуқҳои харидор дар мағоза ва дигар ҳуқуқҳое, ки барои қонеъсозии талаботи нисбатан муҳим, аз қабили ҳуқуқҳои одамоне, ки акди никоҳ мебанданд, ҳуқуқҳои меросгирон ва ғайра нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин ҳуқуқҳои гуногуни шахсият ҳуқуқҳои рафтори имконпазири одам мебошанд, ки дар қонунгузории ҳар мамлакат таҳким меёбанд.
Вале фарқ кардани ин ду мафҳум — “ҳуқуқҳои инсон” ва “ҳуқуқҳои шахсият” ҷоиз аст. Зери мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқҳои нисбатан пураҳамияти шахсият дар ҳар як давлату ҷомеа дар тамоми ҷаҳон, ҳуқуқҳое фаҳмида мешавад, ки бе онҳо ҳар як шахсият наметавонад чун инсон арзи ҳастӣ кунад, чунончи: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсият, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил ва боз бисёр ҳуқуқҳои дигар. Ҳуқуқи инсон ҳамон чизест, ки арзиши инсонии ҳар кадом мард, зан ва кӯдакро дар рӯи Замин таъмин менамояд.
Ҳуқуқи инсон чораи рафтори имконпазири инсон аст, ки бо қонун, ҳамчунин қоидаҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, динӣ кафолат дода шудааст.
Ба ин тариқ, ҳуқуқҳои инсонро чун имконияти ба амал баровардани рафторҳои муайян, вале дар доираи қонун, бе вайрон кардани қоидаҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои дигар, масалан, бе роҳ додан ба рафторҳои беэҳтиромона нисбат ба одамони дигар баррасӣ кардан мумкин аст. Одамон ҳуқуқҳои худро озодона амалӣ сохта, бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, манфиатҳои яке метавонад мухолифи манфиатҳои дигаре бошад. Чунончи, ҳар одам ҳуқуқи истироҳат кардан дорад, вале вай ин ҳуқуқи худро амалӣ сохта, масалан, дар хонаи худ шабона бо овози баланд мусиқӣ гӯш карда, пеш аз ҳама бояд дар бораи ҳуқуқи ҳамсояҳо ба истироҳат фикр кунад.
Хеле муҳим аст, ки мафҳумҳои “ҳуқуқи инсон” ва “бартарӣ” фарқ карда шаванд, зеро ҳуқуқи инсон ҳаргиз бартарӣ маҳсуб намешавад. Бартарӣ имтиёз, ҳуқуқи истисноиест, ки ба одам барои иҷрои ин ё он амал дода мешавад. Бартариҳо танҳо ба баъзе гурӯҳҳои одамон ва одамони алоҳида мансуб буда, ба ғояи ҳуқуқҳои инсон мухолифанд. Масалан, дар ҶАҶ (Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ) дар давраи ҳукмронии реҷаи нажодпарастӣ одамони сафедпӯст назар ба одамони сиёҳпӯст бартариҳо доштанд. Одамони сиёҳпӯст бояд дар ҷойҳои алоҳидаи махсус барои онҳо ҷудошуда зиндагӣ мекарданд, онҳо ба кори маошаш баланд қабул шуда наметавонистанд, ҳуқуқ надоштанд, ки якҷоя бо сафедпӯстон хонда таҳсилот гиранд, дар як нақлиёти мусофиркаш савор шаванд ва ғайра. Дар ин ҳолат бартариҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон мешаванд, зеро ҳамаи одамон, сарфи назар аз ҷинс, нажод, ранги пӯст, эътиқод ва дигар омилҳо, аз нигоҳи шаъну эътибор ва ҳуқуқҳо баробаранд.
Ба ҷуз истилоҳи “ҳуқуқҳои инсон” дар адабиёт бисёр вақт истилоҳи “озодиҳои инсон” низ дучор меояд. Озодӣ низ ҳамон ҳуқуқ аст. Баъзан ҳатто ибораи “ҳуқуқ ба озодиҳо” истифода мешавад. “Ҳар як одам ба озодии афкор, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад”, иқрор аст яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ — Эъломияи умумии ҳуқуқи башар. Вале ба ҳар ҳол баъзе фарқиятҳои байни мафҳумҳои “ҳуқуқҳои инсон” ва “озодиҳо”-ро баррасӣ кардан мумкин аст.
Озодии инсон худмуайянкунии шахсият, имконияти бе ягон маҷбурсозӣ мувофиқи иродаи худ амал кардан аст.
Агар ҳуқуқи инсон имконияти ба ҷо овардани амалҳои муайян бошад, масалан, ба амал баровардани ҳуқуқҳои инсон бобати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат дар назар дорад, ки одам аз ҷумла метавонад дар интихобот иштирок намояд, ба ҷонибдории ин ё он ҳизб ва ё номзад овоз диҳад, ё овоз надиҳад, яъне ҳуқуқҳои инсон интихоби амалро дар назар доранд ва давлат ӯҳдадор мешавад, ки барои амалисозӣ ва ҳимояи ин ҳуқуқҳо тамоми шароитҳои имконпазирро муҳайё созад, пас, озодиҳои инсон чунин соҳаҳои фаъолияти одам мебошанд, ки давлат ба онҳо набояд дахл кунад, одам онҳоро бе иштироки давлат ҳам амалӣ мегардонад, масалан, озодии виҷдон, озодии дину эътиқод, озодии афкор ва сухан танҳо ба имкониятҳои интихоби фардии одам вобастаанд. Дар ин маврид давлат на танҳо ба соҳаи озодиҳои фардии шахсият бояд дахолат накунад, балки инчунин бояд ҳимояи ӯро аз дахолати одамони дигар таъмин намояд. Масалан, дар давлати демократӣ муҳим будани ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва эътиқоди динӣ пазируфта мешавад — ин кори шахсӣ ва интихоби шахсии ҳар одам аст ва давлат набояд ба мансубияти одам ба ин ё он эътиқоди динӣ таъсир расонад.
Бо вуҷуди фарқиятҳои зикргардидаи байни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон онҳо ба ҳамдигар тавъам буда, якдигарро пурра месозанд, инчунин ба дараҷаи баробар аз ҷониби давлат кафолат дода ва ҳимоя карда мешаванд.
“Ҳуқуқҳои шахсият ” ва “ҳуқуқҳои инсон ” чист? Ҳуқуқҳои инсон бо кадом хусусиятҳояшон фарқкунандаанд? Зери мафҳуми “озодиҳои инсон” чиро мефаҳманд?
2.ШАЪНУ ЭЪТИБОР ҲАМЧУН АСОСИ КОНСЕПСИЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Асоси ҳуқуқҳои инсонро арзиши муҳимтарин — шаъну эътибор ташкил медиҳад, ки онро аз нигоҳҳои гуногун баррасӣ кардан мумкин аст.
Аз як ҷониб, шаъну эътибор умуман эътироф шудани арзиши инсон ҳамчун мавҷудияти олии соҳибақлу виҷдон, сарфи назар аз сифатҳои мушаххас ва махсусиятҳои характери ӯ мебошад. Масалан, драматурги Юнони Қадим Сафокл навиштааст: “Дар олам бисёр чизҳои бузург ҳастанд, вале бузургтар аз одам чизе нест”. Яке аз асосгузорони назарияи ҳуқуқҳои инсон маорифпарвари фаронсавӣ Ж.Ж.Руссо бошад, таъкид мекард, ки шаъну эътибор дар худи моҳияти одам мавҷуд аст: “Даст кашидан аз озодии худ, даст кашидан аз шаъну эътибори инсонии худ, аз ҳуқуқи инсон, ҳатто аз уҳдадориҳост”. Ҳамаи одамони рӯи замин бо шаъну эътибори худ тавлид мешаванд ва дар ин бобат ҳама баробаранд. Одамон табиатан дар муносибат бо ҳамдигар бояд дар рӯҳи бародарӣ, эҳтироми шаъну эътибор, ҳуқуқҳо ва озодиҳои одами дигар рафтор намоянд”.
Шаъну эътибор хосияти объективии инсон, арзиши олии ӯ, муносибати боэҳтиромона ба дигар одамон, давлатҳо ва ҷомеаҳоест, ки арзишмандии ҳама гуна шахсиятро эътироф мекунанд.
Аз ҷониби дигар, шаъну эътибор баҳои одами мушаххас аз тарафи дигар одамон, аз ҷониби ҷомеа эътироф шудани он сифатҳои ахлоқӣ, интеллектуалӣ ва корӣ, дараҷаи масъулиятнокист, ки ин одам соҳиб мебошад. Одам ҳар қадар бештар сифатҳои мусбат дошта бошад, шаъну эътибори вай дар ҷомеа ҳамон кадар баланд аст. Бисёр вақт баҳои одилонаи ба шахсият аз ҷониби дигар одамон додашударо нуфузу обрӯй меноманд. Дар ҳар фарҳанг як навъ идеали шахсияти арзанда ва сифатҳое, ки вай бояд соҳиб бошад, ҷой дорад.
Фикр кунед, ба андешаи Шумо, кадом сифатҳо ва ҷиҳатҳои характер шаъну зътибори инсонро инъикос мекунанд?
Ба ин тариқ, категорияи шаъну эътибор бо мафҳумҳои виҷдон (эҳсоси масъулияти маънавӣ барои амалҳои худ дар назди одамони атроф, худбаҳодиҳӣ ба рафтори хеш) ва қарз (лаёқати мувофиқсозии амалҳои худ бо манфиатҳои ҷамъият) зич алоқаманд аст. Аз ин лиҳоз боз як тарафи мафҳуми “шаъну эътибор” аз ҷониби ҳар як инсон дарк гардидани алоқамандии худ бо ҷомеа, аҳамият, нақш, саҳм ва таъсири худ (эҳсоси шаъну эътибори худ) дар он мебошад. Дар шаъну эътибори шахсӣ як навъ майле ба муносибати муайян ба худ, талаби эҳтиром аз ҷониби дигарон ва умуман, аз ҷониби ҷомеа мавҷуд аст.
Шаъну эътибори инсон сарчашмаи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯст. Қисматҳо дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳо дар бисёр конститутсияҳои замони ҳозира бо мафҳуми “шаъну эътибори инсон” оғоз мешаванд. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Дар моддаи 5-и он омадааст: “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”. Шаъну эътибор маънои ҳимоя аз зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсиррасонии рӯҳониро дорад. Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва ҷазодиҳӣ қарор гирад. Шаъну эътибор ҳимояи шараф, обрую нуфуз ва номи неки инсонро низ ифода мекунад. Ҳимояи шаъну эътибори шахсият аз ҷониби давлат амалӣ мегардад: ягон ҳолате барои костагии он асос шуда наметавонад. Аз ин рӯ шаъну эътибори ҳама гуна шахсият бояд ҳифз карда шавад.
3.МУНОСИБАТҲОИ ГУНОГУН БА ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН. Дар ҷаҳони имрӯза нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон муносибати ягона вуҷуд надошта, дар ин хусус як қатор ақидаҳо, назарияҳо, таълимот ва тасаввурот ҳастанд. Ҳамаи онҳо бо шароитҳои таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии инкишофи ҳар давлат, хусусиятҳои фарҳангӣ ва анъанавии ин ё он ҷомеа асоснок гардонда шудаанд. Аммо байни тамоми гуногунрангиҳои таълимот оид ба ҳуқуқҳои инсон якчанд назарияеро ҷудо кардан мумкин аст, ки таърихи қадимӣ ва то имрӯз ҷонибдорону мухолифони худро доранд. Масалан, барои барқарории гояи ҳуқуқҳои инсон назарияи табиӣ-ҳуқуқӣ ва назарияи позитивӣ (мусбат) таъсири ҳалкунанда расондаанд. Тибқи назарияи аввал ҳуқуқи инсон хусусияти табиӣ дорад ва ба ҳар одам аз лаҳзаи тавлидаш мансуб аст. Тибқи назарияи дуюм одам ҳуқуқҳои худро аз давлат мегирад.
Дар давраи инқилобҳои буржуазии асрҳои XVII-XVIII — и Аврупо муносибати табииро ба ҳуқуқҳои инсон бисёр мутафаккирону маорифпарварони бузург ҷонибдорӣ карданд ва инкишоф доданд. Дар Ҳолландия инҳо Гуго Гросий ва Спиноза, дар Англия Томас Гоббс ва Ҷон Локк, дар Фаронса Жан-Жак Руссо ва Волтер, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Томас Ҷеферсон ва Александр Ҳамилтон ва дигарон буданд. Чун мутафаккирони замони гузашта ҷонибдорони имрӯзаи ин назария низ бар он ақидаанд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро на Худо ато кардаасту на давлат додааст. Ин ҳуқуқҳо ба вай танҳо ба он сабаб мансубанд, ки вай пеш аз ҳама инсон аст. Онҳо зуҳури ҳастию табиати ӯянд ва бинобар ин табиӣ номида мешаванд. Ҳуқуқҳои табиии инсон ба ҳеҷ гуна дарҷ кардану навишти юридикӣ ва таҳкимбахшии қонунӣ эҳтиёҷ надоранд.
Ба ақидаи ҷонибдорони муносибати позитивӣ ҳуқуқҳои инсон аз давлат бармеоянд ва давлат мувофиқи салоҳдиди худ шакл, ҳаҷм ва мундариҷаи онҳоро муайян мекунад, яъне онҳоро ба инсон ҳадя карда, ҳамзамон ҳудудҳои дахолати худро ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон муайян месозад. Ҳуқуқҳои инсон бояд ҳатман дар қонунҳо таҳким ёбанд, дар акси ҳол онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя карда намешаванд, бинобар ин чунин ҳуқуқҳоро позитивӣ мегӯянд.
Дар ҷаҳони имрӯза омехтагии байниҳамдигарии муносибатҳои табиӣ ва позитивӣ беш аз пеш мушоҳида мешавад.
Инсон ҳуқуқу озодиҳои худро дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ чи бо одамони дигар ва чи бо давлат амалӣ месозад. Аз ин нуқтаи назар боз ду назария — амудӣ ва уфуқиро ҷудо кардан мумкин аст. Назарияи амудӣ аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳимоя шуданч ҳуқуқҳои инсонро (муносибати амудӣ) дар назар дорад. Инсон ҳуқуқҳои худро ҳамеша дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатй, шахсони мансабдор амалӣ гардонда, аз як ҷониб, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқҳои худро талаб менамояд, аз ҷониби дигар, дар назди давлат ӯхдадориҳои муайянро ба ҷо меорад. Назарияи уфуқӣ риояи ҳуқуқу озодиҳоро дар муносибатҳои ҳамдигарии байни одамон (муносибати уфуқӣ) бе ҳеҷ гуна дахолати давлат, масалан, дар оила, байни ҳамсинфон дар назар дорад. Ҳар ду назария ҳам дар қонунгузорӣ инкишоф ёфтаанд: ҳар як одам бояд ҳуқуқу озодиҳои дигар одамонро эҳтиром ва риоя кунад.
4. ХАРАКТЕРИ ГУНОГУНҶАНБАГИИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Мафҳуми ҳуқуқҳои инсон характери гуногунҷанбагӣ дорад, вай маънои амиқӣ на танҳо юридикй, балки сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фалсафӣ ва ахлоқиро соҳиб аст. Асоси ҳуқуқҳои инсонро нуктаҳои асосии ахлоқ, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва афкори мутафаккирони бузурги гузашта маншаъ мегирад, нишон медиҳад.
Ҷанбаи ахлоқии ҳуқуқҳои инсон аз он иборат аст, ки вай ғояи арзишмандии ҳар як шахсият, шаъну эътибори инсон, озодӣ, оштинопазирӣ ба зӯроварӣ ва ҷабру зулмро ифода мекунад.
Аз нигоҳи фалсафӣ мафҳуми ҳуқуқҳои инсон ба гояи гуманизм, яъне инсондӯстӣ асос ёфтааст.
Ҷанбаҳои сиёсии ҳуқуқи инсон аз он иборат аст, ки онҳо бо демократия пайвасти ногустастанӣ доранд. Асоси демократия ҳокимияти халқ аст, вале агар шаҳрвандон дар давлат аз ҳуқуқҳои инсон маҳрум бошанд, пас онҳо имконият надоранд, ки иродаи худро ифода намоянд ва дар идоракунии давлат ширкат варзанд.
Ҳуқуқи инсон ҳамчун мафҳуми иҷтимоию иқтисодӣ мустақилият ва соҳибихтиёрии молумулкии ҳар як шаҳрванд, имконияти амалисозии талаботи иқтисодии худ тавассути амалигардонии ҳуқуқ ба меҳнат, барои сатҳи шоистаи зиндагӣ, ба моликияти хусусиро ифода мекунад. Ғайр аз ин, дар чунин моҳият ҳуқуқи инсон бо ёрии иҷтимоӣ ба одамони бенавою эҳтиёҷманд пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Ҳуқуқи инсон ҳамчунин мафҳуми юридикист. Хуқуқи инсон маҳз аз нигоҳи ҳуқуқӣ имконияти ба амал баровардани рафторҳои муайяни бо қонуни ҳар мамлакат ва созишномаҳои байнимилалӣ кафолатдодашуда мебошад. Дар илми ҳуқуқшиносӣ аксаран ҳуқуқи инсонро субъективӣ меноманд, зеро он ба субъектҳои алоҳида (ҳар як одами мушаххас, гуруҳи одамон) мансуб аст. Ва ҳар одам метавонад аз он озодона мувофиқи хоҳишу иродааш, бе ягон фишор истифода намояд ва дар ин маврид ҳуқуқу озодиҳои дигар одамонро халалдор насозад.
Фикр кунед: ҳуқуқҳои инсонро боз аз кадом нигоҳ баррасӣ кардан мумкин аст? Масалан, оё ҳуқуқҳои инсон ҷанбаҳои экологӣ, таърихӣ ва ғайра доранд?
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқҳои инсон, озодиҳои инсон, шаъну эътибори инсон, ҳуқуқҳои табиӣ, ҳуқуқҳои позитивӣ.
Савол ва супоришҳо:
1.Ҳуқуқу озодиҳои инсон чист?
2.Ин гуфтаи Далай-ламоро бодиққат хонед: “Ба он андозае, ки кор ба ҳуқуқҳои инсон дахл мекунад, фарқ надорад, ки он одами Шарқ аст ё Ғарб, Ҷануб аст ё Шимол, сафедпӯст ё сиёҳпӯст, ё зардпӯст — ҳамаи мавҷудоти одамӣ аз лаҳзаи тавлид то марг ҳуқуқҳои якхела доранд. Мо ҳама якхелаем ”, Шумо ин гуфтаро чӣ навъ мефаҳмед?
3.Шумо кадом назарияҳо дар бораи ҳуқуқҳои инсонро медонед?
4.Аз ҳуқуқҳои табиӣ ва позитивии инсон мисолҳо оред.