Мафҳум ва навъҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ
Меъёрҳои ҳуқуқӣ қоидаҳои рафтори одамонро, ки бо ҳамдигар дар муносибатҳои гуногун қарор доранд, ба танзим медароранд. Амал ва рафтори одамон бояд ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ мувофиқ бошад. Мёъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат ва мақомоти ваколатдори он таҳия, қабул ва интишор шуда, қоидаҳои рафтори аъзои ҷамъиятро таҷассум менамоянд. Дар ин қоидаҳо ҳуқуқ ва ухдадориҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, шахсони ваколатдори давлатӣ ва монанди инҳо муайян карда мешаванд. Дар солҳои охир меъёрҳои ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки онҳо муносибатҳои гуногуни ҷамъиятиро ба танзим дароварда, қоидаи рафтори одамонро муайян менамоянд. Масалан, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» ва ғайра. Ин меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлат қабул ва дар амал ҷорӣ карда мешаванд.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ, масалан, одат ва меъёрҳои ахлоқӣ бо мақсад ва вазифаҳое, ки онҳо иҷро менамоянд, фарқ карда мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ, тавре ки гуфтем, аз тарафи давлат ва мақомоти ваколатдори он қабул карда шуда, дорои хислати барои ҳама ҳатмӣ мебошанд. Дар сурати иҷро карда нашудан бо роҳи маҷбурияти давлатӣ иҷрои онҳо таъмин карда мешавад. Меъёрҳои ҳуқуқӣ ба доираи номуайяни одамон дахл дошта, то мавриди бекор карда шуданашон амал менамоянд.
Меъёрҳои ҳукукйба меъёрҳои ваколатдоркунанда, уҳдадоркунанда ва манъкунанда ҷудо мешаванд.
Меъёрҳои ваколатдоркунанда ба субъекти ҳуқуқ барои содир намудани амали (рафтори) мусбат имконият медиҳад. Масалан, ҳар фард ҳуқуқ дорад дар дохили ҳар давлат озодона тағйири макон намояд ва маҳалли иқоматашро интихоб кунад. Ҳар фард ҳуқуқ дорад мамлакати худро тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад (моддаи 13 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар). Ё ин ки тибқи Кодекси гражданӣ ба соҳибмулк ваколат дода шудааст, ки нисбат ба молу мулки худ ҳама гуна амалро раво бинад, аз ҷумла онро фурӯшад, ба иҷора диҳад ва аз он бо усули дигар истифода барад ё онро бо тарзи дқгар ихтиёрдорӣ намояд.
Меъёрҳои уҳдадоркунанда иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро уҳдадор менамоянд, ки амали (рафтори) муайяни мусбатро содир намоянд. Масалан, тибқи Кодекси андоз кормандони андоз уҳдадор мебошанд, ки сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ, аз ҷумла сирри андозро нигоҳ доранд.
Меъёрҳои манъкунанда ба субъектҳои ҳуқуқ содир намудани рафтори муайянеро, ки талаботи ҳуқуқро вайрон менамояд, манъ мекунанд. Масалан, мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фарқгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯйи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд ва баромади иҷтимоӣ, ки дар соҳаи меҳнат баробарии имконияти одамонро барҳам медиҳад, манъ аст.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар фазо, замон ва ба доираи муайяни шахсон татбиқ карда мешаванд. Доираи амали онҳо дар фазо бисёр васеъ мебошад. Амали қонунҳои; Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми мамлакат ҷорӣ карда мешавад. Чунин ҳам мешавад, ки онҳо дар мавридҳои дар худи қонун зикршуда дар як қисми муайяни мамлакат татбиқ карда мешаванд.
Санадҳои ҳуқуқии маҷлисҳои вакилони халқ ва раисони онҳо, ки дар доираи ваколати оиҳо бароварда мешаванд, танҳо дар ҳудуди ҳамон вйлоят, шаҳр ё ноҳия татбиқ мегарданд.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар доираи вақт ва замони муайян ё ба муддати дуру дароз амал менамоянд, ки инро амали меъёрҳои ҳуқуқӣ дар замони муайян меноманд. Баъзе меъёрҳо, масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» дар давоми як сол, яъне дар давраи муайян амал менамоянд ва дигар меъёрҳо ба муддати номуайян амал мекунанд. Аксари меъёрҳо дорои чунин хислат мебошанд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ татбиқ мегарданд. Онҳо дар мавриде, ки дар худи меъёрҳои ҳуқуқӣ нишон дода шудааст ё баъди қабул ва нашри расмӣ амал мекунанд.