Мафҳуми бекорӣ ва нишондиҳандаҳои асосии он. Тартиби ҳисоб кардани сатҳи бекорӣ
Шумораи кормандон ва дараҷаи музди меҳнати онҳо, ки бо намуди муайяни фаъолият машғуланд, чӣ тавр муайян карда мешавад? Инҳо са волҳое мебошанд, ки ба соҳаи микроиқтисодиёт тааллуқ доранд. Ба онҳо омӯзиши қонуниятҳои амал кардани бозори меҳнат ҷавоб медиҳад.
Вале бо фаъолияти меҳнатӣ масъалаи бекорӣ алоқаманд аст. Ин ис тилоҳ маънии дар мамлакат мавҷуд будани одамонеро дорад, ки омодаи меҳнат кардан дар сатҳи ташаккулёфтаи пардохти меҳнат буда, фаъоло на аз пайи ҷустуҷӯи кор барои худ мебошанд, вале онро дарёфт карда наметавонанд.
БЕКОРӢ дар мамлакат мавҷуд будани одамон мебошад, ки лаёқат ва хоҳиши меҳнат кардан дошта, вале аз рӯи ихтисоси худ кор пайдо карда наметавонанд, ё умуман ҷои кор намеёбанд.
Бекориро ба масъалаҳои макроиқтисодӣ мансуб медонанд, зеро он:
маҳсули равандҳои дар миқёси тамоми иқтисодиёти мамлакат баамало- янда мебошад; худи он таъсири эҳсосшавандае ба миқёси тамоми хоҷагии мамлакат мерасонад.
Ҳоло амалан дар ҷаҳон мамлакатеро пайдо кардан мумкин нест, ки дар он ин ё он шакли бекорӣ набошад ва дар ин масъала Тоҷикистон низ истисно нест. Хавфи бекорӣ ҳамеша дар китфони ҳар як корманди кироя бор аст ва тасаввур кардан лозим аст, ки он аз куҷо пайдо мешавад, чӣ қадар тӯлонист ва бо он чӣ тавр мубориза бурдан мумкин аст.
Барои таҳлили масъалаҳои бекорӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки аниқ муайян карда шавад: киро бекор бояд ҳисоб кард? Меъёрҳои бекор эъ тироф намудани инсонро одатан қонунҳо ё ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ муқаррар мекунанд ва онҳо дар мамлакатҳои гуногун андаке аз ҳам фарқ доранд. Аммо, чун қоида дар ҳамаи таърифот якчанд аломат мавҷуд аст, ки онҳо чунинанд:
– синну соли қобили меҳнат, яъне одам аз синну соли минима лие, ки қонунгузорӣ иҷозати кор кардан ба таври кироя (16солагӣ) ме диҳад, калонтар, вале аз синну соле, ки бо расидан ба он барои ӯ нафақа аз рӯи синну сол таъйин мегардад, хурдтар бошад. Албатта, табиист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон наврасони то синни қобили меҳнат ё мардони аз 63 ва занҳои аз 58сола боло ҳатто агар онҳо кор кардан хоҳанду ҷои кор пайдо карда натавонанд, бекор ҳисобида намешаванд;
– надоштани манбаи доимии музди меҳнат дар тӯли чанд вақт (масалан, моҳ);
– кӯшиши исботшавандаи шахс ҷиҳати пайдо кардани кор
(масалан, муроҷиати ӯ ба хадамоти шуғл ва рафтанаш назди корфармоё не, ки ин хадамот ӯро он ҷо барои суҳбат фиристодааст).
Танҳо шахсе, ки ин аломатҳоро дорад, барҳақ, бекор дониста, ҳанго ми дар мамлакат муайян кардани сатҳи умумии бекорӣ, яъне ҳиссаи бе корон дар теъдоди умумии қувваи кории он ба ҳисоб гирифта мешавад.
Сатҳи бекорӣ = шумораи бекорон/аҳолии қобили меҳнат × 100%
Бар ҳамин асос акнун мо метавонем, таърифи нави нисбатан аниқи истилоҳи «қувваи корӣ» (аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол)ро диҳем. Дар ин кор ба мо нақшаи 9.1 ёрӣ мерасонад.
Тавре аз нақша дидан мумкин аст, аҳолии мамлакат ҳамеша аз ду гурӯҳи калон иборат мебошад: аҳолии қобили меҳнат; аҳолии ғайри қо- били меҳнат.
Дар навбати худ аҳолии қобили меҳнат ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:
аҳолии қобили меҳнати синну солашон мувофиқ, ки хоҳиши кор кардан на- доранд; аҳолии қобили меҳнати синну солашон мувофиқ, ки хоҳиши кор кардан доранд (аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъол).
Қайд кардан зарур аст, ки на ҳамеша аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъоли мамлакат кор пайдо карда метавонанд ва бинобар ин, бекор мемонанд.
АҲОЛИИ АЗ НИГОҲИ ИҚТИСОДӢ ФАЪОЛ шумораи умумии шаҳрвандони синну солашон қобили меҳнатро меноманд, ки ҷои кор доранд, ё дошта метавонанд.